Пайвандҳои дастрасӣ

Ҳукми “Вася Лом” барои таҳқири донишҷӯёни тоҷик


Акс аз бойгонӣ

Акс аз бойгонӣ

Як қавмгарои ҷавони рус, ки ба таҳқири донишҷӯёни тоҷики техникуми саноатии Муром ва нашри видеои ин таҳқирҳояш дар Интернет айбдор мешуд, ҳамагӣ ба 360 соат корҳои иҷборӣ маҳкум шудааст.

Додгоҳи шаҳри Муроми вилояти Владимир, воқеъ дар 300-километрии шарқи Маскав, пойтахти Русия рӯзи 27 август Александр Сиресин, донишҷӯи 19-солаи техникуми саноатиро ба 360 соат, ё 45 рӯзи корҳои маҷбурӣ маҳкум кард. Сиресин бар асоси қисми аввали моддаи 282-юми Кодекси ҷиноии Русия ба таҳқири шаъну шарафи инсонӣ ба далоили миллӣ ва таҳрик ба адовати қавмиву нажодӣ гунаҳкор шинохта шуд ва тавре дар додгоҳи Муром гуфтанд, ҳукмаш алакай ба иҷро даромадааст.

Зоир Давлатшоев, раҳбари ҷамъияти тоҷикони вилояти Владимир рӯзи 27 август дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, ҳамагӣ 360 соат корҳои иҷборӣ барои қавмгароиро ҳукми беш аз ҳад сабук меномад. Кодекси ҷиноии Русия дар моддаи 282 барои таҳқири шарафи инсонӣ ва таҳрик ба ҳаракатҳои душманона дар заминаи адовати қавмию нажодию динӣ ҷарима ба маблағи аз 100 000 то 300 000 рубл, корҳои иҷборӣ ваё аз 2 то 5 соли зиндонро пешбинӣ мекунад. Ба ин далел, бахши вилоятии ФСБ - Хадамоти федеролии амнияти Русия, ки таҳқиқи ин парвандаро бар ӯҳда дошт, низ иқрор кардааст, ки додгоҳ ба Сиресин ҳукми хеле сабук дод.

Дар додгоҳи шаҳри Муром судури ҳукми ин донишҷӯ бо ҷурми қавмгароиро тасдиқ, вале аз ироаи ҷузъиёти парванда худдорӣ карданд. Вале дар бахши вилоятии ФСБ ба расонаҳои маҳаллӣ, аз ҷумла ба “ВладТВ” ва “Зебра-ТВ” гуфтаанд, ки Сиресин ҳангоми таҳсил дар мазҳари ом, аз ҷумла дар ҳузури омӯзгорон ва донишҷӯёни дигари техникуми саноатии Муром донишҷӯёни тоҷики ин муассисаи таълимиро ба далоили миллӣ таҳқиру дашном мекард ва чандин бор аз онҳо талаб кардааст, ки тарки қаламрави Русия кунанд.

Бар илова, ин донишҷӯ, бино ба шарҳи ФСБ, танҳо бо ҳамлаҳои лафзӣ нисбат ба донишҷӯёни хориҷӣ иктифо накардааст, балки “нисбат ба яке аз шаҳрвандони Тоҷикистон ҳаракатҳои таҳқиромез анҷом дода, ин ҳамаро бо видеокамера сабт кардааст". Аз чӣ иборат будани ин “ҳаракатҳои таҳқиромез” шарҳ дода нашудааст, вале гуфта мешавад, як далели шайъии асосӣ алайҳи ин донишҷӯи қавмгаро дар парвандааш маҳз ҳамин навори видеоӣ шуд, ки ӯ бо ифтихор дар саҳифааш дар шабакаи иҷтимоии “ВКонтакте” бо лақаби “Вася Лом” нашр карда буд.

Александр Сиресин, ба гуфтаи мақомоти амниятии вилояти Владимир, ҳамин тавр, дар Интернет видеоҳо ва матнҳои зиёде бо оҳанги қавмгароӣ ва тундгароӣ нашр карда буд, ки ба зӯроварӣ нисбат ба зодагони минтақаи Қафқози Шимолӣ, муҳоҷирон аз кишварҳои Осиё ва алайҳи мусалмонон даъват ва аз Русия рондани мардуми, ба ақидаи ӯ, “бегона”-ро талаб мекард.

Ҳангоми боздошт маъмурони ФСБ аз манзили Александр Сиресин як туфангчаи травматикӣ, завлонаҳо, электрошокер, калтаки резинӣ, баллони газ, чӯби бейсбол ва ниқобҳои сиёҳ мусодира кардаанд. Бовар меравад, ки ин донишҷӯи қавмгаро қасд дошт аз ин “амбори аслиҳа”-аш дар ҳамлаҳо алайҳи мардуми ғайрирус истифода кунад.

Муром бо 110 000 аҳолӣ баъди Владимир ва Ковров сеюмин шаҳри бузурги вилояти Владимир ба шумор меравад. Ин шаҳр дар соҳили дарёи Ока, яке аз шохобҳои асосии рӯди Волга ҷойгир шудааст. Зоир Давлатшоев, раҳбари ҷамъияти тоҷикони вилояти Владимир мегӯяд, бештари муҳоҷирони тоҷик дар маркази вилоят ва шаҳри Ковров кору зиндагӣ мекунанд ва дар Муром шумори тоҷикон ангуштшумор аст.

Ҳукми 360 соат корҳои иҷбории Александр Сиресин нахустин мавриди бо чунин ҷазои сабук аз додгоҳҳои вилояти Владимир халос хӯрдани афроди муттаҳам ба қавмгароӣ нест. Дар поёни моҳи июни соли ҷорӣ додгоҳи шаҳри Колчугинои вилояти Владимир як сокини 34-солаи ин шаҳрро бо ҷурми ба фаъолиятҳои қавмгароӣ ҷалб кардани фарзандаш ба 5 соли зиндони шартӣ маҳкум кард. Артём Сметанников, ки худ ба ақидаҳои қавмгароӣ, аз ҷумла ба скинҳедҳо алоқа дошт, тақрибан аз тобистони соли 2013 ба талқин кардани чунин ақидаҳо ба фарзанди ноболиғи ҳамагӣ 13-сола ва ҳамсолони ӯ шурӯъ карда, ба ин кӯдакон "мефаҳмондааст", ки "Русия барои русҳост" ва "мардуми ғайр ҳаққи кору зиндагӣ дар мулки моро надоранд."

Муфаттишон мегӯянд, нуқтаи ниҳоии ин даъватҳо ба зӯроварӣ - ҳамлаи рӯзи 2 январи соли 2014 шуд. Ҳамагӣ як рӯз баъд аз ҷашни Соли нав Артём Сметанников ҳамроҳ бо писараш ва дӯстони ноболиғи ӯ ба хобгоҳе, ки шаҳрвандони Тоҷикистон ба сар мебурданд, ҳамла оварда, ду хориҷиро аз ҷумла бо калтак (бита)-и оҳанин латту кӯб карда, бо занҷир мошини марбут ба як шаҳрванди Тоҷикистонро хароб кардаанд.

Ҳомиёни ҳуқуқ дар солҳои охир аз Русия дар бораи афзоиши пайвастаи шумори пайравони ақидаҳои қавмгароёна изҳори нигаронӣ мекунанд. Бино ба ҳисобҳо, феълан дар Русия 53 созмони қавмгарои ҳисобшуда вуҷуд дорад, аз ҷумла 8 созмоне, ки фаъолияташон ба далели барангехтани адовати қавмиву нажодӣ расман манъ шудааст. Маркази «Сова», яке аз гурӯҳҳои маъруфи ҳомии ҳуқуқи башар, ду сол пеш ҷамъи пайравони ақидаҳои қавмгароӣ, бо шумули фашистҳову скинҳедҳо ва аъзои гурӯҳҳои дигарро 50 000 нафар баровард карда буд ва матбуоти Русия бо нигаронӣ навишт, ки теъдоди қавмгароёни рус баробари ҳайъати ду дивизия шудааст.

Ҳомиёни ҳуқуқ мегӯянд, гурӯҳҳои қавмгаро дар Русия бештар аз ҳама зодагони кишварҳои Осиёи Марказӣ, аз ҷумла тоҷиконро ҳадафи ҳамлаҳои худ қарор медиҳанд, чунки зодагони ин минтақа дар қиёс бо, барои мисол, зодагони Қафқоз беҳимоятанд.

Ба ҳисоби «Сова», танҳо дар 5 моҳи аввали соли равон дар Русия бар асари ҳамлаҳо дар заминаи адовати қавмию нажодӣ 4 нафар кушта ва дастикам 30 тани дигар захмӣ шудаанд. Дар соли 2014 дар Русия бар асари ҳамлаҳои қавмгароён дастикам 27 нафар куштаву 123 тан захмӣ шуда буд. Қариб нисфи қурбониёни қавмгароён – 12 кушта – дар шаҳри Маскав сабт шуда, маркази «Сова» мегӯяд, 22 нафари аз дасти скинҳедҳову фашистҳо кушташуда зодагони Осиёи Марказӣ будаанд.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG