Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Фоҳишахона зери ниқоби караоке-клуб (ВИДЕО)


Дар пойтахти Қирғизистон 3 шаҳрванди Чин бо гумони таъсиси фоҳишахонаи пинҳонӣ боздошт шудаанд.

Мақомоти умури дохилаи Қирғизистон мегӯяд, дар кӯчаи Лермонтови шаҳри Бишкек зери номи «Караоке-клуб» як гурӯҳ ба танфурӯшӣ машғул будаанд. Дар мавриди ин ҳодиса парвандаи ҷиноӣ боз кардаанд.

2 хонуми 20-сола, ки маъмури ин клуби «тафреҳӣ» будаанд, ба мақомоти пулис гуфтаанд, ки духтаронро ба воситаи эълон ҷалб мекарданд ва вобаста аз даромад ба онҳо музд медоданд: «Аз 30 духтар 15 тнафараш ба хидматрасонии шаҳвонӣ машғуланд. Муштариёни мо танҳо шаҳрвандони Чинанд. Гоҳ-гоҳе шаҳрвандони Корея ҳам ба клуби мо меоянд. Ҳаққи хизматрасонӣ дар як шаб 100 доллар аст. Соҳиби караоке-бар як шаҳрванди Чин аст. Духтаронро мо ба воситаи эълонҳо ба кор ҷалб мекунем. Дар рӯзнома эълон медиҳем, ки ба мо пешхидмат лозим аст ва ҳар рӯз 700 сом( муодили тақрибан 13 доллар) маошашон медиҳем. Вақте ки онҳо меоянд, мегӯем, ки ба мо пешхидмат лозим нест ва агар хоҳед ба чунин кор машғул шавед. Баъзе аз онҳо розӣ мешаванд ва бо хоҳиши худ танфурӯшӣ мекунанд.»

Ин фоҳишахона дар рафти як амалиёти махсуси кормандони пулиси шаҳри Бишкек ошкор шудааст. Ба гуфтаи Саломат Одилова, як масъули пулиси Бишкек, духтарони ба ин клуб ҷалбшуда вазифадор будаанд, ки муштариёнро ба хариди машруботи бештар ҳамводор кунанд.

«Дар ин клуб хӯрока фурӯхта намешавад ва ба муштариён танҳо нӯшокиҳои спиртӣ, хушкмева ва сигор пешниҳод карда мешавад. Масалан, пиваи 60-сома дар онҷо 500 сом фурӯхта мешавад, арақи 160-сома 2500 сом нарх дорад. Кори асосии коргарон ҳарчи бештар ба фурӯш рафтани нӯшокиҳо ҳам ҳаст. Масалан, агар ду шиша арақ фурӯшад, 4500 сом даромад ба даст меорад. Онҳо андоз намесупориданд ва махфӣ кор мекардаанд. Мо сабти видеоии якуним моҳи охирро тамошо кардем. Ҳамаи 8 ҳуҷраи ин караоке-клуб доим банд буд», - гуфт хонум Одилова.

Намояндаи пулиси Бишкек мегӯяд, ки шумораи чунин клубҳо афзудааст: "Коргари аз ҳама хурди чунин марказ 17 сол ва аз ҳама калонсолаш 24 сол дорад. Миёни онҳо занони шавҳардор ҳам ҳастанд. Дар шаҳр шумораи чунин ҷойҳо хеле зиёд шудааст. Онҳо зери унвонҳои караоке-клуб ва дигар номҳо ба чунин кор машғуланд.»

Тибқи омори расмӣ дар шаҳри Бишкек ҳоло ҳудуди 3 000 зан ба танфурӯшӣ машғул будаанд. Ба гуфтаи таҳлилгарон, баъзе аз чунин занҳо агар ба хотири дарёфти қути лоямут ба ин кор даст зананд, баъзеи дигар ба хотири харидани телефон ё ягон либоси гаронбаҳо сабукпоӣ мекунанд. Дар миёни танфурӯшон ҳатто хонандагони мактаб ҳам будаанд.

Кашфи фоҳишахона дар Бишкек
лутфан мунтазир бошед
Embed

Феълан кор намекунад

0:00 0:05:31 0:00
Линки мустақим
XS
SM
MD
LG