Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Аниса Собирӣ: "Русӣ менависам, аммо дили тоҷикӣ дорам"


Шоир ва нависандаи тоҷик Аниса Собирӣ
Шоир ва нависандаи тоҷик Аниса Собирӣ

Адиби ҷавони тоҷик Аниса Собирӣ нахустин китоби худро бо номи "Девонаград" дар шаҳри Душанбе муаррифӣ кард.

Ҳанӯз пеш аз нашраш китоби аввалини Аниса Собирӣ бино бар номи диққатҷалбкунандааш -- "Devanagrad" таваҷҷӯҳи бисёриҳоро ба худ кашида буд. Самимияти ин таваҷҷӯҳ дар расми рӯнамоии китоб дар шаҳри Душанбе бармало ба мушоҳида расид. Китоби мазкур, ки бо теъдоди 1000 нусха аз чоп баромад шеърҳо ва ҳикояҳои хурди адиби ҷавонро ба ҳам овард, ки Аниса аз 13-солагияш ба нависандагӣ сар кардааст. Аниса Собирӣ, аз шогирдони нависандаи маъруфи русзабони тоҷик - Темур Зулфиқоров аст ва навиштаҳояш аксаран мазмуни фалсафӣ доранд. Дар ҷустуҷӯи сабк ва ҳарфи нав ӯ талош кардааст, равияҳои мухталифи адабиро бо ҳам омезиш диҳад. Гуфтӯгуи мо бо Аниса аз шарҳи номи китоб оғоз ёфт.

Аниса: «Девонаград» аз забони санскрит, яъне ҳам аз тоҷикӣ ва русӣ реша мегирад ва маънояш инсонест, ки дар замини Худованд зиндагӣ мекунад. Ҳангоме ки ман ба навиштани аввалин шеърам шурӯъ кардам, ҳамин калима дар зеҳнам буд ва гуфта будам, агар нахустин китобам нашр шава,д ҳатман «Девонаград» ном хоҳад дошт. Шеъри аввалинамро дар сездаҳсолагӣ навиштам, то он дам ба наққошӣ майл доштам. Аммо ҳадаф аз рӯ оварданам ба шеър ҷустуҷӯҳо ва суолҳои беохири ман буд, ки ҳеҷ оромам намегузоштанд. Ин, ки ман кистам, ва бо кадом ҳадаф ба дунё омадам. Ҳар боре, ки ба оина менигарам ҳамин суолро аз худам мекунам, ки мо худ нафас ҳастем ва ё нафас ин танҳо рӯҳ аст? Ҳамин андешаҳои беохир маро ба дунёи шеър овард. Вале дар 16-солагӣ ман ба навиштани насри хурд ва пасон ба нақлҳо пардохтам. Вақте то як сол пеш берун аз Тоҷикистон будам, дар мавриди муҳаббатам ба ватан менавиштам ва аз мушкилоти он, аз ҷумла муҳоҷирон мегуфтам. Аммо ҳоло боз ҳам ба мавзӯъҳои фалсафӣ баргаштам.

Озодӣ: Яъне ба он маънӣ аст, ки дигар мушкилоти муҳоҷирон Шуморо азият намедиҳад ва бо омадан ба ватан онҳо ба гӯшаи фаромӯшӣ рафтанд?

Аниса: Не ман фаромӯш накардам, лекин фикр мекунам, ки ҳар кас роҳи худашро мебарад. Масалан, агар шумо духтур ҳастед ва ҳар мушкилотеро ки аз сар мегузаронед, ин аллакай роҳи шумо ҳаст. Мо бояд ба худованд сипос бигӯем, ки чунин душвориҳоро дар пешорӯи мо мегузорад, зеро ин ҳама моро дигар мекунад. Ҳамин ҷустуҷӯҳо ҳам аз душвориҳо сарчашма мегирад.

Рӯнамоии китоби "Девонаград" дар Душанбе
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:02:53 0:00

Озодӣ: Дар ҳоле ки аксаран адибони ҳамсоли шумо асосан дар мавзӯҳои лирикӣ менависанд, аз ишқу муҳаббат мегӯянд, чаро шумо ҳамин равияи фалсафиро интихоб кардед?

Аниса: Ростӣ, ман то имрӯз аз ишқу муҳаббат дар нисбати мард нанавиштаам. Шояд аз он ҷиҳат, ки ман ошиқ нашудаам . Албатта, ман боварӣ дорам, ки ин эҳсосро дар оянда ман низ аз сарам мегузаронам. Аммо аз нигоҳи ман ҳоло низ навиштаҳоям сар то по ишқанд, ишқи фалсафӣ, муҳаббат ба ватан ва муҳаббат ба инсонҳо. Ҳатто сӯҳбати мову Шумо низ саропо муҳаббат аст, зеро он маро ба андеша намудан водор мекунад.

Озодӣ: Оё хонандаи худро мешиносед? Он чандсола аст? Мард ё зан? Чиро дӯст медорад ва чиро бад мебинад?

Аниса: Суоли хеле мушкил аст. Ман барои аудиторияи муайян эҷод намекунам, зеро дар ин ҳолат илҳом дур мешавад. Ман ҳар чизеро рӯйи варақ меорам, ки аз дилам мегузарад. Вале навиштаҳои ман ҳам дар миёни ҷавонон ва ҳам онҳое, ки синнашон бузургтар аст хонанда доранд. Дар ҳоле, ки аксарият ҷавонони моро ба он айбдор мекунанд, ки онҳо саводи кофӣ ва барои зистан мақсад надоранд. Аммо то ҷое, ман мебинам ҳамсолони ман бештар дар ҷустуҷӯи худ ҳастанд ва ҳамин мавзӯъ барояшон ҷолиб аст.Зеро дар замони Шӯравӣ мардум ҳама шароитро доштанд ва ҳаргиз сари он андеша намекарданд, ки онҳо кистанд ва чаро маҳз бояд ин ва ё он амалро бояд анҷом бидиҳанд. Аммо ҳоло бошад баръакс чун зиндагӣ душвор шудааст ва арзишҳо низ тағийр хӯрдааст. Биноан ин гуна суолҳо бештар ба зеҳни ҷавонон меоянд.

Озодӣ: Чаро русиро забони эҷодиёти худ интихоб кардед? Дар ҳоле, ки бузургтарин шоирони ҷаҳон барои омӯхтани ҳунари шеър форсиро омӯхтаанд ва ошиқи адабиёти форсӣ будаанд?

Аниса: Ман забони форсиро ба хотири бузург баданаш дӯст медорам. Вале гуноҳи ман ин буд, ки забони тоҷикиро чандон хуб намедонистам, чун ҳам бо забони русӣ таҳсил кардаам ва дар хона низ бо русӣ сӯҳбат мекунем. Аммо ман ҳоло талош дорам ин иштибоҳамро ислоҳ намоям. Дар навиштаҳоям ман ҳам аз забони русӣ ва ҳам тоҷикиро истифода мебарам. Агар дақиқтар бигӯям, бархе аз калимаҳои тоҷикиро ба қолаби русӣ ворид мекунам. Барои мисол калимаи «булбул»-ро ман чун «булбулёнок»- кор бурдаам. Агар танҳо бо забони тоҷикӣ бинависем, моро танҳо ҳамзабононамон мефаҳманд, забони русӣ бошад ҷаҳонист. Дар сурате, ки калимаҳои тоҷикиро дар шеърҳои русӣ истифода кунем, ба тамоми дунё паҳн мешавад. Тавре ҳам гуфтам, «булбул» чун «соловей» тарҷума мешавад, аммо калимаҳое вуҷуд доранд, ки ман намехоҳам онҳоро тарҷума кунам. Ман ҳаракат мекунам, ки забони тоҷикро ҳар чӣ беҳтар аз худ кунам.

Озодӣ: Чунин андеша вуҷуд дорад, ки шоиру нависандагони русизабон аз таблиғгарони фарҳанг ва сиёсатҳои Русияанд. Оё ин ақидаро қабул доред?

Аниса: Ман ин ҳарфҳоро қабул надорам. Агар шумо дили тоҷикӣ доред, чӣ гуна метавонед таблиғгари фарҳанги русӣ бошед?Барои мисол мо Синоро тоҷик мегӯем, аммо ӯзбакҳо ӯро ҳаммиллати худ ном мебаранд. Муҳим нест, ки шахс дар куҷо ва бо кадом забон менависад, балки муҳим осорест, ки аз ӯ боқӣ мемонад. Аз нигоҳи ман фарҳанг давлат надорад. Ман худро тарғибгари миллатам медонам ва фахр мекунам, ки дар Тоҷикистон ба дунё омадаам. Ман ба ҷуз аз Тоҷикистон дар ягон кишвари дигар зиндагӣ кардан наметавонам. Бигзор он кишвар иқтисодиёти хуб дошта бошад, аммо бӯи ватанро надорад. Ин эҳсосро бо ҳеҷ сарвате харидан намешавад.

Озодӣ: Шумо зидди табдили номҳои русӣ ба тоҷикӣ будед, аммо худ Собирӣ ном гирифтед.

Аниса: Ин наздиктар ба забони форсист ва ман фикр кардам чунин бошад беҳтар аст. Зеро агар дар Русия бо ҳамин ном ашъори маро чоп кунанд, ҳеҷ кас даъво кардан наметавонад, ки ман адибаи рус ҳастам. Ман ҳам тарафдори онам, ки Тоҷикистон ба дигарон муаррифӣ шавад ва онҳо бидонанд, ки мо низ фарҳанг дорем ва бо забони русиву тоҷикӣ эҷод карда метавонем. Мо то асри 15 бисёр адабиёти бузург доштем. Афсӯс ҳоло дар чунин сатҳ нестем, ҳарчанд шоирони хуб дорем ба мисли Гулрухсор Сафиева, Бозор Собир, Сиёвуш Ҷунайдӣ.

Озодӣ: Аз назари шумо мушкилоти имрӯзаи адабиёт дар Тоҷикистон чист? Чаро шоирону нависандагони кишвар имруз он эътибореро надоранд ки дар гузашта барнои намуна Айниву Турсунзода доштанд?

Аниса: Он вақт мактаб дигар буд, русҳо дар ин замина зиёд кӯмак мекарданд. Аз сӯи дигар дар замони Шуравӣ тамоми шароитҳо муҳаё буд, аҳли эҷод муҳит доштанд. Бояд шоирону оҳангсозон ва рассомон якҷоя бошанд ва ин муҳитро ба миён меорад.Дар ин муҳит, ба мисли замини нав дарахти сербор нумӯъ мекунад. Албатта, тӯли 20 соли истиқлолият мушкилот зиёд буд, аз ҷумла камбуди иқтисодӣ таъсири худро гузоштааст. Аммо фикр мекунам, бо мурур чунин муҳити созгор ба миён хоҳад омад, танҳо вақт даркор аст, то боз инсонҳои бузург пайдо шаванд.

XS
SM
MD
LG