Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Тағйироти кадрӣ: Қосими Раҳбар аз як мақом ба мақоми дигар рафт


Қосими Раҳбар

Қосими Раҳбар

Қосими Раҳбар, ки аз соли 2008 вазири кишоварзии Тоҷикистон буд, бо фармони нави Эмомалӣ Раҳмон курсии худро дар ихтиёри Маҳмадтоир Зокиров гузошт ва раиси Кумитаи рушди маҳаллӣ таъин шуд.

Қосими Раҳбар (Қосим Қосимов), вазири кишоварзии Тоҷикистон, рӯзи 10 март бо фармони Эмомалӣ Раҳмон аз мақомаш барканор гардида, раиси Кумитаи рушди маҳаллӣ дар назди раисиҷумҳур таъин шудааст. Ин ниҳоди тозатаъсис дар Тоҷикистон буда, Қосими Раҳбар раиси нахустини он ба шумор меравад.

Ҳоло ба курсии вазири кишоварзии Тоҷикистон Маҳмадтоир Зокиров такя задааст, ки то ин дам раиси Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезӣ буд.

Ятимзода Акбар Табарӣ, ки раҳбарии ноҳияи Варзобро бар ӯҳда дошт, аз мақомаш барканор ва раиси нави Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезӣ таъин шудааст. Ӯ ҷои пешинаи худро ба Савзаалӣ Назирзода додааст.

Маҳмадтоир Зокиров вазири нави кишоварзӣ шуд

Маҳмадтоир Зокиров вазири нави кишоварзӣ шуд

Дафтари матбуоти раёсати ҷумҳури Тоҷикистон мегӯяд, тағйироти кадрии рӯзи сешанбе бо иваз шудани раҳбарони вазорати кишоварзӣ ва кумитаи идораи замин ва геодезӣ анҷом намешавад. Ба иттилои манбаъ, инчунин, раисиҷумҳур Холмурод Раҳмонро аз мақоми раиси ноҳияи Қумсангир ва Аминзода Фотеҳро аз мақоми раиси ноҳияи Балҷувони вилояти Хатлон озод кардааст.

Холмурод Раҳмон бо як фармони дигари Эмомалӣ Раҳмон ба курсии директори Оҷонсии беҳдошти замин ва обёрии назди ҳукумат нишаста, Аминзода Фотеҳ иҷрокунандаи раиси ноҳияи Қумсангир таъин гардидааст. То ин вақт Ҳасанзода Ҳомид Усмон директори Оҷонсии беҳдошти замин ва обёрӣ буд.

Коршиносони соҳа аз тағйирот дар раҳбарии бахши кишоварзии кишвар истиқбол карданд. Ваҳҳоб Воҳидов, собиқ вазири кишоварзӣ ва коршиноси соҳа дар робита ба тағйироти кадрӣ дар бахши кишоварзии Тоҷикистон гуфт, ки ҷой иваз кардани Қосими Раҳбар ва Маҳмадтоҳир Зокиров, дар рушди соҳаи аграрии кишвар мусоидат хоҳад кард.

Ваҳҳоб Воҳидов афзуд, аз вазифаи вазири кишоварзии Тоҷикистон барканор шудан ва масъули Кумитаи рушди маҳаллӣ дар назди раисиҷумҳур таъйин шудани Қосими Раҳбар (Қосим Қосимов) бо собиқаи фаъолияти тӯлонӣ дар соҳаи кишоварзӣ, метавонад вазъи минтақаҳову деҳотро рушд бахшад.

Ба қавли Ваҳҳоб Воҳидов, ба Маҳмадтоҳир Зокиров, ки то ин дам раиси Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезӣ буд, ин таҷриба имкон медиҳад, ки дар масъалаи истифодабарии босамари замин, ба хусус замини кишт, бо диққат бошад. Вай мегӯяд, ки аз ин тағйирот истиқбол мекунад ва интизори дар оянда беҳбуд ёфтани соҳаи кишварзӣ хоҳад буд.

Қосими Раҳбар дар ҳоле аз мақоми вазири кишоварзии Тоҷикистон барканор шуд, ки тайи тақрибан як соли охир номи ӯ дар робита ба эълони ҷамъоварии як миллион тонна картошка ва якбора боло рафтани нархи ин навъи маҳсулот дар бозорҳои кишвар дар сархатти расонаҳо буд. Ӯ аз моҳи январи соли 2008 раҳбарии вазорати кишоварзиро бар ӯҳда дошт.

Вай 3 октябри соли 1964 дар шаҳри Хуҷанд ба дунё омада, соли 1986 факултаи агрономии Донишкадаи кишоварзии Тоҷикистонро хатм намудааст. Ду навбат вакили Маҷлиси намояндагон ва соли 2005 узви Маҷлиси миллии даъвати сеюм интихоб гардидааст.

Қосими Раҳбар ё Қосим Қосимов солҳои 1994-1996 раиси ноҳияи Хуҷанд, соли 1992-1994 раиси Шӯрои иттифоқи ҷавонони собиқ вилояти Ленинобод ва аз 12 феврали соли 1996 раиси вилояти Суғд буд.

Шерхон Салимзода

Шерхон Салимзода

Тағйироти кадрӣ дар сохторҳои давлатии Тоҷикистон дар охирҳои моҳи январи соли ҷорӣ бо барканории Шерхон Салимзода аз мақоми додситони кулл ва таъини Юсуф Раҳмонов ба ҷойи ӯ оғоз ёфт.

Баргузории интихоботи парлумонӣ ва номзад шудани бархе аз раҳбарони вазоратхона ва шаҳру навоҳӣ сафи барканоршудаҳо ва соҳибвазифаҳоро бештар кард. Шариф Раҳимзода, Хайрулло Асозода ва Абдураҳим Холиқов низ ба сабаби номзад шуданашон аз мақомҳои худ барканор ва ба ҷойи онҳо Неъматулло Ҳикматуллозода - вазири рушди иқтисод ва савдо, Шералӣ Ганҷалзода – вазири нақлиёт ва Сулаймон Давлатов раиси Кумитаи дин, танзими анаъана ва ҷашну маросимҳои миллӣ таъин гардиданд.

Вале бисёре аз таҳлилгарон мегӯянд, ин тағйирот набуда, балки ҷобаҷогузории кадрҳоест, ки ҳукумати Тоҷикистон дар ҳоли ҳозир дар дегаш дорад ва рӯи кафлесаш меояд.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG