Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

- Ба ҷои чанд кас овоз додед? - Ба ҷои ҳама (6 ВИДЕО)


Хабарнигорони Озодӣ дар Кӯлоб ва Душанбею минтақаи Қӯрғонтеппа чандин мавриди ба ҷои чанд нафар овоз додани як кас ва бидуни шиноснома гирифтани баргаи раъйро мушоҳида ва сабт кардаанд.

Хабарнигорони Радиои Озодӣ дар чанде аз қитъаҳои раъйдиҳӣ дар Хатлону Душанбе ҳолатҳои ба ҷои чанд узви хонавода раъй додани як нафар ва ё бидуни шиноснома гирифтани баргаи овоздиҳиро мушоҳида кардаанд.

Орзуи Карим, хабарнигори Радиои Озодӣ дар Қӯрғонтеппа, ҳангоми наворбардорӣ дар яке аз ҳавзаҳои интихоботӣ ҳолатеро мушоҳида кардааст, ки як ҷавон бе пешниҳоди шиносномаи худ баргаҳои раъйро гирифта, барои овоздиҳӣ вориди кобина шудааст.

Ӯ гуфт, дар як ҳолати дигар мушоҳида шуда, ки узви кумисюни ҳавзавӣ ба овоздиҳандагон “ёрӣ” додааст.

Дар навори дигар, ки хабарнигори Радиои Озодӣ дар яке аз қитъаҳои интихоботии ноҳияи Синои пойтахт бардоштааст, дида мешавад, як раъйдиҳанд дар даст чанд шиноснома дорад ва бо ҳамон соҳиби баргаҳои раъй мегардад.

Хабарнигори Радиои Озодӣ дар Кӯлоб низ ҳангоми назорат бар ҷараёни интихоботи парлумонӣ дар чанд қитъаи раъйдиҳӣ мавридҳои овоз додани як нафар ба ҷои чанд нафарро ошкор кардааст. Маҳмудҷони Раҳматзода мегӯяд, дар қитъаи раъйдиҳии рақами 6 як сокини минтақаи Кӯлобро дидааст, ки ба ҷои чанд узви хонаводааш раъй медод. “Вақте аз ӯ пурсидам, ба ҷои чанд кас овоз дод, ин сокини минтақаи Кӯлоб гуфт, ба ҷои се нафар раъй додааст”,-мегӯяд хабарнигори мо.

Дар навори видеоӣ ин сокини минтақаи Кӯлоб шарҳ медиҳад, ки дигарон машғули кор ҳастанд ва ӯ хостааст, ба ҷои дигарон ҳам раъй диҳад. Инчунин, дар қитъаи рақами 27-и Кӯлоб хабарнигори Радиои Озодӣ мавридеро наворбардорӣ кардааст, ки як мард мехоҳад ба ҷои ҳамсараш низ овоз диҳад.

Овоз додан ба ҷои тамоми аъзои хонавода дар интихоботҳои Тоҷикистон як амри маъмул аст, ки ҳанӯз аз замони Шӯравӣ бозмондааст. Аммо нозирони умур ин "анъана"-ро хилофи меъёрҳои қабулшудаи як интихоботи демократӣ медонанд ва мегӯянд, чунин қонуншиканиҳо роҳро ба тахаллуфоти фаровон боз мекунад.

Баъд аз он ки хабарнигори Радиои Озодӣ ин чанд ҳодисаро ошкор кард, масъулони ҳавза як сокини Кӯлобро ба хотири он ки ба ҷои ҳамсараш вооз доданӣ буд, сарзаниш карданд. Вай мард гуфт, ҳамсараш бемор аст ва ӯ мехост ба ҷои ӯ ҳам овоз диҳад. Масъулони ҳавза таъкид карданд, ки барои афроди бемор қуттиҳои сайёр мефиристанд ва ҳамсари ӯ низ он вақт овоз медиҳад.

Дар ҳамин ҳол, масъулони дафтари Ҳизби наҳзати исломӣ дар вилояти Суғд аз таҳдидҳо ба нозиронашон хабар доданд. Мирзоолим Ҳамдамов, аз масъулони ҲНИТ дар шимоли Тоҷикистон, гуфт, дар қитъаи раъйдиҳии рақами 13 дар ноҳияи Ғончӣ нозири онҳоро барои он ки аз "тақаллубкориҳо дар ҷараёни овоздиҳӣ" эътироз кардааст, аз қитъа рондаанд.

Ӯ афзуд, бар иловаи ин ҳодиса дар қитъаи рақами 1-и ин маҳал, масъули бахши ҳизби наҳзати исломӣ Ғончӣ - Сайфулло Бобоевро, ки ба ҳайси нозир иштирок доштааст, аз сӯи як мақоми пулис таҳдид шудааст. Ба қавли Бобоев, гӯиё маъмури пулис гуфтааст, "баъд аз интихобот ришатро як тор - як тор меканам."

Ин видерро аз ҷараёни овоздиҳӣ дар Ваҳдат хабарнигори Озодӣ Ганҷинаи Ганҷ овардааст:

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG