Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Темур Зулфиқоров: "Чӯпони хашин аз гурги либерал беҳтар аст"


Темур Зулфиқоров, нависандаи машҳури русзабони Тоҷикистон дар мусоҳибаи ихтисосии худ бо Радиои Озодӣ дар бораи муносибати мардуми русу тоҷик, равобити Русия ва кишварҳои Осиёи Миёна сӯҳбат кард.

Темур Зулфиқоров, ки бо даъвати президенти Тоҷикистон муваққатан барои зиндагӣ ба кишвар омадааст, дар як сӯҳбат бо Радиои Озодӣ, дар робита ба давлаторӣ дар Тоҷикистону Русия ва дигар кишварҳои Осиёи Марказӣ, муносибати мардуми рус бо тоҷикон ва муносибати қаҳрамони асосии асарҳояш Хоҷа Насриддин ба интернет сӯҳбат кард.

Озодӣ: Мо медонем, ки Шумо ҳар сол ба Тоҷикистон меоед. Аммо дар як сӯҳбати ахиратон ба он ишора кардаед, ки вақте синну сол гузашт, Тоҷикистон касро ба худ мекашад, яъне ин сафаратон ба ватан тӯлонитар хоҳад буд?

Темур Зулфиқоров: "Солҳои охир дар Тоҷикистон зиёд мемонам. Барои мисол, соли гузашта барои 10 моҳ омадам, имсол ният дорам тамоми тобистон ва чанд муддати дигар бимонам. Ба ҳар ҳол, замине ки ту дар он таваллуд шудаӣ, туро ба худ мекашад. Ман 50 сол боз дар Маскав зиндагӣ мекунам ва вақтҳои охир барои ман зиндагӣ он ҷо мушкил шуд. Он ҷо одамоне, ки ба адабиёт ва шеъру шоирӣ таваҷҷӯҳ доранд, кам шудаанд, ҳама ҷоро шоу-бизнес аз худ кард. Адабиёт ва шеъри ман танҳо монд. Дар ин муҳит дараи дури Варзобу Ромит, сӯҳбати одамони одӣ ва чӯпонҳо, ситораҳо, сангу табиати ватан маро ба худ кашид."​

Гуфтугӯ бо нависандаи русзабони тоҷик Темур Зулфиқоров
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:07:13 0:00

Озодӣ: Яъне ба ҳар сурат нияти дар Тоҷикистон мондан доред?

Темур Зулфиқоров: "Бале, ман ба як маънӣ мешавад гуфт, баргаштам. Президент ба ман гуфт, баргард ва ман омадам. Албатта, пурра аз Русия ҷудо шудан ҳоло барои ман мушкил аст. Мушкили мардуми рус ва

сиёсати ин кишвар маро бетараф гузошта наметавонад. Ман борҳо ба Путин нома навиштаам, ки хонандаи хеле зиёд дошт. Беш аз 700 ҳазор нафар дар интернет онро хондаанд."

Озодӣ: Бо президент Раҳмон кай мулоқот доштед ва ин даъватро гирифтед?

Темур Зулфиқоров: "Дар як мулоқоти раисҷумҳур бо тоҷикони маъруфи муқими Русия тоҷирону сиёсатадорон чанд сол пеш ман ҳам дар бораи Тоҷикистон сухан кардам ва он кас гуфтанд, ки баргард, бароят хона медиҳем, зиндагӣ кун. Омадам, ҳамин хонаро президент бароям додааст, ҳарчанд моли давлат аст, хонаи шахсии ман нест, ба ҷуз аз як ҳамин қандил, дар ин хона дигар чизе моли ман нест (механдад), аммо ман миннатдорам. Дар ҳар сурат, қаҳрамонони ман ҳама дарвешанд ва аз озодиро тараннум мекунанд, мисли Радиои шумо, Озодӣ. Аммо озодӣ одамро ба камбағалӣ мебарад. Вақте одам озод аст, ба касе хидмат намекунад, вақте ба касе хидмат накардӣ, касе ба ту пул ҳам намедиҳад. Тақдири ман чунин шуд, ки дар охири ҳаёт ба камбағалии бузург рӯбарӯ шудам, мисли Рӯдакӣ, ки дар "Шикоят аз пирӣ" навиштааст. Вале нависанда ва ё шоири бузург бояд дар фикри нон набошад, чун агар аз пайи нон шавад, вай чизи мондагоре барои таърих офарида наметавонад. Аз ин рӯ, шоирони тоҷик дар гузашта, ҳамеша пайи сарватманде мерафтанд, ки зиндагии онҳоро таъмин кунаду онҳо эҷод кунанд."

Озодӣ: Темур Қосимович, Шумо медонед, ки қариб 1 миллион тоҷик дар Маскав кор мекунад ва баъзан онҳо қурбони миллатгароёни рус мешаванд. Баъзан хонандаҳои адабиёти Шумо пурсон мешаванд, ки чаро Зулфиқоров бо истифода аз нуфузу мақоме, ки миёни мардуми рус дорад, дар ҳимоят аз муҳоҷирон садо баланд намекунад? Оё дар номаҳое, ки Шумо ба унвонии Путин ирсол кардаед, оё дар ин мавзӯъ ҳам чизе гуфтаед?

Темур Зулфиқоров: "Гап сари ин аст, ки русҳо ва тоҷикон аз як нажод ҳастанд, ҳар миллат андешаи Худо аст. Хуни ман, ки аз тоҷику рус иборат аст, тақдири ин ду миллат бароям муҳим аст. Ин миллатҳо таърихан содда ва самимианд. Онҳоро фиреб кардан бисёр осон аст. Аз ҳама муҳим ҳам тоҷикон ва ҳам русҳо ба бадӣ бо бадӣ посух намедиҳанд. Масалан, агар як тоҷикро куштанд, тоҷикон дар пайи таъсиси як гурӯҳ ва қасосгирӣ намешаванд. Аммо ман инро нодуруст мешуморам ва бар ин ҳастам, ки ба бадӣ бояд бо бадӣ ҷавоб гуфт. Зимнан, гурӯҳҳои миллатгарову скинҳедҳо моли мардуми рус нестанд. Бубинед, ҳамин калимаи "скинҳед" ҳам русӣ нест, аз ин ҷо бармеояд, ки ин гурӯҳҳои фашистӣ низ барномаҳои хориҷиҳоро дар Русия пиёда мекунанд. Бояд гӯям, вазъият дар Русия бисёр ноором аст, ҳама чиз ба обрӯву эътибори як нафар -- Путин рост истодааст. Ин бисёр бад аст, чунки раваду бо ӯ иттифоқе афтад, ҳама чиз ба ҳам мезанад. Кишвар мисли аробае хоҳад шуд, ки як чархаш паридааст."

Озодӣ: Яъне, ба назари Шумо, вақте ҳама чиз дар кишвар аз як нафар вобаста аст ин оқибати хуб надорад?

Темур Зулфиқоров: "Ҳаст кишварҳое, ки маъмулан монархия ҳастанд. Масалан, Русияро таърихан императорҳои бузург мисли Петри 1, Екатеринаи 2, Александри 1 пеш бурдаанд. Аммо дар кишварҳои ғарбӣ ва Амрико бисёр чиз ба парлумон ва назари мардум вобастааст. Президент ифодакунандаи назари мардум аст. Аммо дар кишварҳои пасошӯравӣ мисли Тоҷикистону Узбакистон ва Қазоқистон роҳбарони

қавӣ ҳукмронӣ мекунанд. Ман тарафдори роҳбарони қавӣ ҳастам: "чӯпони хашин аз гурги либерал беҳтар аст". Ин фикрҳо ба Шумо шояд маъқул нашавад, аммо ман тарафдори "дасти зӯр" дар давлатдорӣ ҳастам. Як масал ҳаст, ки подшоҳон дарёи хун ва тиранҳо баҳри хун мерезонанд. Аммо раҳбарони заиф боис мешаванд, уқёнуси хун резонда шавад. Барои ҳамин, дар минтақаи Осиёи Миёна агар ҳамин давлатмардони қавӣ набошанд, беназмӣ ва "хаос" ба вуҷуд меояд. Тоҷикистон бошад, аз ҳама бештар таҷрибаи ҳукмронии сиёсатмадорони заифро дорад, ки оқибат ба ҷанги шаҳрвандӣ печид."

Озодӣ: Шумо дар аввал аз мамолики Ғарб ёдовар шудед, ки парламенти қавӣ вуҷуд дорад ва президентҳо назари мардумро ифода мекунанд. Чаро фикр мекунед, ки ҳамин шакли давлатдорӣ дар минтақаи мо ҷо намеафтад?

Темур Зулфиқоров: "Мардуми рус ва тоҷикҳо низ дӯстдори салтанат (монархия) ҳастанд. Русҳо дар симои Брежнев, ҳам Горбачёв ва инак Путин як подшоҳро мебинанд. Мехоҳанд, ки дар сари қудрат подшоҳ бошад. Ин ҳамаи идеяҳои парламентии идоракунии давлат ба қалбу рӯҳи русу тоҷик ҳеч наздикӣ надорад. Барои ҳамин, мегӯям, “ҳамаи кӯшишҳо дар сари хирс ҷо кардани каллаи маймун” муваффақ нашуд ва оқибат фоҷеа ба бор меорад. Бино бар ин, Тоҷикистон ҳам ба роҳбар ва ҳукумати қавӣ ниёз дорад, аммо раҳбар бояд ба гапи пирони хирад ва рӯзгордида ва дини Ислом такя кунад."

Озодӣ: Дар китоби охири Шумо Хоҷа Насриддин бештар аз компютеру интернет гила мекунад. Чаро?

Темур Зулфиқоров: "Воқеан Хоҷа Насриддинро, ки 3-ҳазорсола асту бо шахсиятҳои бузурги таърихӣ мисли шоҳ Сулаймон, Конфутсий ва ҳатто бо Сталини мустабид сӯҳбат кардааст, аз нуфузу густариши беш аз ҳади компютеру интернет нигарон аст. Интернет то ҳадде нуфуз кардааст, ки муоширати зиндаи одамонро аз байн бурдааст. Агар одам дар давоми се моҳ ягон китоб нахонад, 90 дарсади мағзаш аз кор мебарояд ва ин одамро ба гӯсфанд табдил меёбад. Одамоне, ки ин дунёро идора мкеунад, компютеру телевизор тамошо намекунанд. Дар Ҷопон агар кӯдак бештар аз ду соат дар назди компютер нишинад, волидайнашро ҷазо медиҳанд. Бино бар ин интернет ҳарчанд баъзе шароитро фароҳам меорад, истифодаи он хусусан аз ҷониби кӯдакон бояд сахт назорат шавад. Чунки дар ин анкабутхона ҳама чиз дастрас аст, ҳам порнографияву ҳам адабиёти экстремистиву ифротӣ."

XS
SM
MD
LG