Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Иҷозатномаи сесолаи кор барои мардикорони тоҷик дар Русия


Акс аз саҳифаи Диловар Ашӯров дар Facebook

Акс аз саҳифаи Диловар Ашӯров дар Facebook

Шӯрои Федератсияи Русия рӯзи 26 март протоколеро тасвиб кард, ки ба шаҳрвандони Тоҷикистон дар Русия гирифтани муҷаввизи кор барои муддати то се солро иҷозат медиҳад.

Шӯрои Федератсия, маҷлиси болоии порлумони Русия, рӯзи 26 март тағйирот ба созишномаи моҳи октябри соли 2013 миёни Русияву Тоҷикистонро тасвиб кард. Бар асоси ин тағйирот, муҳоҷирони тоҷик метавонанд дар Русия барои муддати то 3 сол иҷозатномаи кор бигиранд.

Михаил Маргелов, раиси Кумитаи равобити байналмилалии Шӯрои Федератсия, гуфтааст, тасвиби ин протокол барои шаҳрвандони Тоҷикистон дар Русия ва барои атбоъи Русия дар Тоҷикистон шароити муносиби кор фароҳам меорад ва ин, ба ақидаи Маргелов, як шарти лозим барои таъмини комёбии ҳамкориҳои дуҷонибаи ин ду кишвар аст.

Думаи давлатии Русия ин тавофуқоти миёни Тоҷикистону Русияро ҳанӯз рӯзи 21 март тасвиб карда буд. Протоколи иловагӣ ба созишномаи ду кишвар дар масъалаи ҳимояти ҳуқуқи шаҳрвандони тоҷик дар Русия ва шаҳрвандони Русия дар Тоҷикистон ҳанӯз 29 октябри соли 2013 дар Маскав имзо шуда буд.Ин протокол бар иловаи созишнома дар масоили муҳоҷират аст, ки миёни Русияву Тоҷикистон рӯзи 6 феврали соли 2013 дар Маскав ба имзо расид.
Имзои созишманои муҳоҷират. Маскав. 6.02.2013

Имзои созишманои муҳоҷират. Маскав. 6.02.2013

Дар Русия бархе нигаронанд, ки ироаи шароити боимтиёз ба муҳоҷирони тоҷик метавонад боиси афзоиши ҷинояткорӣ аз ҳисоби сели муҳоҷирон аз ин кишвар шавад. Аммо ҳомиёни ҳуқуқ мегӯянд, мавҷи муҳоҷират дигар чунон вусъат ёфтааст, ки зарурати ба чорчӯби қонунӣ овардани ин маҷро ва халос кардани миллионҳо муҳоҷири хориҷӣ аз чанголи маҳрумияти ҳуқуқӣ, ки ин тоифаро ба як қишри дар муқобили таҳдиду тааддии чӣ мақомот ва чӣ гурӯҳҳои қавмгарои Русия хеле осебпазир табдил медиҳад, кайҳо пеш омадааст.

​Хадамоти федеролии муҳоҷирати Русия шумори расмии муҳоҷирони хориҷӣ дар ин кишварро 13-14 миллион нафар ва шумори муҳоҷирони тоҷик дар бозори кори Русияро 1,3 миллион нафар ҳисоб мекунад. Мақомоти худи Тоҷикистон теъдоди муҳоҷиронро то 800 нафар мегӯянд. Аммо чӣ дар Русия ва чӣ дар Тоҷикистон саҳми ин мардум дар пешбурди аробаи рӯзгори хонаводаҳои тоҷикро муҳим мехонанд. Муҳоҷирони тоҷик солона ба ватан беш аз 3 миллиард доллар пул мефиристанд, ки аз ҳаҷми буҷаи давлатии Тоҷикистон - фақиртарин кишвари пасошӯравӣ - бештар аст.
Пойгоҳи 201-уми Русия

Пойгоҳи 201-уми Русия

Ироаи сабукиҳо барои муҳоҷирони тоҷик дар Русия, аз ҷумла ҳаққи 15 рӯз сукунати бидуни сабти ном дар Русия ва гирифтани муҷаввизи кор барои муддати то 3 сол, дар баробари лағви боҷи гумрукӣ аз содироти маҳсулоти нафтиаш ба Тоҷикистон аз ҷумлаи гузаштҳое буд, ки Русия дар ивази то соли 2042 тамдид шудани замони ҳузури пойгоҳи низомиии 201-умаш дар Тоҷикистон ваъда карда буд.

Аммо ин гузаштҳоро дар ивази тамдиди замони ҳузури пойгоҳи 201, ки бо зери 7 000 нирӯи дар Душанбеву Кӯлоб ва Қурғонтеппа мустақаркардааш бузургтарин пойгоҳи нирӯҳои заминии артиши Русия дар хориҷ ба шумор меравад, хеле ночиз медонанд. Ҳомиёни ҳуқуқи муҳоҷирони тоҷик мегӯянд, муҷаввизи сесолаи кор ё аз 3 рӯз то 15 рӯз бурдани ҳаққи сукунати бидуни сабти ном кумаки зиёде ба муҳоҷирони тоҷик намекунад.

Каримҷон Ёров, раиси ҷамъияти "ЭтМос", яке аз ҷамъиятҳои муҳоҷирони тоҷик дар Маскав рӯзи 26 март ба Озодӣ гуфт: "Ин имтиёз маъное надорад, чунки қонунгузории муҳоҷирати Русия ҳадди аксар то як сол тамдид кардани замони будубоши нафари соҳиби иҷозатномаи корро иҷозат медиҳад. Бояд қонунро дигар кунанд. Аз тарафи дигар, ҳоло нархи иҷозатномаи кор барои як сол дар Маскав ба 35 - 40 000 рубл расидааст. Яъне беш аз 1000 доллар. Ин барои се сол аз 3000 доллар мегузарад. Кадом муҳоҷир ин қадар пули зиёдатӣ дорад, ки барои иҷозатномаи кор бидиҳад?"

Ҳоло ҳарчӣ бештар садоҳое баланд мешаванд, ки ҳукумати Тоҷикистон дигар ба умеди оши ҳамсоя турб натарошида, бояд дар фикри таъмини мардумаш бо ҷои кор дар худи ин кишвар шавад. Роҳбарони Тоҷикистон дар арафаи ҳар ҷашну ид бо лентабуриҳои пуршукӯҳ аз ифтитоҳи ин ё он корхона хабар медиҳанд. Вале ин корхонаҳо ё зуд аз кор мемонанд ваё маоше дода наметавонанд, ки ба гузарони зиндагии хонаводаҳои аксаран серфарзанди тоҷик кифоят кунад. Маоши миёна дар Тоҷикистон дар ҳоли ҳозир ҳудуди 600 сомонӣ, ё 120 доллар ҳисоб шудааст.

Бо ин ҳол, садҳо ҳазор аз аҳолии қобили кори Тоҷикистон боз ҳам ҳамасола худро ба бозори кори Русия мезананд ва омодаанд ба хотири таъмини оилаҳои худ тамоми азобу маҳрумияти ғурбатро таҳаммул кунанд. Ҳомиёни ҳуқуқи муҳоҷирон мегӯянд, беҳтар мебуд, агар мақомоти тоҷик аз Русия ба унвони “шарики стратегӣ”-и Душанбе бас кардани таҷрибаи ихроҷ(депортатсия) ё берун(выдворение) кардани шаҳрвандони худро талаб кунанд. Каримҷон Ёров мегӯяд: "Бояд талаб мекарданд, ки муҳоҷирони тоҷик ҳаққи бидуни сабти ном ба сар бурдан дар Русияро ба даст биоранд ва аз азоби тафтишу таъқиби пулис халос шаванд. Бояд Тоҷикистон созишнома дар бораи душаҳрвандӣ бо Русияро, ки ҳанӯз дар солҳои 90 имзо шуда буд, тасвиб кунад, то мардуми мо ба осонӣ шаҳрвандии Русияро ба даст биорад. Ҳоло бубинед, ки ҳар сол беш аз 1000 доллари муҳоҷирони тоҷик барои иҷозатномаи кор харҷ мешаванд. Агар онҳо шаҳрвандӣ бигиранд, ба ватан пули бештар хоҳанд фиристод. Вале баъди Қрим дигар гумон аст, ки дар Душанбе касе дигар ба ёди он созишномаи 20 соли пеш биуфтад."
Ҳоло мақомоти Русия метавонанд бо ҳар баҳонаи кӯчак, ҳатто барои напардохтани пули обу барқу телефон ё бо суръати баланд рондани мошин муҳоҷирони хориҷӣ, аз ҷумла тоҷиконро аз ҳаққи вуруд ба Русия барои муддати аз 3 то 5 сол маҳрум кунанд. Танҳо “рӯйхатти сиёҳ”-и Хадамоти муҳоҷирати Русия имрӯз 72 700 шаҳрванди Тоҷикистонро дар бар мегирад, ки аз ҳаққи вуруд ба Русия маҳрум шудаанд.

Мамнӯъулвуруд шудани ҳар яке аз ин муҳоҷирон, ба гуфтаи ҷомиашиносони тоҷик, ба ин маъност, ки дастикам як хонавода дар Тоҷикистон аз як манбаи муҳими таъмини рӯзгораш маҳрум мешавад. Ҳомиёни ҳуқуқи муҳоҷирон мегӯянд, агар Душанбе аз “шарики стратегӣ”-аш афви ин артиши бузургро дархост мекард, барои муҳоҷирони тоҷик назар ба муҷаввизи сесолаи кор ё ҳаққи 15 рӯз сукунати бидуни сабти ном кумаки хеле бузургтар мешуд.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG