Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

“Ин фарзанди ман нест”, мегӯянд муҳоҷирони баргашта


Акс аз бойгонӣ.

Акс аз бойгонӣ.

Додгоҳҳои Тоҷикистон ҳангоми баррасии парвандаҳои алимент ҳарчӣ бештар бо иддаои падароне рӯбарӯ мешаванд, ки мегӯянд, фарзанд аз камари онҳо нест.

“Ин фарзанди ман нест”, -- ҷумлае шудааст, ки дар аксар баҳсҳои додгоҳӣ мардони муҳоҷири тоҷик дар муқобилои талаби алименти фарзандон ба забон меоранд. Онҳо даъво мекунанд, ки чаро бояд барои фарзанди марди дигаре нафақа диҳанд. Азбаски дар Тоҷикистон ташхисгоҳи ДНК вуҷуд надорад, даъвои онҳоро рад ё исбот карда намешавад, вале дар ин миён кӯдакон зарбаи равонӣ мебинанд.

Рӯзи 16-уми марти соли ҷорӣ марди муҳоҷире пас аз бозгашт аз Русия барои насупурдани алименти ду фарзанди ноболиғаш боздошт шуд. Аммо вай иддао дорад, ки ин фарзандон аз ӯ нестанд ва ҳамсараш онҳоро замоне ба дунё овардааст, ки мард дар Русия муҳоҷир будааст.

Додситонии Кӯлоб Абдуманон Зуҳуров, сокини 37-солаи ин шаҳрро бо моддаи 177-и Кодекси ҷиноии Тоҷикистон, яъне “Бадқасдона саркашӣ намудани падару модар аз таъминоти фарзандон” айбдор медонад. Ин моддаи Кодекси ҷиноӣ аз ҷалб ба корҳои иҷборӣ то ду соли зиндонро дар назар дорад. Онҳое, ки ин хабарро шунидаанд, дар тафсираш ҳадси гуногун мезананд. Бархе инро “баҳонаи мардон барои гурез аз масъулият”, дигаре “хиёнати занҳо ҳангоми дар муҳоҷират будани шавҳарон” ва иддае “гум шудани меҳри падарони муҳоҷир” ба фарзандон медонанд.

Ҷамшед Аҳмадов, додраси додгоҳи Кӯлоб мегӯяд, парвандаи Зуҳуров ба додгоҳ ворид шудааст, вале мушкили баррасии он пеш хоҳад омад. "Ин шаҳрванд бояд исбот кунад, ки ду кӯдак фарзанди ӯ нестанд. Ҳоло иттиҳом танҳо насупурдани алименти дусола аст.”

Дар таҷрибаи додрасияш бори аввал нест, ки Ҷамшед Аҳмадов бо чунин баҳсҳои мушкил рӯбарӯ мешавад. Ба ақидаи ӯ, исботи комили даъворо ташхиси ДНК ҳал карда метавонад. Масъулони Шӯрои адлияи Тоҷикистон мегӯянд, дар як соли гузашта ҳеҷ парвандаи додгоҳие набудааст, ки дар он ташхсиси ДНК анҷом ёфта, падарии нафаре инкор ё тасдиқ шуда бошад. Соли 2013 қазияи Зайд Саидов ва як ташхиси ДНК бисёриҳоро дилсард карда буд, ки чунин ташхис низ метавонад аз ҳақиқат дур бошад.

Наздикони Абдуманон Зуҳуров мегӯянд, борҳо талош кардаанд, то падарии ӯро ба кӯдакон собит кунанд, аммо на ҷониби даъвогар ва на додгоҳҳо ин масъаларо ба инобат нагирифтанд. Ҷаҳоноро Зуҳурова, хоҳари Абдуманон ба Радиои Озодӣ гуфт, вақте фарзанди аввал таваллуд шуд, бародарашон бо эътироз аз зода шудани ӯ дар давраи муҳоҷираташ, аз зиндагии якҷоя бо ҳамсараш канор рафт, аммо ҳамсараш бо баҳонаи исботи падариаш ду сол дигар, яъне то таваллуди дигар фарзандаш зиндагии муштаракро идома дод.

Ӯ гуфт: “Вақте фарзанди дуввумаш таваллуд шуд, тамоман девона шуд ва аз Кӯлоб баромада рафт. Ӯро духтурон гуфта буданд, ки аз ту фарзанд намешавад ва бояд чанд сол табобат кунӣ. Инро ҳама медонист ва ӯ ҳуҷҷат ҳам дорад, ки аз ӯ фарзанд намешавад. Болои ин, ӯ дар Русия буд ва зиндагии якҷоя надоштанд, пас фарзандон чӣ тавр таваллуд шуданд? ”

Аммо Нигина Ҳалимова, ҳамсари собиқи ин мард мегӯяд, ба хонаводааш хиёнат накардааст ва шавҳараш танҳо ба хотири сарпечӣ аз пардохти алимент, ӯро тӯҳмат мезанад. Ин зан мегӯяд, омодааст, падар будани Абдуманон Зуҳуровро дар ҳама ҷо собит кунад. Аммо намегӯяд, ба чӣ тарз.

Файзинисо Воҳидова, вакили дифоъ.

Файзинисо Воҳидова, вакили дифоъ.

Ҳуқуқшинос Файзиниссо Воҳидова, мегӯяд, дар таҷрибааш даҳҳо ҳолате буд, ки мардҳо тақозо мекарданд, то падар будани онҳо собит шавад, вале додгоҳ назари онҳоро ба инобат нагирифта, якҷониба ҳукм мебаровард. Шояд ба ҳамин сабаб, занон дар чунин қазияҳо бо итмонон амал мекунанд. Ҳамсӯҳбати мо меафзояд, ба ҳар тартиб, боре дар як баҳс марде зоҳиран собит сохт, ки фарзандон аз ӯ нестанд.

Ӯ гуфт: “Мард бо далелҳои зиёд дар баҳси судӣ мегуфт, ки фарзанд аз ӯ нест, аммо зан хеле дилпур ӯро рад мекард. Мо иҷозаи судро барои ташхиси ДНК гирифтем ва хостем, ки дар Тошканд ин корро анҷом диҳем. Лекин як бор зан аз раъйаш гашт ва барои ташхис гирифтани намунаи мӯи сару хуни фарзандонаш розӣ нашуд. Ин худ собит сохт, ки воқеан он зан ба ин бовар надорад, ки фарзанд аз марде, ки болояш даъво дорад, аз он аст.”

Баръакси гуфтаи ин вакили дифоъ, Фархунда Шамсова, зане ки аз ҳамсараш ҷудо шуда, ҳоло барои се фарзандаш алимент мегирад, мегӯяд, дар баҳси додгоҳӣ ба чунин иттиҳоме рӯ ба рӯ шудааст: “Шавҳарам гуфт, ки ҳамин фарзанди сеюм аз ман нест ва барои он алимент намедиҳад. Ин кӯдак вақте дар батнам пайдо шуда буд, ки ҷангу ҷанҷол мекардем ва зуд-зуд хонаи модарам мерафтам. Ӯ ҳаминро далел овард ва ман гуфтам, ки агар ту инро исбот кунӣ, омодаам, ки худамро ба дор овезам. Гуфтам, ҳар коре мекунӣ розиам ва инро исбот кун. Лекин накард ва бо дили нохоҳам ба ин фарзандам ҳам алимент дод. Баъдтар ба наздиконам вақти хабаргирии кӯдаконам гуфтааст, ки ин гапро дар сари қаҳраш гуфтааст.”

Ойниҳол Бобоназарова.

Ойниҳол Бобоназарова.

Раддияи мардҳо, ки мегӯянд, падари кӯдак нестанд, қатъи назар аз он ки ба фоидаи кӣ ҳал мешавад, ба фарзандон зарбаи шадиди рӯҳӣ мезанад. Дар аксари ҳолат, онҳо бо бузург шудан ин ҳарфи падарро то поёни умр фаромӯш намекунанд.

Ойниҳол Бобоназарова, раҳбари созмони “Перспектива+” чунин аъмолро, як бадахлоқии маънавӣ мешуморад ва мегӯяд, даҳҳо бор ба чунин парвандаҳо рӯ ба рӯ шуда бошад ҳам, ҳеч яки онҳо исботи қонунии худро наёфтааст: “Ин гуна баҳсҳо, ки мард мегӯяд, фарзандон аз ман нестанд, хеле зиёд аст. Додгоҳҳои Тоҷикистон бо далеле, ки дар Тоҷикистон ташхиси ДНК вуҷуд надорад ва бар асоси ҳуҷҷати сабти асноди ҳолати шаҳрвандӣ ва шоҳидии шоҳидон, ки ин ду нафар зиндагии муштарак доштанд, мардро падар шинохта ба супурдани алимент маҷбур месозад. Бар асоси қонун, бояд додгоҳ дархости даъвогарро ба инобат гирад ва барои ташхсиси ДНК ба ӯ расман пешниҳод бидиҳад. Мутаасифона дар мо чунин нест.”

Аммо равоншиносон баҳси инкори падарӣ дар додгоҳҳои Тоҷикистонро ба омилҳои гуногун марбут медонанд. Зарина Кенҷаева, равоншиноси тоҷик мегӯяд, муҳоҷират муҳаббати падарон ба фарзандонро коҳиш додааст ва бархе мардони дигар дар муҳоҷират гумон мекунанд, ки ҳамсаронашон дар ватан ба онҳо хиёнат мекунанд.

Зарина Кенҷаева, равоншиноси тоҷик.

Зарина Кенҷаева, равоншиноси тоҷик.

Ӯ мегӯяд: “Муҳаббат эмотсия ҳаст ва ҳамон қадар дур рафтӣ, камтар мешавад. Дуввум ин ки, мардон аз масъулият метарсанд ва марде нест, ки супурдани алиментро ба ӯҳда бигирад. Занҳое ҳам ҳаст, ки хиёнат мекунанд, аммо ин хеле кам аст. Мардон бештар меҳрашон кам шудааст ва бо баҳонаи инкори фарзанд, мехоҳанд аз масъулият бигурезанд”.

Соли гузашта дар Тоҷикистон беш аз 9 ҳазор хонавода аз ҳам пошид, ки бар асоси иттилои расмӣ, 60 дар сади онҳо барои ситонидани алимент ба додгоҳҳо муроҷиат кардаанд. Аз ин ҳисоб наздикӣ 4 ҳазор марде, ки аз ҳамсарони худ ҷудо шудаанд, муҳоҷирони мавсимӣ ба ҳисоб мерафтаанд.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG