Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Муовини аввал ва муовинони додситонии кулли Тоҷикистон, ки ахиран аз сӯи раиси ҷумҳур таъин ва ба палатаи болоии порлумон пешниҳод шудаанд, мавриди таъйиди Маҷлиси Миллии Маҷлиси Олии Тоҷикистон қарор гирифтанд. Дар иҷлосияи навбатии Маҷлиси Миллӣ, ки рӯзи панҷшанбеи 5 март дар шаҳри Душанбе баргузор шуд, Ҳотам Назарзода ба мақоми муовини аввал, Муҳаммад Осимзода ва Валӣ Ваҳҳобов ба вазифаи муовинони додситонии кулл ва инчунин Сафаралӣ Мирзозода ба симмати муовини додситони кулл - Сарпрокурори низомии Тоҷикистон мавриди таъиди аъзои Маҷлиси Миллӣ қарор гирифтанд.

Дар пайи як тағйироти кадрӣ, ки таърихи 26 феврал тавассути Эмомалӣ Раҳмон, раиси ҷумҳури Тоҷикистон сурат гирифт, Назарзода Ҳотам Назруллоро ба мақоми муовини аввали додситони кулл ва Осимзода Муҳаммадиброҳим ва Ваҳҳобов Валӣ Маннонович ба симати муовинони додситони кулл пешниҳод шудаанд. Ҳамин тавр Мирзозода Сафаралӣ Раҳим ба мақоми муовини додситони кулл - сардодситони низомии Тоҷикистон пешниход шуда буд.

Ин тағйироти нави кадрӣ, ба гуфтаи масъулони дафтари матбуоти президенти Тоҷикистон, бар асоси натиҷаҳои ҷаласаи рӯзи 17 феврали Шӯрои амният аст, ки дар он раисиҷумҳур Эмомалӣ Раҳмон башиддат аз фаъолияти мансабдорони баландпояи ҳукуматаш интиқод кард ва дар ҳамон ҷаласа амр дод, ки тамоми муовинҳои додситони куллро иваз кунанд. Худи додситони кулл Юсуф Раҳмонов дар моҳи январ ба ҷои Шерхон Салимзода ба ин мақом таъин шуда буд.

Рӯзи 18 феврал, яъне ҳамагӣ як рӯз баъд аз ҷаласаи Шӯрои амният Қурбон Шарифзода, Сироҷиддин Нурзода, Муҳаммад Арбобзода ва Мирзошариф Шарифов -- додситонҳои Суғду Хатлон ва Бадахшону Душанбе, Тоҳир Ҷобирзода -- муовини якум ва Раҷабалӣ Ширинову Миллопар Бандишозода -- муовинҳои директори Оҷонсии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия аз мақомҳои худ барканор карда шуданд.

XS
SM
MD
LG