Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

"Шикаст"-и ҲНИТ. Тарс аз "Давлати исломӣ" ё талоши ҳифзи қудрат?


Аз парлумон берун мондани ҲНИТ як тафовути умдаи ин кишварро аз ҳамсоягонаш дар Осиёи Марказӣ аз байн бурд ва то ҷое нишонаҳои барномаи ояндаи ҳукуматро ошкор намуд.

Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон (ҲНИТ) дигар ҳизби парлумонӣ нест. Бино бар натиҷаҳои интихоботи 1-уми март на танҳо боз ҳам аксарияти курсиҳои порлумонро ҳизби ҳоким ба даст овард, балки ҲНИТ аз ду курсии анъанавии худ маҳрум гашт. Сиёсатшиноси тоҷики муқими Маскав Бахтиёр Сатторӣ мегӯяд, бар пояи ин интихобот "таркиби ниҳоди олии қонунгузори кишвар акнун ба гунаи комил шакл иваз мекунад. Дар он ҳизби ҳоким бо изофаҳои хурде аз ҳизбҳои сателлиташ боқӣ мемонад.“

Таҳлилгари тоҷик Раҷаби Мирзо натиҷаҳои интихоботро оғози як стратегияе меномад, ки қадами баъдии он назархоҳии умумихалқии зидди ҳизбҳои динӣ ва атеистӣ хоҳад буд. " Банди 28 - и Қонуни асосӣ, ки вуҷуди аҳзоби дорои характери диниву атеистиро таъмин мекунад, ба баҳс кашида мешавад. Аммо азбаски ин референдум бархе масоили дигари ҷиддиро ба баррасӣ мегузорад, фазои сиёсӣ тафсон хоҳад шуд ва хатару рискҳои фаровонро пеш хоҳад овард." Аммо корманди Маркази мутолиоти стратегии вобастаи раёсатҷумҳурии Тоҷикистон Маҳдии Собир бар ин аст, “мардуми кишвар роҳи худро интихоб кард, ки ин як ҷомеаи бидуни ягон идеология аст.”

Ба ҳар тартиб, аз порлумон берун мондани ҲНИТ нуқтаи олии маъракае шумурда мешавад, ки зиёда аз як сол ба ин сӯ зидди ин созмони сиёсӣ идома дошт.​

ОҒОЗИ БАРНОМАИ НАВ?

Коршиноси мустақил Зафар Абдуллоев натиҷаҳои интихоботро "оғози сенарияи ифротӣ кардани ҲНИТ ва "торумори он" меномад. Вай меафзояд: “Аз ин лиҳоз Душанбе ҳамсони Кремл амал мекунад. Ман бовар дорам, ки Муҳиддин Кабирӣ (раиси ҲНИТ) ва ҳамсафони ӯ инро ба гунаи аъло мефаҳмиданд ва мефаҳманд, ки як-ду соли охир, баъд аз оғози давраи “сахт кардани мурватҳо” кор ба ҳамин самт мекашид.”

Пеш аз ин барои Тоҷикистон мояи ифтихор буд, ки дар парлумонаш як ҳизби исломӣ низ дорад. Сиёсатшиноси тоҷик Рашид Ғанӣ Абдулло мегӯяд: “Ин, ба ҳар ҳол, як шохиси мусбате буд дар симои байнулмилалии Тоҷикистон, ки мисли ҳамсояҳояш аз захираҳои саршори нафту газ бархӯрдор нест. Ва ҳамин чиз таваҷҷӯҳи бисёре аз кишварҳоро ба Тоҷикистон ҷалб мекарду дастрасии Тоҷикистон ба хазинаҳои байнулмилалиро беҳтар.”

Коршиносони дигар низ мавҷудияти ҲНИТ-ро дар порлумон такияи ҳукумат ба исломи мӯътадил, ҷуброни маҳдудиятҳо дар озодии дин ва василаи робита бо давлатҳои исломӣ мешумурданд. Пас чӣ тағйире ба миён омад? Яке аз сабабҳои асосӣ, ба гуфтаи Рашид Ғанӣ Абдулло, и​н буд, ки "дар саросари дунё мавҷи зидди созмонҳои исломгаро баланд шудааст. Ба вижа рӯйдодҳои Ховари Миёна, зуҳури гурӯҳи “Давлати Исломӣ” ба коҳиши сахти симои созмонҳои исломӣ сабаб гашт ва дар саҳнаи дохилӣ, ҳатман ин ҳама мавриди истифодаи рақибони сиёсии ҳизб қарор гирифт, ки агар намегирифт, шубҳаангез мебуд.”

Ин коршинос меафзояд, элитаи сиёсии Тоҷикистон ба натиҷае расидааст, ки бояд саҳна тағйир ёбад. Ақидае ҳам ҷой дорад, ки бо ин роҳ саромадони сиёсии Тоҷикистон ба таҳаввулоти эҳтимолӣ дар Русия, Ӯзбакистон ва Афғонистон омодагӣ гирифтаанд. Ва Зафар Абдуллоев илова мекунад, ки "ҳам президент ва ҳам клани ӯ, зоҳиран, осонтарин роҳи ҳифзи қудрат ва ҳамзамон ноустувортарин роҳро интихоб кардаанд.”

ИН РОҲ БА КУҶОСТ?

Муҳиддини Кабирӣ лаҳзаҳое баъд аз эълони натиҷаҳои интихобот

Муҳиддини Кабирӣ лаҳзаҳое баъд аз эълони натиҷаҳои интихобот

Бештари коршиносон бар инанд, ки натиҷаҳои интихобот мавқеи мӯътадилонро дар дохили ҲНИТ то ба ҳадди охир суст мекунад ва аз порлумон берун мондани ҳизб ё барномаи эҳтимолии баста шудани он сабаби майли аъзояш ба тундгароӣ хоҳад гашт. Раҷаби Мирзо дурнамои вазъро омехта бо хатарҳо меномад ва мегӯяд: “На танҳо барои ҲНИТ, балки барои тамоми мардуми Тоҷикистон рискҳое сохта шуданд ва ин оғози дигаргуниҳои куллӣ дар сохтори идории Тоҷикистон аст, ки метавонад, дар дохили гурӯҳи ҳоким низ ихтилофотеро ангезиш диҳад.”

Аз нигоҳи коршиносон берун мондани ҲНИТ аз парлумон фазоро ҳассостар кардаву як шароити пешгӯинашавандаро ба миён овард, ки амнияту суботро халалдор карда метавонад.” Аммо пажӯҳишгари масоили амниятӣ дар Маркази мутолиоти стратегии вобастаи раёсатҷумҳурии Тоҷикистон Комёб Ҷалилов бар ин аст, ки натиҷаҳои интихобот баёнгари воқеият буда, шикасти ҲНИТ наметавонад, вазъро халалдор кунад. "Аммо, - меафзояд ин коршинос, - аз эҳтимол дур нест ки норозигии онро қудратҳои беруна сӯиистифода кунанд.” Ба ақидаи Бахтиёр Сатторӣ низ, “вазъи дохилии ноодилона акнун ангезаҳои бештаре барои дахолати беруна пайдо мекунад.”

ПОЙГОҲИ ҲНИТ

Интихобот дар бисёре аз кишварҳо санҷише барои ҳизби ҳокиманд. Вале дар Тоҷикистон, ки ҳизби ҳоким ҳанӯз 20 сол пеш аз санҷиш гузаштааст, ин интихобот баёнгари сиёсатҳои ояндаи он шуд. Ба ақидаи Раҷаби Мирзо, ҳукумат тавонист, шеваи “тағйироти кадрӣ”-и худро дар раванди интихобот низ идома диҳад ва ҳамон гуна ки “тағйироти кадрӣ” дар нигоҳи аввал бемаънӣ метобанду дар асл маъниҳои амиқ дорад, ин идомааш низ саршор аз маъниҳост. Вагарна ҲНИТ пойгоҳи кофии иҷтимоӣ дошт, ки ба парлумон роҳ ёбад. Коршиноси мустақили тоҷик Абдумалик Қодирӣ гумон намекунад, "ҳизбе, ки зиёда аз 40 ҳазор узви расман қайдшуда дорад, ҳизбе, ки сохтор дорад, стратегия дорад, пул дорад, аз технологияҳои муосири муборизаи сиёсӣ бархӯрдор аст, ҳамагӣ 1,8% овоз касб карда бошад. Ва дар айни ҳол, аҳзобе чун Ҳизби Аграрӣ, ҲИИ ва Соқиалистон, ки бештар рӯи коғаз вуҷуд доранд, садди 5%-ро убур мекунанд." Яке аз нозирони интихобот, ки нахост, аз ӯ ном бурда шавад, мегӯяд, бо ҳимояти аъзояш ва ҳамчунин электорати эътирозӣ, ҲНИТ шояд раъйи кофӣ гирифта бошад.

Дар гузориши нозирони САҲА омадааст, ки тарзи шумурда шудани овозҳо ба шаффофияти интихобот замонат намедиҳад. Яъне агар тамоми раванди интихобот қонунӣ ва одилона ҷараён ёфта бошад ҳам, дар марҳалаи шумориши раъйҳо арқом метавонанд, ба хости дили “коргардони намоиш” гузошта шаванд. Дар ҳамин гузориш гуфта мешавад, ки мавридҳои зиёде ба мушоҳида расидаанд, ки арқоми прокотолҳои шумориши оро ба ҳамдигар мутобиқат намекунанд ва дар баъзе ҳолатҳо протоколҳоро ҳанӯз пеш аз шумурдани овозҳо пур кардаву супурдаанд.

P. S. Ақидаи комилан дигарро блогнависи тоҷик Рустам Гулов ба миён гузошт. Вай мегӯяд, аз эҳтимол дур нест, ки дар чунин пасманзар аз парлумон берун монданаш барои ҲНИТ маҳбубияти бештар орад, зеро агар як қисми тарафдорони он аз хиёнат ба раъйи худ норозӣ бошанд, бахши умдаи мардум одатан ҷабрдидаҳоро дӯст медорад ва тарафи онҳоро мегирад. "Ба ин сабаб мумкин аст, сафи ҳаводоронаш бештар шавад."

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG