Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Асад гуфт, агар эътилофи мо шикаст бихӯрад, минтақа вайрон хоҳад шуд


Башор Асад, раиси ҷумҳури Сурия ташкили эътилофи ба гуфтаи ӯ "алайҳи терроризм" бо ҳузури Русия, Эрон, Ироқ ва Сурияро таъйид карда ва гуфтааст, ки мутмаин аст ин эътилоф муваффақ хоҳад шуд.

Раиси ҷумҳури Сурия ташкили эътилофи чаҳор кишвар -- Русия, Эрон, Ироқ ва Сурияро алайҳи терроризмро таъйид карда ва гуфтааст, ки бовар дорад ин эътилоф муваффақ хоҳад буд. Башор Асад дар гуфтугӯ бо телевизиони давлатии Эрон, ки матни он рӯзи якшанбе мунташир шуд, аз ибтикори Владимир Путин, раиси ҷумҳури Русия дар ташкили ин эътилоф қадрдонӣ кардааст.

Вай дар посух ба ин пурсиши хабарнигор, ки акнун эътилофи наве дар минтақа бо ҳузури Эрон, Русия, Ироқ ва Сурия дар ҳоли шаклгирӣ аст, ва бо таваҷҷуҳ ба ҳимоятҳои бархе кишварҳои минтақа аз терроризм, оё ин эътилоф метавонад амалкарди муваффақиятомез дошта бошад, гуфт, "бояд ин эътилоф муваффақ шавад, вагарна шоҳиди тахриби ҳамаи минтақа хоҳем буд. Ва мо мутмаин ҳастем, ки ин эътилоф муваффақ хоҳад буд."

Башор Асад дар айни ҳол канорагирии худ аз қудрат ба ҳадафи бозгардонидани субот ва оромиш ба Сурияро рад карда ва гуфтааст, ки "агар роҳи ҳал дар рафтан аз қудрат буд, ман ҳаргиз таъхир намекардам."

Ин суханони раиси ҷумҳури Сурия пас аз оғози амалиёти низомии Русия дар кишвараш баён мешавад. Ҳавопаймоҳои ҷангии Русия рӯзҳои ахир мавзеъҳои таҳти контроли гурӯҳи "Давлати исломӣ" ва дигар гурӯҳҳои мусаллаҳи мухолифи Башор Асадро бамборон карданд. Аммо Ғарб мегӯяд, ки русҳо бештар мавзеъҳои гурӯҳҳои миёнарави мухолифи ҳукумати Башор Асадро ҳадаф қарор додаанд.

Эрон аз ин амалиёт ҳимоят кардааст ва расонаҳои байналмилалӣ низ аз фиристодани нерӯҳои пиёдаи Ҷумҳурии исломӣ ба Сурия барои набард дар канори артиши Башор Асад ва чирикҳои "Ҳизбуллоҳ"-и Лубнон хабар додаанд.

Таъйиди ташкили эътилоф байни Русия, Эрон, Сурия ва ҳатто Ироқ тавассути Башор Асад дар ҳолест, ки қаблан мақомоти Эрон эътилоф миёни Теҳрон ва Маскав барои мубориза бо гурӯҳи "Давлати исломӣ" дар Сурияро рад карда буд.

Дар эътирозҳои сиёсӣ ва сипас ҷанги дохилии Сурия, ки аз панҷ сол ба ин тараф идома дорад, беш аз 250 нафа кушта шуда ва миллионҳо нафар овора шудаанд ва бисёре аз шаҳрҳо вайрон шуда ва зерсохторҳои ин кишвар аз байн рафтаанд.

XS
SM
MD
LG