Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Оё ҳукумат воқеан дар фикри баргардонидани мухолифин аст?


Манобеи ғайрирасмӣ мегӯянд, ки бархе аъзои гурӯҳҳои мухолифи давлати Тоҷикистон дар хориҷа аз ҷониби мақомоти кишвар даъвати бозгашт ба ватанро дарёфт кардаанд. Созмонҳои мудофеи ҳуқуқи инсон мегӯянд, дар давоми чанд соли охир Тоҷикистонро даҳҳо афроди марбут ба оппозитсияи тоҷик, тарк кардаанд.

Манобеи ғайрирасмӣ мегӯянд, ки бархе аъзои гурӯҳҳои мухолифи давлати Тоҷикистон дар хориҷа аз ҷониби мақомоти кишвар даъвати бозгашт ба ватанро дарёфт кардаанд. Созмонҳои мудофеи ҳуқуқи инсон мегӯянд, дар давоми чанд соли охир Тоҷикистонро даҳҳо афроди марбут ба оппозитсияи тоҷик, аз ҷумла аъзои ҳизби дар Тоҷикистон мамнӯъшудаи наҳзати исломӣ тарк кардаанд.

Бархе аъзои мухолифини Тоҷикистон мегӯянд, аз намояндагони мақомоти тоҷик ба унвонии онҳо даъвати бозгашт ба ватан мерасад. Рӯҳулло Кабирӣ, писари раиси ҲНИТ дар хориҷа гуфт, даъвати аксар аъзои мухолифин ба таври шифоҳиву хаттӣ тавассути хешу таборашон дар Тоҷикистон ва ҳам шабакаҳои иҷтимоиву интернет сурат гирифтааст.

Руҳуллоҳ Кабирӣ, писари Муҳиддин Кабирӣ.
Руҳуллоҳ Кабирӣ, писари Муҳиддин Кабирӣ.

Чунин даъватро аз ҷумла як узви фаъоли ҲНИТ дар Туркия ҳам дарёфт кардааст. Ин сиёсатмадор, ки нахост номаш нашр шавад, дар мукотибаи Фейсбукӣ бо Радиои Озодӣ гуфт, ки аз рӯи иттилои ӯ, танҳо дар Туркия, ки маҳалли зисти чандин аъзои мухолифини Тоҷикистон шудааст, ҳадди аққал ”10 тан аз аъзои ҷавони ин ҳизб” даъвати бозгашт ба Тоҷикистонро дарёфт кардаанд.

Даъват аз афроде расидааст, ки худро намояндаи ҳукумати Тоҷикистон муаррифӣ мекунанд. Ин шахс гуфт, ки аксари ҳампаймонҳои онҳо дар Туркия дар манзилҳои иҷора ва дар озодӣ зиндагӣ мекунанд, вале бинобар ин, ки шиносномаҳои шаҳрвандии онҳо дар дасти мақомоти ҳифзи ҳуқуқи Туркия аст, амалан аз қаламрави кишвар берун рафта наметавонанд.

Ин фаъоли ҲНИТ шароити зисти худро ба ҳабси хонагӣ шабоҳат дод ва гуфт, моҳе ду маротиба ба шӯъбаи корҳои дохилӣ даъват ва сабтином мешавад, вале ҳақи аз Туркия берун рафтанро надорад. Ба саволи Радиои Озодӣ дар бораи пазириши даъвати бозгашт ба Тоҷикистон ин фаъоли мухолифин гуфт, “бовар надорам, ки даъвати беғараз бошад ва баъди бозгашт боздошт нашавам”.

Валамат Иброҳимзода, ҳамсари Раҳматуллоҳи Раҷаб.
Валамат Иброҳимзода, ҳамсари Раҳматуллоҳи Раҷаб.

Валамат Иброҳимзода, ҳамсари Раҳматуллоҳи Раҷаб, як узви зиндонии ҲНИТ дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, ки барои бисёри ҷавонҳои тарафдори мухолифин масъалаи пайдо кардани шуғл ё ҷои кор дар Тоҷикистон ҳам калидӣ аст ва агар ҳам амнияти онҳо таъмин бошад, онҳо мутмаин нестанд, ки баъди бозгашт ба Тоҷикистон барои худ манбаи даромад пайдо мекунанд ё не.

Мақомоти Тоҷикистон ин мавзӯъро шарҳ намедиҳанд.

Ду мавҷи муҳоҷирати мухолифон аз Тоҷикистон 25 соли ахир

Дар таърихи Тоҷикистони соҳибистиқлол муҳоҷирати шаҳрвандон бо сабабҳои сиёсӣ дар ду марҳила сурат гирифтааст. Марҳилаи аввал дар оғоз ва миёнаҳои солҳои 1990-ум бо шурӯи ҷанги шаҳрвандӣ мушоҳида шуд ва мавҷи дуюм - дар чанд соли охир. Дар ҳарду ҳолат ҳам муҳоҷирони сиёсӣ – аъзо ё тарафдори мухолифин, бахусус ҳизби наҳзати исломӣ буданд ва агар дар солҳои 1990-ум самти аслии ҳаракати онҳо Афғонистону Эрон буд, ин навбат бештар кишварҳои Аврупо дар маркази таваҷҷӯҳи муҳоҷирон қарор гирифт. Тибқи омори расмии давлати Полша, на камтар аз 400 шаҳрванди Тоҷикистон дархости ҳақи паноҳандагӣ додаанд ва дарсади муайяни онҳо аъзои ҳизбу созмонҳои мамнӯъ дар Тоҷикистон мебошанд.

Коршинос: Кафолати амният бояд дод

Бархе коршиносон мегӯянд, воқеияти ин, ки чунин даъват ба таври расмӣ, боз ва аз минбари ҳукумат садо надодааст, ба он маъност, ки ин даъват мавқеи ҳукумати Тоҷикистон, ба ҳар ҳол дар марҳилаи кунунӣ, буда наметавонад.

Нуралӣ Давлат, коршиноси мустақил мегӯяд, бо ин, ки бозгашти мухолифони давлат ба ватан танҳо ба манфиати сарҷамъии миллати парокандаи тоҷик ва як гоми мусбат аст, барои таъмини амнияти онҳо кафолати ҳуқуқию сиёсӣ бошад.

Нуралӣ Давлат, коршиноси тоҷик.
Нуралӣ Давлат, коршиноси тоҷик.

Вай гуфт, “дар маҷмӯъ, ман ба бозгашти умумии мухолифон ба ватан хушбин нестам. Онҳо даъвату изҳоротро не, балки гомҳои амалиро интизор ҳастанд. Мисли солҳои 1990-ум, ки созишномаи сулҳ имзо шуду ҷонибҳо ҳамдигарро бахшиданд ва баъди ин муҳоҷирон дастҷамъона ба ватан баргаштанд. Ҳоло кафолати давлат лозим аст, ки мухолифони бозгашта таъқиб намешаванд. Ягон созмони муътабири байналмилалӣ бояд замонати ҳукумати Тоҷикистонро назорат кунад. Санади ҳуқуқие дар сатҳи байналмилалӣ лозим аст, таъқибу азият нашудани мухолифони бозгаштаро кафолат диҳад”.

Ин коршиноси тоҷик таъкид кард, ки мавҷи зиёди мухолифони тоҷик дар пайи саркӯб шудани кӯшиши табадуллоти давлатӣ дар моҳи сентяби соли 2015 ба кишварҳои хориҷӣ, аз ҷумла Полша, Олмон, Ҳолланд ва кишварҳои дигари Аврупо паноҳ бурдаанд.

Ҳузури гурӯҳе аз онҳо дар нишасти САҲА дар Полша моҳи сентябри имсол ва баҳси тундашон бо аъзои ҳукумати Тоҷикистон дар масъалаи ҳуқуқи башар, боиси нороҳатии мақомоти тоҷик шуд ва онҳо ба нишони эътироз маҷлисгоҳро баъди ду рӯзи ҷаласа тарк карданд.

Аз рӯи иттилои дарёфтӣ, дар қароргоҳҳои паноҳандагон дар ин кишварҳо садҳо шаҳрванди Тоҷикистон бо аъзо оилаашон ба сар мебаранд ва мунтазири инанд, ки метавонанд ҳаққи зиндагӣ дар Аврупоро ба даст оваранд. На ҳамаи онҳо фирориҳои сиёсӣ ҳастанд ва дар байнашон шумори онҳое ҳам кам нест, ки бо нигаронӣ аз вазъи иҷтимоиву иқтисодии кишвар ва набуди ҷои кор, Тоҷикистонро тарк кардаанд.

Нозирони умур мегӯянд, дар мавзӯи муҳоҷирати мухолифон як масъалаи умда ин аст, ки то куҷо ҳукумати Тоҷикистон ҳоло омода аст шаҳрвандони мунтақиди давлатро дубора дар кишвар бипазирад? Аз басташавии расмии ҲНИТ ҳамагӣ як сол сипарӣ шуда, то моҳи июни соли ҷорӣ тахминан 200 узви ин ташаккул ба ҷавобгарии ҷиноӣ кашида шуданд. Зимнан, мақомоти тоҷик вуҷуди паноҳандаҳои сиёсиро дар Аврупо рад мекунанд ва мегӯянд, ки ин нафарон ашхоси сиёсӣ неву паноҳандаҳои маъмулӣ ҳастанд, ки барои зиндагии беҳтар дар Аврупо талош мекунанд.

XS
SM
MD
LG