Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Мӯҳлати сабтиноми шаҳрвандони Тоҷикистон дар Русия тамдид шуд


Сафиаллоҳ Девонаев ва Константин Ромадановский
Сафиаллоҳ Девонаев ва Константин Ромадановский

Созишнома дар бораи тартиби будубоши шаҳрвандони Тоҷикистон дар Русия мӯҳлати сабтиномро то 15 рӯз тамдид кард.

Рӯзи ҷумъа, 8 феврал, дар бинои Хадамоти федеролии муҳоҷирати Русия маросими имзои созишнома дар бораи ҳузури шаҳрвандони Тоҷикистон дар Русия ба имзо расид. Зери ин санад Сафиаллоҳ Девонаев, раиси Хадамоти муҳоҷирати Тоҷикистон ва Константин Ромодановский, раиси Хадамоти федеролии муҳоҷирати Русия, имзо гузоштанд. Муҳаммад Эгамзод, сухангӯи сафорати Тоҷикистон дар Русия ба Радиои Озодӣ гуфт, бар пояи созишномаи нав шаҳрвандони Тоҷикистон ҳангоми сафар ба Русия метавонанд дар зарфи 15 рӯз худро дар ниҳодҳои марбутаи ин кишвар сабти ном кунанд. Айни замон мӯҳлати сабти номи шаҳрвандони Тоҷикистон дар Русия як ҳафта муқаррар шудааст.

Ба гуфтаи Муҳаммад Эгамзод, “созишнома пас аз гузаштани баъзе ҳамоҳангсозиҳои байнидавлатӣ рӯи кор хоҳад омад”. Баъд аз имзои созишнома дар бораи тартиби ҳузури шаҳрвандони Тоҷикистон нишасти хабарӣ баргузор шуд, ки дар он Сафиаллоҳ Девонаев ва Константин Ромодановский аз имзои он хуш истиқбол карданд. Константин Ромодановский гуфт, аз ҷамъи 10 миллион муҳоҷири корие, ки дар Русия кор мекунанд, даҳ дар сад шаҳрвандони Тоҷикистонанд.

Асрор Одинаев,
раиси намояндагии Хадамоти муҳоҷирати Тоҷикистон дар Маскав дар сӯҳбат бо радиои Озодӣ имзои ин санадро як қадами муҳим арзёбӣ кард. Вай шарҳ дод, ки тибқи ин созишнома муҳоҷирони корӣ метавонанд 15 рӯз дар қаламрави Русия бидуни сабти муҳоҷираот иқомат кунанд. “Ин 15 рӯз - рӯзҳои корӣ мебошанд. Қаблан 3 рӯз буд, 7 рӯз буд. Бисёр вақт шаҳрвандони Тоҷикистон дар ин муддат наметавонистанд, ки дар ягон суроға худро сабти ном кунанд. Ин албатта барои беҳбуд бахшидани шароити иқомати муҳоҷири тоҷик дар қаламрави Русмия иқдоми мусбат аст”, гуфт Одинаев.

Оқои Одинаев шарҳ дод, ки ин созишнома муқаррароти марбут ба гирифтани патент ё иҷозаи хусусии корро дар назар надорад. Вай гуфт, ҳар муҳоҷир бо пардохт кардани маблағе худ масъули гирифтани иҷозаи кори инфиродӣ ё хусусӣ, яъне патент аст ва он ҷои иҷозатномаи корро мегирад. Мӯҳлати гирифтани иҷозати кор, яъне патент аз кордиҳанда ва худи коргар вобаста аст. Ба гуфтаи раиси намояндагии Хадамоти муҳоҷирати Тоҷикистон дар Маскав дар бораи иҷозатномаи корӣ миёни Русия ва Тоҷикистон созишномаи дуввум таҳия шудааст. Дар ин созишнома додани иҷозатномаи корӣ ба муҳоҷири кории тоҷик барои 3 сол дар назар гирифта шудааст. Интизор меравад, ки ин созишнома дар охири моҳи феврал ё аввали моҳи март дар шаҳри Душанбе ба имзо расад.

Баъзе аз муҳоҷирони тоҷик дар сӯҳбат бо радиои Озодӣ ин хабарро истиқбол карданд ва гуфтанд, ки ин таҳаввулот барои онҳо кӯмаки хубе хоҳад шуд. Бархе аз онҳо мегӯянд, то имрӯз бо сабаби навбатҳои тӯлонӣ бисёр муҳоҷирони корӣ наметавонистанд сари вақт худро сабти ном кунанд ва набуди қайди регистратсияи расмӣ мушкили онҳоро дар баробари полиси Русия афзун мекард. Аммо ба андешаи баъзе аъзои ҷамъиятҳои тоҷикони муқими Русия, ин созишнома мушкили умдаи муҳоҷирони кории тоҷикро ҳал нахоҳад кард.

Боғшоҳи Лашкарбек, раиси ҷамъияти тоҷикони муқими Маскав бо номи “Нур” ба радиои Озодӣ гуфт, мӯҳлати тамдидшудаи “сабукии на чандон зиёд аст, чун аз 3 рӯз ба 15 рӯз расондан то ҳаде беҳтар аст. Вале ин ба маънои ҳалли масъала нест, чунки гоҳо дар ҳамин 15 рӯз ҳам мушкиле пеш меояд, ки муҳоҷир наметавонад худро сабти ном кунад”.

Маскав ба тамдиди мӯҳлати буду боши шаҳрвандони Тоҷикистон дар Русия ба ивази тамдиди буду боши пойгоҳи низомии Русия дар Тоҷикистон розӣ шуд. Ҳукуматҳои ду кишвар дар ин бора зимни сафари раисиҷумҳури Русия Владимир Путин ба Тоҷикистон дар моҳи октябри соли гузашта ба мувофиқа расиданд.


Радиои Озодӣ
XS
SM
MD
LG