Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Омори расмӣ баёнгари 15 фоиз коҳиш ёфтани сафари муҳоҷирони кории тоҷик ба Русия аст. Аммо аҳли назар мегӯянд, теъдоди чунин афрод дар асл хеле бештар аз ин омори расмист.

Дар ду моҳи аввали соли 2015 шумори онҳое, ки Тоҷикистонро ба қасди муҳоҷирати корӣ тарк кардаанд, қариб 15 дарсад коҳиш ёфта, шумори онҳое, ки аз муҳоҷирати корӣ ба зодгоҳи худ баргаштаанд, баракс 10 дарсад афзудааст.

Хадамоти муҳоҷирати Тоҷикистон мегӯяд, дар ду моҳи аввали соли ҷорӣ ҳамагӣ 83 ҳазор нафар асосан ба Русия барои кор рафта ва бештар аз 71 ҳазор нафари дигар дар ҳамин ду моҳи охир ба Ватан баргаштаанд.

Дар нуқтаҳои фурӯши чиптаҳо низ мегӯянд,талабот ба чиптаҳои парвоз ба шаҳрҳои Русия ҳудуди 60 дарсад коҳиш ёфта, ҳавопаймоҳо қариб холӣ мераванд. Ҳатто ба иддае аз ширкатҳои ҳавопаймоӣ хатари муфлисшавӣ таҳдид мекунад.

Ин дар ҳолест ки маъмулан аз моҳи март дар Тоҷикистон мавсими навбати муҳоҷират сар мешавад ва дар ин шабу рӯз дар солҳои гузашта пайдо кардани чипта то Русия як амри муҳол мешуд.

Абдулло Қодирӣ, сухангӯи Хадамоти муҳоҷирати вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Тоҷикистон, рӯзи 16-уми март дар сӯҳбат ба Радиои Озодӣ гуфт, имсол дар қиёс ба ҳамин давраи соли гузашта бештар аз 13 ҳазор нафар ба муҳоҷират нарафтаанд.

Ҷаноби Қодирӣ мегӯяд: “Бо дарназардошти бӯҳрони иқтисодӣ, беқурбшавии рубл ва сахттар шудани қонунгузории Русия, ки патенту гирифтани сертификат ҷорӣ шуд, дар ду моҳи соли ҷорӣ дар қиёс ба ҳамин давраи соли 2014 бештар аз 13 ҳазор нафар ба муҳоҷират сафар накардаанд. Ҳамчунин шумори нафарони ба Ватан баргашта низ бештар шудааст.”

Ба қавли ҷаноби Қодирӣ, дар ду моҳи аввали соли ҷорӣ 71 ҳазор аз муҳоҷирати корӣ баргашта бошад, як соли гузашта дар ҳамин давра 66 ҳазор нафар ба Тоҷикистон баргашта буд.

Ҳамасола аз оғози моҳи март дар Тоҷикистон пайдо кардани чиптаҳои ҳавопаймо бо хатсайрҳои Русия хеле душвор буд. Одамон барои харидории чипта навбат ҳам мепоиданд. Аммо имсол талабот ба чиптаҳо ба Русия ба маротиб коҳиш ёфтааст. Ҳангоми боздид аз 10 нуқтаи чиптафурӯшӣ мо ҳамагӣ 5 нафаре пайдо кардем, ки мехостанд барои сафари Русия харидорӣ кунанд.

Онҳое чипта мехариданд, ки ба қавли худашон, дигар ҳеҷ илоҷи дар Тоҷикистон истоданро надоштанд. Онҳо мегуфтанд, моҳҳои зиёд талош карданд, ки дар Ватан коре пайдо кунанд, аммо натавонистаанд.

Фирӯз

Фирӯз

Фирӯз, як ҷавони 28-сола аз ноҳияи Ишкошим, бо ду рафиқаш барои харидории чипта ба Душанбе омадаанд. Сӯҳбати мо бо Фирӯз ва рафиқонаш дар яке аз нуктаҳои чиптафурӯшӣ сурат гирифт. Оннҳо мегуфтанд, аз ноилоҷӣ мехоҳанд ба Русия раванд.

Фирӯз гуфт, се моҳ пеш аз Русия баргашта, аммодар инҷо коре пайдо карда натавонистааст. Бо ин далел бо вуҷуди ҳама фишорҳо дар Русия нигоҳ накарда мехоҳад дубора ба муҳоҷират равад.

Фирӯз мегӯяд: “Хайр, чӣ кор кунем дигар? Бо вуҷуди ҳамаи мушкилиҳо он ҷо аз ин ҷо хубтар аст. Ҳарчанд ки ними пули коркардаамон дар патенту дигар корҳо харҷ мешавад, аммо боз ҳам одам метавонад коре карда зиндагияшро пеш барад. Мо як соли дароз он ҷо кор мекунем ва омада дар ин ҷо дар ду-се моҳ тамоми маблағи овардаамонро сарф мекунем. Арзиши тамоми молу маҳсулот гарон аст. Болои ин кор нест. Бекор ду ё се моҳ мегардӣ, нашавад ки тамоми умр одам бекор гардад.”

Ба нақли Фирӯз, ӯ аз соли 2008 ба ин сӯ ба муҳоҷирати меҳнатӣ рафта, корҳои гуногунро анҷом медиҳад. Ин ҷавони тоҷик мегӯяд, агар дар Русия моҳона 30 ҳазор рубл, муодили 500 доллар бо қурби имрӯза, кор кунад, метавонад ҳадди ақал 5 ҳазор рубл барои хонаводааш равон кунад. Аммо дар Тоҷикистон ҳамин маблағро наметавонад пайдо кунад.

Иддаи дигари муҳоҷирон бошанд мегӯянд аз он ки баъди ҷорӣ шудани қонунҳои нави муҳоҷират 60 дарсади даромадашон дар Русия сарфи патенту имтиҳони забону пули хонаю “хӯрондан”-и пулису ФМС- у дигар хароҷот мешавад, беҳтар аст, ки дигар ба мардикорӣ нараванд.

Собир Усмонов, сокини шаҳри Душанбе мегӯяд, ба муҳоҷирати меҳнатӣ меравад, аммо ба як шарт. Агар дар Русия вазъ тағйир ёбад.

Ӯ мегӯяд, дар Русия дар як корхонаи саноатӣ кор мекард ва бар изофаи ҷои хоби бепул 20 ҳазор рубл моҳона мегирифт. Вай моҳе имкон дошт, ки то 10 ҳазор рубл барои зану фарзандонаш равон кунад. Ҳоло ин гуна имконро надорад ва ба ин далел то беҳтар шудани вазъ дар Русия мунтазир хоҳад монд.

Собир мегӯяд: “Агар вазъ дар Русия ҳамин хел боқӣ монад, беҳтараш дар Тоҷикистон кор мекунам. Дар ҳамин ҷо 400-500 сомонӣ пайдо кардан мумкин аст. Дар Русия хешу таборам ҳастанд, ҳар вақте гуфтанд, биё, вазъ хуб аст, баъд меравам.”

Дар нуқтаҳои чиптафурӯшӣ, ки одамон хеле кам ба назар мерасиданд, ба гуфтаи масъулонаш, рӯзона аз ҳама зиёд аз 5 то 7 чипта ба самти Русия мефурӯшанд. Ин дар ҳолест ки ба қавли чиптафурӯшҳо, соли гузашта дар ин шабу рӯз, ки оғози мавсими сафари муҳоҷирон аст, рӯзона на камтар аз 25 чипта савдо мекарданд.

Сӯҳроб, ки чанд сол боз чиптаи ҳавопаймо мефурӯшад, мегӯяд, талабот ба чиптаҳо ба самти Русия хеле кам шудааст ва бархе рӯзҳо ягон чипта намефурӯшанд. Вай ба унвони мисол мегӯяд, ҳамин рӯзи 16 март то соати 14:30 ҳамагӣ як нафар барои харидории чипта омадааст. Ҳол он ки соли гузашта дар як рӯз дӯкони вай на камтар аз 25-30 чипта савдо мекард.

Сӯҳроб мегӯяд: “Солҳои пеш ҳатто як моҳ пеш чиптаҳоро савдо мекардем. Ҳозир ҳар вақте хоҳӣ, билет ҳаст. Дар рейсҳо агар пештар ҷой намешуд, ҳоло тайёра бо ҳамагӣ 40-50 мусофир парвоз мекунад.”

Шамсиддин Кенҷаев, савдогари дигари чиптаҳои ҳавопаймо низ мегӯяд, қонунҳои нави Русия боис шудааст, ки дигар шаҳрвандон аз рафтан ба мардикорӣ худдорӣ кунанд. Дар баробари он ки шумораи муҳоҷирон сахт коҳиш ёфтааст, боз аз ҳар як хатсайр то 15 нафар бозпас гардонида мешавад: Худаш савдои билет хело суст аст. Ба замми ин боз вақте аз фурудгоҳи Русия муҳоҷиронро пас мегардонанд, онҳо омада пули чиптаашонро талаб мекунанд. Пештар билетҳо хеле кам ва дар ҳолатҳои хеле зарурӣ бозпас гардонида мешуд. Ҳоло баргардондани билетҳо хеле зиёд шудааст.”

Бозгашти селосои муҳоҷирон аз Русия ва ба он кишвар барнагаштани аксари онҳо, ба қавли таҳлилгарон, метавонад сабаби мушкилоти иҷтимоӣ ва густариши фақр дар Тоҷикистон шавад.

Ҷовидшоҳ Ҷӯраев, ҷомеашиноси тоҷик мегӯяд, иллати якбора шиддат гирифтани бозгашти муҳоҷирон бӯҳрони иқтисодиву беқурбшавии рубл ва қавонини нави Русия мебошад. Ба қавли ин таҳлилгари тоҷик, азбаски дар Тоҷикистон бозори меҳнат чандон фаъол нест, бозгашти муҳоҷирон боиси афзудани фақр ва тафриқабандӣ миёни бою камбағал мегардад.

Ҷӯраев мегӯяд: “Тоҷикистон интизор набуд, ки вазъ ба якборагӣ чунин мешавад. Бозори кор ва вазъи иқтисодии мо ҳанӯз барои бозгашти муҳоҷирон ва бо кор таъмин кардани онҳо омода набуд. Ба кори хуб таъмин кардани муҳоҷирони корӣ дар Ватан ҳоло ғайриимкон аст.”

Ҷамъи муҳоҷирони тоҷик дар Русия беш аз 1 миллион гуфта мешавад. Онҳо ҳар сол ба Тоҷикистон маблағи баробари қариб нисфи тамоми иқтисоди ин фақиратрин кишвари пасошӯравиро мефиристанд ва Тоҷикистон аз нигоҳи вобастагиаш ба пули муҳоҷирон осебпазиртарин кишвари дунё шумурда мешавад.

Бозгашти бошиддати муҳоҷирон дар ҳолест, ки ахиран Сандуқи байналмилалии пул низ дар гузоришаш гуфт, дар соли 2015 пулҳое, ки муҳоҷирони кории тоҷик мефиристанд, метавонад то 30 дарсад коҳиш ёфта, ин ба тамоми бахшҳои ҳаёти кишвар таъсир кунад. Соли 2014 пули фиристодаи муҳоҷирон, бино ба маълумоти Бонки миллии Тоҷикистон, назар ба як соли қаблӣ 8,3 дарсад ё 300 миллион коҳиш ёфта, 3 миллиарду 900 миллион долларро ташкил дод.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG