Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Киштиҳои ҷангии Русия низ "даст ба кор" шуданд


Сергей Шойгу-вазири дифои Русия мегӯяд, ки киштиҳои ҷангии кишвараш аз Баҳри Хазар ба 11 ҳадаф дар қаламрави Сурия 26 мушаки болдор партоб кардаанд.

Шойгу ин суханонро 7 октябр дар ҷараёни як барномаи телевизионӣ бо Владимир Путин-раиси ҷумҳур баён дошт. Ин мушакҳо аз чаҳор киштӣ сар дода шудаанд ва киштиҳо барои дастрасӣ ба ҳадафҳо дар ғарби Сурия тақрибан 1500 километр дар обҳои Баҳри Хазар пештар рафтаанд. Шойгу гуфт, ки мушакҳо ба ҳадаф расидаанд.

Бо вуҷуди ин , Сергей Шойгу нагуфт, ки ин мушакҳо барои расидан ба Сурия кадом масирро тай кардаанд, агар онҳо аз ҳарими ҳавоии Эрону Туркия ва Ироқ гузашта бошанд. Бино ба гуфтаи вазир, аз 30 сентябр то ба ҳол Русия ба 112 ҳадафи тундравони Давлати Исломӣ дар Сурия зарба задааст. Шойгу мегӯяд, “чунин зарбаҳо афзоиш меёбанд, зеро дар давоми ду шабонарӯзи охир ҳадафҳои зиёде ошкор шудаанд. Ин ҳадафҳо марказҳои идории тундравҳо, амборҳои аслиҳаву муҳимоти ҷангӣ, техникаи зиреҳдори низомӣ ва урдугоҳҳои машқу тамрини низомии тундравҳо мебошанд”.

Сергей Шойгу ба Владимир Путин гузориш медиҳад, 7 октябри соли 2015
Сергей Шойгу ба Владимир Путин гузориш медиҳад, 7 октябри соли 2015

Путин дар ҷавоб ба ин изҳороти Шойгу гуфт, ки ҳануз дар бораи комёбии амалиёти низомии Русия дар Сурия сухан рондан зуд аст. Вай ба вазир дастур дод, ки ҳамкорӣ бо Амрикову Туркия, Арабистони Саъудиву Эрон ва Сурияву Ироқро идома диҳанд. Путин гуфт, “мо медонем, ки то чӣ андоза анҷом додани чунин амалиёти зиддитеррористӣ душвор аст. Натиҷагирӣ аз он ҳоло зуд аст, вале коре, ки то ҳол анҷом гирифтааст, албатта сазовори арзиши баланд мебошад”. Вай афзуд, ҳамлаҳои ҳавоӣ ва ҳамлаҳои мушакиро дар Сурия нируҳои пиёданизоми он кишвар дар замин ҳамроҳӣ мекунанд.

Ин суханони Путин дар ҳоле садо дод, ки баъд аз ҳамлаҳоишабонаи ҳавоии Русия нируҳои Сурия дастикам ба 4 мавзеи шӯришиён дар ғарби ин кишвар ҳамла бурданд.

Гурӯҳи Нозирони ҳуқуқи башари Сурия марказаш дар Лондон 7 октябр гуфт, ки ҳавопаймоҳои ҷангии Русия дар ду вилояти Сурия дар Ҳамо ва дар Идлиб ҳамлаҳои ҳавоӣ анҷом додаанд. Рамӣ Абдулраҳмон-раҳбари ин марказ гуфт, “бори аввал ин ҳамлаҳои ҳавоӣ як ҷо бо ҷангҳои заминӣ миёни нируҳои режими Сурия ва шӯришиён анҷом гирифтааст”.

Шӯришиёни Сурия, Туркия ва чанд кишвари ғарбӣ Русияро муттаҳам карданд, ки на танҳо мавозеи тундравҳои Давлати Исломӣ, балки ҳамаи нируҳои мухолифро ҳадаф қарор додааст ва дар миёни онҳо шӯришиёни ислоҳталаб ва исломӣ низ будаанд. Шӯришиёни манотиқи ғарбии Сурия ба тундравҳои Давлати Исломӣ дохил намешаванд, балки мухолифони режими Башор Асад мебошанд.

Шойгу гуфтааст, вазорати дифои Русия барои ҳамоҳангии маъракаи низомӣ дар Сурия бо вазорати дифои Амрико қарордодеро таҳия мекунад.

Эътилофи зери фармондеҳии Амрико аз як сол ба ин сӯ дар Сурияву Ироқ ҳамлаҳои ҳавоӣ анҷом медиҳад. Шойгу мегӯяд, санади ҳамоҳангии ҳамлаҳои ҳавоӣ дар марҳилаи ниҳоии омодагӣ қарор дорад ва ҳар вақт, ки Амрико онро қабул кунад, Русия омода хоҳад буд, ки бар асоси ин қарордод фаъолиятҳои худро бо Амрико ҳамоҳанг кунад.

Шойгу афзуд, Русия атташеҳо ё намояндагони низомии кишварҳои хориҷии муқими Маскавро эҳзор кард ва ба онҳо пешниҳод намуд, ки дар бораи мавзеъгириҳои тундравҳои Давлати Исломӣ дар Сурия маълумотҳои доштаашонро дар ихтиёри Русия гузоранд. Имрӯз мо интизори ҷавоб аз ҳамкорони хориҷии худ ҳастем, ки онҳо дар ин бора ба мо чӣ мегӯянд.

XS
SM
MD
LG