Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

66% - тарафдори шиори "Русия барои русҳо!"


Акс аз ҷараёни "Русский марш" дар Иркутск. 4 ноябр.
Акс аз ҷараёни "Русский марш" дар Иркутск. 4 ноябр.

Аз се ду ҳиссаи мардуми Русия дар як назархоҳӣ гуфтаанд, ки тарафдори амалӣ кардани шиори “Русия барои русҳо!”-янд.

Ба сурати умум, дар назархоҳии ахири Левада-сентр, яке аз мӯътабартарин марказҳои назарсанҷии Русия , 66 дарсад аз шиори “Русия барои русҳо!” тарафдорӣ кардаанд. 23 дарсад, ё қариб чоряки пурсидашудаҳо гуфтаанд, фурсати амалӣ гардондани он фаро расидааст. Аммо ба ақидаи 43 дарсади дигар, шиори “Русия барои русҳо!” бояд амалӣ шавад, вале то як ҳадди муайян. Танҳо 19 дарсад ин шиорро “фашизми ҳақиқӣ” хонда, гуфтаанд, ба чунин ҷудоиандозии қавмӣ назари манфӣ доранд.

Левада-сентр мегӯяд, назарсанҷии ахираш дар маҷмӯъ аз афзоиши ҳисси бадбинии мардуми маҳаллии Русия нисбат ба ақвоми дигар дарак медиҳад. Ин назархоҳӣ рӯзҳои 25-28 октябри соли ҷорӣ бар пояи пурсиши назари 1603 нафар дар 130 нуқта дар 45 вилояти Русия анҷом шудааст.

Дар ин пурсиш 78 дарсад ба ҳукумати Русия “машварат” додааст, ки маҷрои муҳоҷиратро тавассути бардоштани саддҳои маъмурӣ маҳдуд кунад. Шумори онҳое, ки тарафдори маҳдуд кардан ва ҳатто бастани маҷрои муҳоҷират ба Русияанд, танҳо дар 5 соли охир якуним баробар афзудааст. Дар чунин пурсише, ки Левада-сентр дар соли 2008 анҷом дода буд, танҳо 52 дарсади мардум аз ҳукумат ҷорӣ кардани тадбирҳои шадидтар дар роҳи сафари муҳоҷирони хориҷӣ ба Русия шуда буданд.

Дар айни замон, дар назархоҳии ахир танҳо 14 дарсади пурсидашудагон гуфтаанд, ки мушкиле бо омадурафти мардуми омад, яъне муҳоҷирон, надоранд. Теъдоди мардуми бефарқ ё хайрхоҳ нисбат ба мардуми муҳоҷир дар Русия дар соли 2008 аз ин рақам дувуним маротиба бештар, яъне 35 дарсад буд.

Пурсидашудагон ҳамин тавр, нисбат ба ҳузури ақвоми мухталиф дар қаламрави Русия низ назари гуногун доштаанд. Ҳисси бадбинӣ дар зеҳни мардуми Русия бахусус нисбат ба зодагони Қафқоз зиёд мушоҳида шуда, дар назархоҳии поёни моҳи октябр 54 дарсад тарафдори маҳдуд кардани равуои зодагони ин минтақа ба Русия шудаанд. Ду мақоми баъдиро дар ин рейтинги ақвоми “нописандида” барои аҳолии Русияро чиниҳо ва зодагони Осиёи Марказӣ гирифтаанд. 45-дарсади пурсидашудаҳо хостори эҷоди маҳдудият дар роҳи сафари мардумони Чину Осиёи Марказӣ ба Русия шудаанд.

32 дарсад таҳияи чунин маҳдудиятҳо барои лӯлиҳо ва ветнамиҳоро тақозо карда, 8 дарсад яҳудиҳорову 5 дарсад украиниҳоро қавмҳои барои худ ғайримақбул хондаанд. 14 дарсад ҳатто гуфтаанд, ки бояд дар роҳи сафари тамоми қавмҳои дигар, ба ҷуз русҳо, маҳдудият эҷод кард. Ва танҳо 11 дарсад гуфтаанд, ки ягон маҳдудият ва барои ягон кас лозим нест.

Дар айни ҳол 30 дарсад изҳор доштаанд, ки нисбат ба зодагони ҷумҳуриҳои ҷануб эҳсоси бадбинӣ доранд. 6 дарсад аз эҳсоси тарси худ аз ин мардум ва 25 дарсад аз эҳсоси асабонияти хуб нисбат ба онҳо дарак додаанд. 3 дарсад гуфтаанд, ки нисбат ба “ҷанубиҳо” эҳтиром доранд. Ва 3 дарсади дигар эҳсоси худ нисбат ба аҳли ҷанубро таваҷҷӯҳ(симпатия) ба қалам дода, 39 дарсад гуфтаанд, нисбат ба зодагони ҷумҳуриҳои ҷануб эҳсоси вижае надоранд.

Ҳамзамон ин назархоҳӣ афзоиши эҳсоси бадбинии мардум нисбат ба зодагони манотиқи дигари худи Русияро низ нишон медиҳад. Дар маҷмӯъ, 63 дарсад - 28 дарсад пурра ва 35 дарсад қисман - тарафдори манъ ё маҳдуд кардани равуои сокинони манотиқи дигари Русия ба маҳалли зисти онҳо шудаанд. Шумори чунин афрод дар назархоҳии моҳи ноябри соли 2012 мутаносибан 24 ва 33 дарсад, яъне ба сурати умум аз имсола 6 дарсад камтар буд.

Сеяки пурсидашуда бар ин боваранд, ки дар маҳалли иқомати онҳо шиддати қавмӣ эҳсос мешавад. Ин назар ба 24 дарсади як соли пеш қариб 40 дарсад бештар аст. Дар посух ба ин суол, ки бо муҳоҷирони ғайриқонунӣ чӣ бояд кард?, 73 дарсад гуфтаанд, ки бояд онҳоро аз қаламрави Русия ихроҷ кунанд. Ва танҳо 15 дарсад изҳор доштаанд, ки бояд кору иқомати ин мардумро қонунӣ гардонда, барояшон дар роҳи пайдо кардани ҷои кор ва ҳамоиш бо ҷомиаи Русия кумак расонанд.

71 дарсад пурра ё қисман аз талаби бас кардани таъмини Қафқоз пуштибонӣ карда, 45 дарсад қисман ва 17 дарсад комилан эҳтимоли рӯ задани даргириҳои хунини қавмӣ дар Русияро истисно намекунанд. Аз ҷумла чоряки пурсидашудаҳо гуфтаанд, ки чунин даргириҳо дар заминаи адовати қавмӣ метавонад дар маҳалли зисти онҳо рух диҳад.

"Русский марш" дар Маскав. 4 ноябр
"Русский марш" дар Маскав. 4 ноябр
Афзоиши эҳсоси бадбинӣ нисбат ба ақвоми ғайр дар Русия дар ҳоле мушоҳида мешавад, ки ахиран ин кишвар шоҳиди чанд мавҷи ошӯбҳо зидди , аз ҷумла ошӯби моҳи октябр дар минтақаи Бирюлёвои шаҳри Маскав шуд. Ҳамин тавр, рӯзи 4 ноябр дар даҳҳо шаҳри Русия раҳпаймоиҳои қавмгароён бо номи "Русский марш" доир шуд, ки як шиори асосиаш ҳамон "Русия барои русҳо"-ст.

Бо ин ҳама, Русия дувумин кишвари бузургтарини муҳоҷирпазир дар дунёи муосир ба шумор рафта, интизор меравад, соли оянда ин кишвар дастикам 14 миллион муҳоҷири хориҷиро бипазирад. Аз ҷумла ҳар сол беш аз 1 миллион аз аҳолии қобили кори Тоҷикистон низ дар ҷустуҷӯи кор худро ба Русия мезананд. Ин артиши бузург як манбаъи асосии таъмини суботи иҷтимоӣ дар Тоҷикистон ба шумор мераванд, чунки аробаи зиндагии аксари хонаводаҳо дар ин фақиртарин кишвари пасошӯравӣ аз ҳисоби пулест, ки муҳоҷиронаш аз Русия мефиристанд.
XS
SM
MD
LG