Пайвандҳои дастрасӣ

Раиси ҷумҳури Русия мегӯяд, амалиёти низомии ин кишвар дар Сурия аз қабл тарҳрезӣ шуда буд. Владимир Путин ҳамзамон гуфт, ки онҳо қасди фиристодани нерӯи заминӣ ба Сурияро надоранд.

Владимир Путин, раиси ҷумҳури Русия мегӯяд, амалиёти низомии он кишвар дар Сурия аз қабл барномарезӣ шуда буд ва, ба қавли ӯ, ба мақомҳои суриягӣ гуфта шудааст, ки тарҳе барои фиристодани нерӯи заминӣ ба он кишвар вуҷуд надорад. Оқои Путин, ки рӯзи 11 октябр дар барномаи "Асри якшанбе"-и Шабакаи аввали телевизиони Русия сӯҳбат мекард, гуфт, "агар нерӯҳои низомии Сурия (нерӯҳои вобаста ба ҳукумати марказӣ) дар мубориза алайҳи терроризм қудрат ва ирода нишон диҳанд, имкони пайдо кардани роҳе барои мусолиҳа бештар хоҳад шуд."

Пеш аз ин гузоришҳое нашр шуда буд, ки Русия ба хотири ҷилавгирӣ аз фурӯпошии артиши Башор Асад, имкони эҷоди як роҳи ҳалли сиёсӣ ва ташкили ҳукумати интиқлолӣ, ба Сурия нерӯҳои заминии худро низ мефиристад. Талошҳои Маскав то ба ҳол барои он ки бо ҳузури Башор Асад эътилофи байналмилалӣ алайҳи гурӯҳҳои ифротӣ ташкил диҳад, ба натиҷае нарасидааст.

Раиси ҷумҳури Русия рӯзи якшанбе дар суханони телевизионии худ гуфтааст, амалиёти низомӣ дар Сурия аз хеле барвақт тарҳрезӣ шуда буд ва ногаҳонӣ набудааст. Путин гуфтааст, "маълумоти лозим барои анҷоми ҳамлаҳои ҳавоӣ дар Сурия дар марказе дар Бағдод ҷамъоварӣ мешаванд, ки бо пешниҳоди Ситоди муштараки артиши Руия ва ҳамкории низомии Сурия ва Ироқ эҷод шудааст."

Ситоди муштараки артиши Ироқ ҳудуди ду ҳафта қабл дар баёнияе ҳамкориҳои истихборотӣ миёни он кишвар, Русия, Сурия ва Эрон алайҳи гурӯҳи "Давлати исломӣ"-ро таъйид карда буд.

Русия ҳудуди ду ҳафта қабл дар Сурия мавзеъҳои гурӯҳи "Давлати исломӣ" ва "Ал-Қоида"-ро ҳадаф қарор дод. Амрико ва НАТО қаблан гуфта буданд, 90 дарсади ҳамлаҳои ҳавоии Русия тайи рӯзҳои гузашта ба мавзеъҳои ғайр аз гурӯҳи "Давлати исломӣ" ва "Ал-Қоида" дар Сурия анҷом шудааст.

Раиси ҷумҳури Русия мегӯяд, дар ҳамлаҳои ҳавоӣ дар Сурия аз ҷангафзорҳои нав истифода шудааст. Ба гуфтаи ӯ, ба ин хотир ки "нишон дода шавад, Русия дар сурати ниёз, тамоюл ба истифода аз фанновариҳои бисёр пешрафтаи низомӣ дорад." Ин суханони Путин бо ишора ба истифодаи мушакҳои "Калибр" гуфта шуд, ки аз як киштии Русия дар баҳри Хазар ба Сурия партоб шуданд.

Вазорати дифои Русия рӯзи якшанбе эълон кард, ки дар 24 соати гузашта, ба 43 ҳадаф дар Сурия ҳамла шудааст, ки як маркази фармондеҳии "террористӣ" ва анбори муҳимот ва пойгоҳҳои дигар аз ҷумлаи онҳо будаанд.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG