Пайвандҳои дастрасӣ

Мақомоти Тоҷикистон ба насби "радиоузелҳо" дар кулли навоҳӣ, назди дӯконҳо, нуқтаҳои фӯрӯши сӯзишворӣ, масҷид ва дигар ҷойҳои ҷамъиятӣ шурӯъ кардаанд. Насби "радоиузелҳо" тибқи як дастури дастгоҳи иҷроияи президенти Тоҷикистон сурат мегирад.

Мақомоти маҳаллӣ ҳоло дар назди дӯконҳо, нуқтаҳои фурӯши сӯзишворӣ, масҷид ва дигар ҷойҳои ҷамъиятии шаҳру навоҳии Тоҷикистон ба насби радиоузелҳо, асосан ду радиои давлатӣ - “Ховар” ва “Тоҷикистон” шурӯъ кардаанд.

Дар Тоҷикистон дасти кам 15 радио фаъол аст, ки мавҷи аксарашон танҳо дар пойтахт ва навоҳии наздик ба он дастрас аст.

Раисони баъзе ҷамоатҳои ноҳияи Варзобу Сангвор (Тавилдараи собиқ) ва Панҷ рӯзи 14 ноябр дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ вуҷуди чунин дастурро тасдиқ карда ва гуфтанд, ки аллакай дар бисёре аз маконҳои ҷамъиятӣ "радиоузелҳо" насб карда шудаанд. Раҳмон Сандалов, раиси ҷамоати Санговори ноҳияи Сангвор, гуфт, "то ҳоло дар ду нуқта радиоузелҳо насб карда шуданд ва дар назар дорем, ки ба зудӣ дар маркази чор деҳаи дигар низ ин гуна "радиоузелҳо" гузорем."

Дар ҷамоати деҳоти Нури Ваҳдати ноҳияи Панҷ ҳам гуфтанд, дар ду нуқта радиоузелҳоро насб кардаанд. Усмон Ҷумъаев, раиси ин ҷамоат, гуфт, "аммо бинобар набуди нерӯи барқ онҳо кор намекунанд. Вақте барқ набошад, ин радиоузелҳо аз кор мемонанд".Бо назардошти набудани барқ, мақомот дар ҷамоату деҳоти ноҳияи Варзоб ба моликони дӯкону фурӯшгоҳҳо дастур додаанд, то дастгоҳҳоеро насб кунанд, ки бидуни нерӯи барқ ва бо батареяҳо низ фаъол бошанд.

Мирзо Зокиров, муовини раиси ҷамоати деҳоти Чорбоғи ноҳияи Варзоб дар суҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, аз 28 маҳаллаи мавҷуд дар ин ҷамоат аллакай дар 12-тои он радио бо баландгӯякҳо насб карда шудаанд. Вай гуфт: “Дар рӯзҳои наздик мо дар тамоми маҳаллаҳо ин гуна радиоҳоро насб мекунем. Пахши барномаҳои радиои Тоҷикистон тибқи супориши Асосгузори сулҳу ваҳдат, пешвои миллат барои тарғибу ташвиқ намудани сиёсати имрӯзи ҳукумат ва президенти кишвар сурат мегирад. Ҳадаф ин аст, ки мардум аз хабарҳои имрӯзаи ҷаҳон ва кишварамон огоҳ бошанд”.

Нигарониҳо аз амнияти иттилоотӣ

Нигарониҳо аз амнияти иттилоотии ҳукумати Тоҷикистон муддатҳо пеш аз ҷониби ҳам журналистони мустақил ва ҳам худи аъзои ҳукумат матраҳ шудааст. Нигаронии аслӣ ин аст, ки дар шароити адами дастрасии ҳамешагии сокинон ба садову симои миллӣ, аз ҷумла давлатӣ, сокинони бархе нуқоти марзии кишвар метавонанд зери таъсири расонаҳои давлатии кишварҳои ҳамсоя бимонанд. Ин нигарониро солҳо пеш журналистони вилояти Суғд ҳам баён карда гуфта буданд, ки дар бархе манотиқи марзӣ бо Қирғизистон ё Ӯзбакистон назар ба вазъи Тоҷикистон дар бораи кишвари ҳамсоя хабару иттилои бештар доранд. Як хабарнигори мустақил гуфта буд, ки дар баъзе рустоҳо шоҳиди он шудааст, ки "як кӯдаки тоҷик фикр мекард, президенти кишвараш Ислом Каримов асту пойтахти Тоҷикистон - Тошканд".

Олга Тутубалина, муҳаррири нашрияи “Азия-плюс” ҳам мегӯяд, насби чунин радиоҳо дар маконҳои умумӣ дар бисёр минтақаҳои кишвар пеш аз ҳама ба амнияти иттилоотии ҷомеа хизмат кунад. Вай гуфт:

“Дар ноҳияҳои марзии Турсунзода расонаҳои Узбакистон ва дар Шаҳритуз ВАО-и Афғонистон дастрас ҳастанд. Дар наздикии марзи Тоҷикистону Қирғизистон мардум аз расонаҳои қирғизӣ низ истифода мекунанд. Ман фикр мекунам дар чунин шароит пеш гирифтани ин иқдом саривақтӣ ва дуруст аст ва метавонад амнияти иттилоотии кишварро таҳким бахшад”.

Мояи дигари нигаронии мақомот дар солҳои гузашта - садо додани матни мавъизаву суханрониҳои рӯҳониён аз магнитофону ДВД-плейерҳои тоҷирони бозор ва дӯкондорони сари роҳ буд. Вале ин таҷриба ҳам бо нигаронӣ аз афзоиши ақоиди ифротгароиву бегонапарастӣ, ки ба қавли мунақққидон, ҳадафаш мағзшӯии мардум будааст, манъ шуд.

"Бебарқӣ монеи кори радиоузелҳо намешавад"

Насби радиоузелҳо дар маконҳои мулкӣ дар Тоҷикистон дар ҳоле сурат мегирад, ки дар минтақаҳои рустонишини кишвар интиқоли барқ бо маҳдудият сурат мегирад ва мардум дар соатҳои бебарқӣ аз имконияти гирифтани ахбор тариқи телевизион маҳрум мешаванд. Аммо радио ба фарқ аз телевизион метавонад тариқи батареяҳо кор кунад ва мақомот бо истифода аз ин зарфият талош доранд, таваҷҷӯҳи мардумро бештар ба иттилои расмӣ ва он чизе ки, аз минбари расонаҳои давлатӣ садо медиҳад, ҷалб кунанд.

Дар замони Шӯравӣ низ дар Тоҷикистон асосан дар симчӯбҳо, боғу гулгаштҳо ва дигар маконҳои ҷамъиятӣ ин гуна радиоузелҳо фаъол буда ва тариқи он мавҷи Радиои "Тоҷикистон" - радиои давлатӣ пахш карда мешуд. Дар ҳоли ҳозир Тоҷикистон беш аз 15 радиои фаъол аст, ки мавҷи аксарашон танҳо дар пойтахт ва навоҳии наздик ба он дастрас аст. Бархе аз ҳамсӯҳбатони мо гуфтанд, ки мақомот бо насби "радиоузелҳо" таблиғи фаъолияташро бештар ба роҳ монданианд ва аз ин тариқ мехоҳад, хабарҳои мувофиқи табъи дилашро зиёдтар ба гӯши мардум бирасонанд. Аз сӯи дигар, мегӯянд нозирони бетараф, ин ҳама тадбирҳо роҳи дигари тақвияти дастгоҳи таблиғотии ҳукумати Тоҷикистон аст, ки дар муқоиса бо расонаҳои мустақил, ҳама иттилоъро аз "элаки ҳукумат" гузаронида баъд пахш мекунад.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG