Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

17 сол манъи сафари як муҳоҷири тоҷик ба Русия. Сабаб - "марихуана"


Маҳмадалии Сафар, сокини 22-солаи деҳаи Зиракии Кӯлоб

Маҳмадалии Сафар, сокини 22-солаи деҳаи Зиракии Кӯлоб

Як ҷавони 22-солаи тоҷик мегӯяд, бо иттиҳоми беасос сафари ӯ ба Русия то соли 2030 манъ шудааст.

Маҳмадалии Сафар, сокини деҳаи Зиракии Кӯлоб нав фаҳмидааст, ки ҳанӯз соли 2013 барои 17 сол аз ҳаққи сафар ба Русия маҳрум шудаааст. Хабари дувуме, ки ӯро такон дод, сабаби ихроҷаш ба қавли мақомоти Русия "истеъмоли марихуана" ё "алафи ҳиндӣ", як навъи маводи мухаддир будааст.

Шубҳаи он ки ихроҷ шудааст, дар як гӯшаи дили Маҳмадалӣ буд, вале танҳо таҳқиқи ҳуқуқшиносон инро ошкор сохт. Вай мегӯяд, дар умраш калимаи "марихуана"-ро нашунидааст, аз ҳама гуна мухаддирот дур аст ва ҳатто носу сигор ҳам намекашад. Пизишкони тоҷик низ ба ӯ ҳуҷҷат додаанд, ки истеъмолгари ин навъи маводи мухаддир нест, аммо ҷониби Русия санади мақомоти тиббии тоҷикро нодида мегирад.

Маҳмадалӣ мегӯяд, ҳоло ба ёд меорад, ки пизишки русе барои пора надодан ӯро таҳдид карда буд: "Ду моҳ монда буд, ки шаҳрвандӣ бигирам. Аз ташхиси пизишк мегузаштам. Хоҳари шафқат наздам омада, гуфт, бояд ба сардухтур 8 ҳазор рубл диҳӣ. Ман рад карда ва гуфтам, пора намедиҳам. Ӯ гуфт, агар намедиҳӣ, пас, дигар Русияро нахоҳӣ дид. Ба ман коғазе надоданд, аммо пас аз моҳе боздошт шуда, бе ҳеҷ шарҳе аз Русия ихроҷ шудам. Нав фаҳмидам, ки ба ман чунин тӯҳмат кардаанд."

Ин ҷавон ҳоло талош дорад, исбот кунад, ки ӯ истеъмолгари марихуна нест ва дубора ҳаққи сафар ба Русияро пайдо кунад, зеро мегӯяд, бидуни муҳоҷират дар Тоҷикистон зиндагиаш пеш намеравад.

Лутфулло Расулов, ҳуқуқшиноси Созмони ҷаҳонии муҳоҷират дар Кӯлоб, ки ба ин ҷавон кумаки ҳуқуқӣ мерасонад, мегӯяд, ба мисли Маҳмадалӣ шаҳрвандоне, ки ба муҳлатҳои тӯлонӣ аз Русия ихроҷ шудаанд, кам нестанд. Ба гуфтаи Расулов, ба ӯ ҳоло 6 нафари дигар низ муроҷиат кардаанд, ки барои 15 сол аз ҳаққи сафар ба Русия маҳрум шудаанд, вале ягон нафари онҳо сабаби ихроҷ шуданашонро намедонад.

Расулов меафзояд: "Чанд нафаре, ки ба мо муроҷиат карданд, маълум кардем, ғайриқонунӣ хориҷ шудаанд. Бархеро бо далели беморӣ хориҷ кардаанд, вале ин ҷо ташхис нишон медиҳад, ки онҳо солиманд. Аммо ҳуҷҷати солим будани онҳоро мақомоти Русия қабул надорад. Фикр мекунам, бояд вазорати тандурустии Тоҷикистон дахолат кунад, то ташхиси беморхонаҳои кишвар дар Русия пазируфта шавад."

Ин ҳуқуқшиноси тоҷик мегӯяд, дар асл тибқи қонунгузориҳои Русия муҳоҷирон на бештар аз 10 сол бояд ихроҷ шаванд, вале мақомоти алоҳидаи ин кишвар аксаран бо баҳонаҳои сохта шаҳрвандони Тоҷикистонро то 17 ва дар бархе маврид барои абад ихроҷ мекунанд.

Осиб Файзуллоев, намояндаи Хадамоти муҳоҷирати Тоҷикистон дар Русия мегӯяд, далели мақомоти рус ин аст, ки онҳо метавонанд аслан барои ҳифзи сиҳатии сокинон ва амнияти кишвари худ муҳоҷиронро аз ҳаққи вуруд ба мӯҳлатҳои тӯлонӣ маҳрум намоянд. Аммо ба гуфтаи ӯ, на ҳама вақт дар Русия ихроҷи муҳоҷирон бар асоси қонун сурат мегирад.

Файзуллоев гуфт, соли гузашта як марди тоҷикро барои як умр аз сафари Русия маҳрум карданд, вале бо талошҳои зиёд ин қарори додгоҳ бекор шуда, ин шаҳрванди Тоҷикистон дар Русия мондааст.

Ӯ гуфт: "Бар асоси пешниҳоди вазорати адлияи Русия ин шаҳрванди Тоҷикистонро додгоҳ барои ҳамеша аз сафар ба Русия маҳрум кард. Ӯ як сол бо гумони фурӯши маводи мухаддир ҳабс шуда буд ва ҳузури ӯро дар Русия хавфбор медонистанд. Ҳамсару панҷ фарзанди ин мард шаҳрванди Русия буда, бо талоши мо ин ҳукми додгоҳ бекор шуд ва ӯ дар ин кишвар боқӣ монд. Мо исбот кардем, ки ҳузури ӯ хатаре надорад."

Бар асоси омори расмӣ, наздик ба 800 ҳазор шаҳрванди Тоҷикистон ба Русия муҳоҷир мешаванд, аммо манобеи ғайрирасмӣ ин шумораро то 2 миллион нафар ҳадс мезананд.

Шумораи муҳоҷирони тоҷике, ки дар чанд соли охир аз Русия ихроҷ шудаанд, наздики 300 ҳазор нафарро ташкил медиҳад. Бо талошҳои мақомоти Тоҷикистон дар ду соли охир зиёда аз 1000 нафар аз ин теъдод ҳаққи вуруд ба Русияро дубора ба даст овардаанд.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG