Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Муфтиёти Русия: Даъвои КДАМ дар бораи масҷиди "Проспект Мира" асос надорад


Намози иди Қурбон дар масҷиди ҷомеи Маскав

Намози иди Қурбон дар масҷиди ҷомеи Маскав

Муфтиёти Русия ва идораи мусалмонҳои шаҳри Маскав дар як изҳорот иддаои мақомоти амниятии Тоҷикистон дар бораи вуҷуди нуқтаи ҷалби намозгузорон ба ҷанги Сурия дар масҷиди “Проспект Мира”-и пойтахти Русияро рад кардаанд.

Шӯрои муфтиёти Русия ва Идораи мусалмонҳои шаҳри Маскав рӯзи 26 ноябр бо нашрия як изҳороти расмӣ иддаои мақомоти амниятии Тоҷикистон дар бораи гӯё дар масҷидҳои Маскав вуҷуд доштани нуқтаҳои ҷалби ҷангиён барои интиқол ба Сурияро қатъиян рад карданд. Дар изҳороти ин созмонҳои мӯътабари мазҳабӣ гуфта мешавад, “гирдиҳамоиҳои бидуни иҷозат, гузашта аз он, ташкили нуқтаҳои ҷалби афрод дар масҷидҳо қатъиян манъ буда, бо ҳар роҳу васила пешгирӣ карда мешаванд."

Бино ба ин изҳорот, “баръакс, имомҳои масҷиди ҷомеи шаҳри Маскав ба хотири ҷилавгирӣ аз равияҳои тундгароёна ва таҳкими арзишҳои хлоқиву рӯҳонии мбанӣ бар аслҳои суннатии Ислом пайваста мавъизаҳову нишастҳо барпо карда, ҳаррӯза ба намозгузорон барои ҳалли масоиле, ки пеш меоянд, кумаки фаврӣ мерасонанд.”

Ин изҳороти идораи мусалмонони Маскав ва Шӯрои муфтиёти Русия дар посух ба иддаои муовини раиси Кумитаи давлатии амнияти миллии Тоҷикистон Акрам Амонов аст, ки рӯзи 21 ноябр дар порлумон гуфт, дар ҳоли ҳозир 300 нафар аз шаҳрвандони кишвар дар ҷангҳои минтақаи Ховари Миёна ширкат доранд ва онҳо асосан аз тариқи Русия ва Афғонистон ба ин ҷангҳо ҷалб мешаванд. Акрам Амонов аз ҷумла гуфт, "Дар масҷиди "Проспект мира" ҷавонон ҷамъ шуда ва аз онҷо ба Сурия фиристода мешаванд."

Дар ҳамон рӯзи 21 ноябр муовини раиси Идораи мусалмонони Русия Дамир Муҳиддинов дар як сӯҳбати телефонӣ аз шаҳри Маскав ба Радиои Озодӣ гуфта буд, ки изҳороти мақомоти Тоҷикистон дар бораи аз масҷидҳои Русия ба ҷиҳод рафтани муҳоҷироншояд то андозае асос дорад. Вале ӯ имкони таблиғи ҷиҳодро дар дохили масоҷид рад кард ва танҳо гуфт, бино бар тангии ҷой мардумони гуногун аксаран рӯзҳои ҷумъа дар берун намоз мегузоранд ва бо ҳам дар тамос мешаванд. Теъдоди мусалмонҳоеро, ки дар беруни масҷид таҷаммӯъ мекунанд, Муҳиддинов даҳҳо ҳазор ҳисоб кард ва гуфт, дар чунин шароит “ҷараёнҳое, ки дар хиёбон мегузаранд, дигар берун аз назорат мемонанд”.

Шӯрои муфтиёти Русия ва Идораи мусалмонони Маскав ба навбаи худ аз мақомоти кишварҳои Осиёи Марказӣ интиқод кардаанд, ки дар амри кор бо муҳоҷиронашон бо рӯҳониёни Русия ҳусни ҳамкории чандоне нишон намедиҳанд. Онҳо дар шарҳи изҳороти худ гуфтаанд, сархатиби имоми ҷомеъи шаҳри Маскав Илдар Аловуддинов ҳанӯз дар соли 2013 бо ирсоли дархостҳои расмӣ ба сафоратҳои Тоҷикистону Узбакистон ва Қирғизистон хоста буд, то барои пушбурди корҳои маърифатӣ дар байни ҷамъиятҳои миллӣ бо забони модарии онҳо имомҳои соҳиби маълумоти олии мазҳабиро бифиристанд. Дар Шӯрои муфтиёти Русия гуфтаанд, то имрӯз танҳо намояндагони Қирғизистон ба ҳамкорӣ алоқа нишон додаанд, вале сафорати Тоҷикистон дар Маскав то ҳол ба номаи расмии муфтиёти Русия посух надодааст.

Мақомоти Тоҷикистон то кунун шумори шаҳрвандони тоҷикеро, ки дар Сурия меҷанганд, ҳудуди 200 нафар мегуфтанд. То кунун, бино ба гуфтаи мақомот, дар ҷангҳо алайҳи режими Башор Асад дар он кишвари дури арабӣ дастикам 50 шаҳрванди Тоҷикистон кушта шудаанд.

Дар Тоҷикистон бар ин боваранд, ҷавонони тоҷик асосан дар Русия ба домани гурӯҳҳои тундгаро афтода, ба “ҷиҳод”-ҳои бегона кашонда мешаванд.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG