Пайвандҳои дастрасӣ

​Барои бори аввал як шаҳрванди Русия бо ҷурми ҷалби фарзанди ноболиғаш ба фаъолиятҳои қавмгароӣ ва ҳамла ба хобгоҳи муҳоҷирони тоҷик маҳкум шудааст. Аммо фақат шартан.

Додгоҳи шаҳри Колчугинои вилояти Владимири Русия рӯзи 29 июн як сокини 34-солаи ин шаҳрро бо ҷурми ба фаъолиятҳои қавмгароӣ ҷалб кардани фарзандаш ба 5 соли зиндони шартӣ маҳкум кард. ​Сергей Белов, муовини мудири шӯъбаи байниноҳиявии Кумитаи тафтишоти Русия дар шаҳри Колчугино рӯзи 30 июн дар сӯҳбат бо бахши тоҷикии Радиои Озодӣ гуфт, дар таҷрибаи онҳо ин нахустин мавриди ба ҷавобгарӣ кашондани афрод бо ҷурми ҷалби фарзандони онҳо ба қавмгароист.

Ба гуфтаи намояндаи Кумитаи тафтишоти Колчугино, Артём Сметанников, ки худ ба ақидаҳои қавмгароӣ, аз ҷумла ба скинҳедҳо алоқа дошт, тақрибан аз тобистони соли 2013 ба талқин кардани чунин ақидаҳо ба фарзанди ноболиғи ҳамагӣ 13-солааш ва ҳамсолони ӯ шурӯъ кардааст.

Сметанников бо даъват ба зӯроварӣ нисбат ба мардуми ғайриславян ба ин кӯдакон "мефаҳмондааст", ки "Русия барои русҳост" ва "мардуми ғайр ҳаққи кору зиндагӣ дар мулки моро надоранд." Муфаттишон мегӯянд, нуқтаи ниҳоии ин даъватҳо ба зӯроварӣ ҳамлаи рӯзи 2 январи соли 2014 шуд.

Сергей Белов гуфт, ҳамагӣ як рӯз баъд аз Соли нав Артём Сметанников ҳамроҳ бо писараш ва дӯстони ноболиғи ӯ ба хобгоҳе, ки шаҳрвандони Тоҷикистон ба сар мебурданд, ҳамла оварда, ду хориҷиро аз ҷумла бо калтак (бита)-и оҳанин латту кӯб кардаанд: "Онҳо мехостанд ақидаҳои худ дар бораи бо зӯр рондани "бегонаҳо" аз хоки Русияро дар амал таҷриба кунанд. Баъди латту кӯб Артём Сметанников дар пеши чашми наврасон бо занҷири оҳанин чанд маротиба ба мошине, ки ба як шаҳрванди Тоҷикистон тааллуқ дошт, зад ва бо ин ба соҳиби мошин хисорот овард."

Аммо додгоҳ дар ниҳоят Артём Сметанниковро танҳо бо ҷурми ҷалби писараш ва ноболиғони дигар шартан ба 5 соли зиндон маҳкум кард. Ҳарчанд банди аввали моддаи 150-уми Кодекси ҷиноии Русия (ҷалби ноболиғон ба содир кардани ҷиноят аз тариқи ваъда, фиреб, таҳдид ё роҳҳои дигар) ба сифати ҷазо то 5 соли зиндони воқеиро пешбинӣ мекард.

Сергей Белов, муовини мудири шӯъбаи байниноҳиявии Кумитаи тафтишоти Русия дар шаҳри Колчугино ба Озодӣ гуфт, иттиҳоми дувум алайҳи Сметанников – осеб расондан ба саломатӣ ва моликияти шаҳрвандони хориҷӣ - дар додгоҳ аслан муҳокима нашуд: "Мутаассифона, тафтиши ин иттиҳом аз пеш ба далели мусолиҳаи тарафҳо қатъ шуд. Аммо ман ҷузъиёти ин мусолиҳаро намедонам. Шаҳрвандони тоҷики ҷабрдида низ баъди он ҳодиса аз Колчугино рафтанд ва шояд ба ҳамин далел нахостанд, ки худро инҷо андармон кунанд."

Додгоҳ фарзанди Сметанников ва дӯстони ноболиғи ӯро ба масъулият накашонд, чунки дар замони содир кардани ҷиноят онҳо зери синни 14 буданд.

Ҳукми бесобиқаи додгоҳи Колчугино алайҳи як сокини маҳаллӣ бо ҷурми ҷалби фарзанди ноболиғаш ба фаъолиятҳои қавмгароӣ дар ҳолест ки ҳомиёни ҳуқуқ дар солҳои охир аз Русия дар бораи афзоиши пайвастаи шумори пайравони ақидаҳои қавмгароёна изҳори нигаронӣ мекунанд. Бино ба ҳисобҳо, феълан дар Русия 53 созмони қавмгарои ҳисобшуда вуҷуд дорад, аз ҷумла 8 созмоне, ки фаъолияташон ба далели барангехтани адовати қавмиву нажодӣ расман манъ шудааст. Маркази «Сова», яке аз гурӯҳҳои маъруфи ҳомии ҳуқуқи башар, ду сол пеш ҷамъи пайравони ақидаҳои қавмгароӣ, бо шумули фашистҳову скинҳедҳо ва аъзои гурӯҳҳои дигарро 50 000 нафар баровард карда буд ва матбуоти Русия бо нигаронӣ навишт, ки теъдоди қавмгароёни рус баробари ҳайати ду дивизия шудааст.

Ҳомиёни ҳуқуқ мегӯянд, гурӯҳҳои қавмгаро дар Русия бештар аз ҳама зодагони кишварҳои Осиёи Марказӣ, аз ҷумла тоҷиконро ҳадафи ҳамлаҳои худ қарор медиҳанд, чунки зодагони ин минтақа дар қиёс бо, барои мисол, зодагони Қафқоз беҳимоятанд.

Ба ҳисоби «Сова», танҳо дар 5 моҳи аввали соли равон дар Русия бар асари ҳамлаҳо дар заминаи адовати қавмию нажодӣ 4 нафар кушта ва дастикам 30 тани дигар захмӣ шудаанд. Дар соли 2014 дар Русия бар асари ҳамлаҳои қавмгароён дастикам 27 нафар куштаву 123 тан захмӣ шуда буд. Қариб нисфи қурбониёни қавмгароён – 12 кушта – дар шаҳри Маскав сабт шуда, маркази «Сова» мегӯяд, 22 нафари аз дасти скинҳедҳову фашистҳо кушташуда зодагони Осиёи Марказӣ будаанд.

XS
SM
MD
LG