Пайвандҳои дастрасӣ

Тоҷикистон дар пешорӯи бӯҳрони "картошка"


Картошка дар баробари нон яке аз муҳимтарин анвои ғизои мардуми Тоҷикистон аст

Картошка дар баробари нон яке аз муҳимтарин анвои ғизои мардуми Тоҷикистон аст

Вазорати кишоварзии Тоҷикистон аз эҳтимоли камчин шудани картошка дар кишвар ҳушдор дод.

Вазорати кишоварзии Тоҷикистон пуле надорад, ки барои деҳқонон тухмии босифати картошка харад. Ин иқрори Қосими Раҳбар, вазири кишоварзии Тоҷикистон дар назди вакилони Маҷлиси намояндагон рӯзи 31 октябр садо дод. Вай афзуд, ба ин иллатдеҳқони тоҷик соли оянда ба камбуди тухмии картошка ру ба рӯ хоҳад шуд.

Ба гуфтаи Қосими Роҳбар, вазорати молия як дархости ин ниҳодро барои харидории тухмии босифат дар ҳами 9 миллион сомонӣ рад кардааст. Ҷаноби Раҳбар афзуд, Тоҷикситон барои воридоти ҳазор тонна тухмии босифати картошка бо Белорус созиш кардааст, аммо барои харидории он вазорат маблағи кофӣ нагирифтааст. Ба таъкиди вазир дар сурати зуд ҷудо нашудани маблағ, мавсими кишт мегузарад ва деҳқонон бе тухмӣ мемонад.

Вай афзуд: Вазъият фавқулодда аст. Агар мо ҳамин сол чора наандешем, ҳолат аз ин ҳам бадтар хоҳад шуд. Вазорати молия то охири январ ба ҳисобу китоб машғул аст ва пул намедиҳад ба касе. Мо то картошкаро бо вагон меорем, ба мардум тақсим мекунем, ки феврал - март мегузарад. Ҳол он, ки 20- уми май кишт анҷом меёбад. Кай мо фурсат меёбем, ки тухмии картошкаро ба хоҷагиҳои деҳқонӣ тақсим кунем?”

Қосими Раҳбар афзуд, ки 80 дарсади ҳосилнокии картошка аз ҳисоби тухмии босифат аст ва камбуди он боиси коҳиши ҳосил мешавад. Ин ҳам дар ҳолест , ки хоҷагиҳои деҳқонӣ аз картошкапарварӣ даромади чандон зиёд намегиранд.

Дар тақвияти ин паём Олимҷон Сафаров, вакили Маҷлиси намояндагон аз ноҳияи Ҷиргатол гуфт, деҳқонони ноҳия таҳти фишори мақомоти маҳаллӣ картошка мекоранд, аммо аз он фоида намебинанд: “Мардумро ҳозир раиси ноҳия маҷбур мекунад, ки картошка шинонад. Агар замин холӣ монад боз онҳоро ҷанҷол мекунанд. Аммо чун картошкаро мешинонад, аммо ҳосили ба дастомада хароҷоташро намепӯшонад.”

Масъулони Вазорати кишоварзӣ, ин мушкилро боз ҳам дар дастрас набудани тухми босифати ин зироат мебинанд.

Қосим Раҳбар вазири кишоварзӣ дар посух ба ин иддаои вакил гуфт, ки то ба ҳол вазорат ба шарти бозгардони як ба дуи тухмӣ 5 ҳазор тонна картошкаро ба хоҷагиҳои деҳқонӣ дод, аммо бозпас гирифта наметавонад: “Ҳоло мардум аз Вазорати кишоварзӣ 5 ҳазор тонна тухмӣ қарздор ҳастанд. Қарзи мо аз ин ҳисоб дар назди Вазорати молия ба 18 миллион сомонӣ расид. Аммо вақте аз деҳқонҳо тухмии картошка талаб мекунӣ, мегӯянд, ки ин тӯҳфаи Ҷаноби олӣ аст, ту чи кор дорӣ?.”

Таваҷҷӯҳи мардум ва матуботи мустақили Тoҷикистон ба нархи картошка, ки ба яке аз ғизоҳои аслии аксарияти мардум табдил шудааст, хеле зиёд аст. Баҳори имсол, ки нархи он бесобиқа дар бозорҳои Тоҷикистон то ба панҷ сомонӣ гарон шуд ва бархе аз нашрияҳои мустақили Тоҷикистон бо ин сарлавҳа чоп шуданд, ки “Қосими Раҳбар як миллион тонна каторшка куҷо шуд?”

Ин ҳам дар ҳолест, ки вазири кишоварзӣ, дар авоили соли равон гуфта буд, соли 2013 дар кишвар 1 миллион тонна картошка истеҳсол шудааст, ки барои бароварда сохтани ниёзи аҳолӣ басанда аст. Тоҷирони картошка гарон шудани нархи онро дар камчин шуданаш арзёбӣ карданд, аммо коршиносони мустақил мегуфтанд, аслан дар кишвар ин қадар картошка истеҳсол нашудааст ва вазири кишоварзӣ бо пешниҳоди омори дуруғ президентро ба иштибоҳ андохт. Аммо баъадн дар вазорати кишоварзӣ тавзеҳ доданд, ки омори пешниҳодкардаи вазир дуруст буд, аммо картошка пӯсидааст.

Ҷаноби Роҳбар, пас аз баррасии вазъи кишоварзӣ дар назди вакилон дар посух ба суоли "Озодӣ" дар мавриди дуруст будан ва ё набудани омор, аз ҷумла дар мавриди ҳосили картошка гуфт, “ҳисоботдиҳии хоҷагиҳои деҳқонӣ дар мавриди ҳосил беҳбудӣ мехоҳад. Ҳоло масалан агар хоҷагӣ 100 гектар замин дошат бошад, ҳосили 10 гектари онро месанҷанду дар мавриди боқимондааш хулоса мебароранд. Ин камбудиҳори кормандони Оҷонсии омор медонанд.”

Аммо бо ин вуҷуд вазир афзуд, ҳамаи идораҳои давлатӣ, аз ҷумла вазорати кишоварзӣ аз рӯи рақамҳои Оҷонсии омор кор мекунад ва ба он бояд бовар кард.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG