Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Дар остонаи таҷлил аз рӯзи президент дар Тоҷикистон маълум мешавад, ки хосторони сӯҳбати рӯбарӯ бо Эмомалӣ Раҳмон кам нестанд. Яке мехоҳад бо ӯ мавзӯи баланд будани нархи бозор ва камии маош, дигаре – шароити носозгори хизмат дар артиш ва сеюмӣ хостори баррасии мушкили бекорӣ аст.

Дар остонаи таҷлил аз рӯзи президент, ки расман 16 ноябр эълон шудааст, аксари сокинони пойтахт дар як пурсиши Радиои Озодӣ гуфтанд, зиёд мехостанд дар як мулоқоти рӯ ба рӯ бо раиси ҷумҳур сӯҳбати озоду самимие дошта бошанд ва аз мушкилоти худ ва ҳам мавзӯъҳои дигар сӯҳбат кунанд.

Саид, ки як сокини Душанбе аст, мегӯяд, аз афзоиши андоз, аз ҷумла барои корхонаҳои тиҷоратӣ, инчунин аз паст будани сифати хизматрасониҳои комуналӣ ва афзоиши пардохти андозҳои иҷтимоӣ нигарон аст. Инчунин ӯ мутмаин аст, ки бояд дар низоми хизмати артиш ислоҳот ҷорӣ шавад, то ҷавонон аз хизмат дар артиш саркашӣ накунанд.

Мадина, ҳамсӯҳбати дигари радиои Озодӣ, ки баъди хатми донишгоҳ бо мушкили пайдо кардани кор рӯбарӯ шудааст, мехост таъмини кадрҳои ҷавонро бо кор матраҳ кунад.

Дар миёни ҳамсӯҳбатони радиои Озодӣ рӯзи 10 ноябр дар хиёбонҳои Душанбе онҳое ҳам буданд, ки гуфтанд, дар гузашта дар сӯҳбати президент ҳузур доштанд ва ӯро “як инсони самимӣ ва оддӣ” дарёфтаанд. Яке дигар аз мусоҳибони Радиои Озодӣ гуфт, баъди сӯҳбат бо президент дар соли 2011 баъди маросими ифтитоҳи сохтмони нави донишгоҳи Славяниву Русӣ дар Душанбе, ки ба мавзӯи таҳсилу донишомӯзӣ бахшида шуда буд, аз “суханҳои президент хеле рӯҳбаланд шудааст”.

Ашӯрмоҳ Ғуломова аз миёни он нафаронест, ки мехоҳад ба президент барои мустақар шудани сулҳу оромӣ дар кишвар баъди ҷанги дохилӣ ташаккур кунад. Хонум Ғуломова, як сокини Душанбе мегӯяд, шахсан шоҳиди нооромиҳои кишвар дар солҳои 1990-ум буд ва мехоҳад барои президент “дасти дуо бардорад, ки барои хизматҳояш садсолаҳо умр бинад”.

Дар пурсиши Радиои Озодӣ аксарият изҳори боварӣ карданд, ки баъди сӯҳбати муроҷиат ба президент ҳатман ба мушкили онҳо расидагӣ мешавад. Онҳо мегӯянд, мутаассифона, имкони сӯҳбат бо президент на ба ҳама даст медиҳад ва ба ҳангоми боздидаш аз ноҳияҳо, ки дар чаҳорчӯби он маъмулан мулоқоту сӯҳбатҳо бо мардуми маҳаллӣ ҳам сурат мегирад, гоҳо мақомоти маҳаллӣ дахолат карда намегузоранд ҳама хоҳишмандон ҳарфи дили худро ба Эмомалӣ Раҳмон бигӯянд. Дар ҳоле, ки дар гузашта маҳз дар чунин мулоқотҳо бо мардум сӯҳбатҳои ошкоро аз мушкилоти ҷомеа сурат гирифта, тасмимҳои муайян барои ҳалли мушкилот ҳам гирифта шудааст.

Бархе ҳамсӯҳбатони радиои Озодӣ гуфтанд, хуб мешуд, ки президент ҳадди аққал соле як бор махсус барои сӯҳбати бидуни "танзиму сензура" бо мардуми ҳар шаҳру ноҳия равад, то ҳарфи дили онҳо шунида шавад.

XS
SM
MD
LG