Пайвандҳои дастрасӣ

Бар асоси натиҷаҳои пешакии интихоботи парлумонӣ, ҲНИТ ва ҲКТ дар Маҷлиси намояндагон бе ҷой монданд. Ин бор ҳизби сотсиалист ба раҳбарии Абдуҳалим Ғаффоров барои бори якум вориди парлумон шуд.

Шермуҳаммади Шоҳиён, раиси Кумиссиюни марказии интихобот ва раъйпурсии Тоҷикистон (КМИРТ), рӯзи 2 март натиҷаҳои пешакии интихоботи парлумонӣ дар ҳавзаи ягонаи умумиҷумҳуриявиро эълон кард.

Ӯ гуфт, дар ин интихобот 3 миллиону 791 ҳазору 827 нафар, яъне 87,7 дарсади аҳолии қобили раъй иштирок карда, ба тарафдорӣ аз номзадҳову аҳзоб овоз додаанд.

НАТИҶАҲОИ ПЕШАКӢ ДАР ҲАВЗАИ ЯГОНА:

Ҳизби аграрӣ - 450 ҳазору 275 нафар, яъне 11,8 фоиз

Ҳизби демократ - 64 ҳазору 547 нафар, яъне 1,7 фоиз

Ҳизби ислоҳоти иқтисодӣ – 288 ҳазору 308 нафар, яъне 7,6 фоиз

Ҳизби коммунист - 87 ҳазору 12 нафар, яъне 2,3 фоиз

Ҳизби наҳзати исломӣ - 58 ҳазору 27 нафар, 1,5 фоиз

Ҳизби сотсиалист - 210 ҳазор нафар, яъне 5,5 фоиз

Ҳизби сотсиал-демократ – 18 ҳазор нафар, яъне 0,5 фоиз

Ҳизби халқӣ-демократӣ - 2 миллиону 474 ҳазор, яъне 65,2 фоиз.

Раиси КМИРТ дар идома гуфт, аҳзобе, ки дар ҳавзаи ягонаи умумҷумҳуриявӣ аз 5 дарсад ва ё аз он бештар раъй гирифтаанд, соҳиби мандат ё ҷой дар Маҷлиси намояндагон шудаанд. Вале ба қавли ӯ, аҳзобе, ки ин зинаро тай карда натавонистан, аз курсиҳо дар палатаи поёнии парлумон маҳрум гардиданд. Ба ин тартиб, ҲХДТ соҳиби 16 мандат, ҲАТ - 3, ҲИИТ - 2 ва ҲСТ соҳиби 1 мандат шудаанд.

Аммо Ҳизби наҳзати исломӣ ва коммунист - ду ҳизби парлумонӣ аз курсиҳое, ки дар Маҷлиси намояндагон доштанд, маҳрум шуданд. Ҳоло ҳизби наве, ки вориди парлумон шудааст, ҳизби сотсиалист ба раҳбарии Абдуҳалим Ғаффоров мебошад. Ҷаноби Ғаффоров ду бор дар интихоботи президентии Тоҷикистон иштирок карда, мағлуб шуда буд.

Шермуҳаммади Шоҳиён гуфт, пирӯзӣ ё мағлубияти номзадҳое, ки аз тариқи ҳавзаҳои якмандатӣ пешниҳод шудаанд, аз сӯи ҳавзаҳо эълон хоҳанд шуд.

Имрӯз, 2 март, нозирони Созмони амният ва ҳамкорӣ дар Аврупо гузориши пешакии худро дар бораи интихоботи Тоҷикистон эълон мекунад. Ин созмон интихоботҳои гузаштаи парлумонӣ ва президентии Тоҷикистонро ғайришаффоф дониста, барои беҳтар кардани қонуни интихобот ва ин маъракаи сиёсӣ тавсия додааст.

Мақомоти Тоҷикистон мегӯянд, дар интихоботи парлумонии рӯзи якшанбе чанде аз ин тавсияҳои нозирони САҲА-ро амалӣ кардаанд.

4 миллиону 318 ҳазор афроди соҳиби овоз дар кишвар имкон доштанд, рӯзи 1 март 63 вакили Маҷлиси намояндагон - маҷлиси поёнии парлумони Тоҷикистон - ва вакилони маҷлисҳои ҷамоативу ноҳиявӣ ва шаҳриву вилоятиро интихоб мекунанд. 42 вакили Маҷлиси намояндагон аз ҳавзаҳои инфиродӣ ва 21 вакили дигараш аз рӯйхатҳои 8 ҳизби расмии сиёсӣ аз ҳавзаи ягонаи ҷумҳуриявӣ интихоб мешаванд.

Гузоришҳои мо аз ҷараёни овоздиҳӣ:

КМИР: То анҷоми раъйдиҳӣ 82 дарсад овоз доданд

Овоздиҳии Эмомалӣ Раҳмон бе ҳузури хабарнигорони мустақил

- Ба ҷои чанд кас овоз додед? - Ба ҷои ҳама (6 ВИДЕО)

Бардошти аҳзоб аз интихобот

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG