Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Умеди ҳарду сармураббӣ ба пирӯзӣ


Фирас ал-Халил, иҷрокунандаи вазифаи сармураббии тими «Ал-Файсалӣ»

Фирас ал-Халил, иҷрокунандаи вазифаи сармураббии тими «Ал-Файсалӣ»

Имрӯз, 22 феврал, пеш аз бозии «Истиқлол»-и Тоҷикистон бо тими “Ал-Файсалӣ”-и Урдун дар Душанбе нишасти хабарӣ доир шуд.

Пеш аз бозии «Истиқлол»-и Тоҷикистон дар даври аввали сабқати интихобии Ҷоми Конфедератсияи футболи Осиё (AFC)-2016 бо тими “Ал-Файсалӣ”-и Урдун рӯзи душанбеи 22 феврал дар маҷлисгоҳи меҳмонхонаи “Ҳаятт Риҷенси Душанбе” нишасти хабарӣ доир шуд.

Дар ин нишаст нахуст Фирас Ал-Халил, иҷрокунандаи вазифаи сармураббии тими «Ал-Файсалӣ», ба назди хабарнигорон омад. Вай гуфт, “Ин аввалин бозии мо дар сабқати гурӯҳист. Мо ба он хеле омодагии ҷиддӣ дидем.Истиқлол” дастаи хуб аст ва мухлисони зиёд дорад, ки дастгириаш мекунанд. Дастаи мо ба бозӣ комилан омода аст. Мо ба ин ҷо баҳри ғалаба омадаем ва мекӯшем, ки се имтиёз ба даст биёрем. Мо ду бор – солҳои 2005 – 2006 - барандаи Ҷоми АFC гардидаем ва мехоҳем, ки севумин бор соҳиби ҷом шавем.”

Баъдан дар ин нишаст Мубин Эргашев, сармураббии «Истиқлол», ба хабарнигорон гуфт, бо вуҷуди он ки ҳайати дастааш имсол хеле тағйир ёфтааст, мекӯшад, ки муқобили тими пурқуввати Осиё хуб бозӣ кунад. Вай гуфт, “аввалан мухлисони футболро бо оғози мавсими нав табрик мегӯям. Ҳаводорони футбол пазмони бозиҳои футболи бузург шудаанд. Бинобар ин мухлисонро ба тамошои бозии нахустини “Истиқлол” дар сабқати гурӯҳии Ҷоми AFC даъват мекунем. Мекӯшем, ки натиҷаи мусбат ба даст биёрем.”

Бозӣ миёни дастаҳои «Истиқлол», қаҳрамони чаҳоркаратаи Тоҷикистон ва «Ал-Файсалӣ», барандаи дукаратаи Ҷоми Конфедеросиюни футболи Осиё, рӯзи сешанбеи 23 феврал дар Варзишгоҳи марказии Душанбе соати 16:00 шурӯъ мешавад.

Доварони бозии “Истиқлол” - “Ал-Файсалӣ” аз Ветнам мебошанд. Довари ФИФА Во Мин Три сардовар, ёваронаш Пам Ман Лонг ва Нгуен Трунг Хау таъин шудаанд. Ферас Тавили суриягӣ довари эҳтиётӣ, Юсуф Мирзо Рустам аз Арабистони Саудӣ нозири доварон ва Равишанкар Ҷаяраман аз Ҳиндустон комиссари бозӣ мебошанд.

Мубин Эргашев, сармурабии дастаи "Истиқлол"

Мубин Эргашев, сармурабии дастаи "Истиқлол"

Бино ба иттилои дафтари матбуоти бошгоҳи футболи “Истиқлол” баъди анҷоми ин бозӣ тамошобинон метавонанд дар бозии лотереяи варзишӣ, ки аз рӯи билети даромад ба варзишгоҳ баргузор мешавад, ширкат варзанд. Се адад телефони мобилии iPhone 6 бурдҳои ин лотереяи варзишӣ мебошад. Нархи билет ба минбари ғарбии варзишгоҳ 25 сомонӣ ва ба минбарҳои дигар (шимолӣ, шарқӣ ва ҷанубӣ) 15 сомонӣ муқаррар шудааст.

“Истиқлол” дар марҳилаи гурӯҳии Ҷоми AFC-2016 дар гурӯҳи «В» бо дастаҳои «Нафит Ал-Васат»-и Ироқ, «Ал-Файсалӣ»-и Урдун ва «Триполи» (Лубнон) рақобат мекунад.

Ҷоми AFC-2016. Гурӯҳи «В»

Даври 1-ум

23 феврал (сешанбе)

«Истиқлол» (Тоҷикистон) – «Ал-Файсалӣ» (Урдун)

«Нафит Ал-Васат» (Ироқ) – «Триполи» (Лубнон)

Даври 2-юм

8 март (сешанбе)

«Триполи» (Лубнон) – «Истиқлол» (Тоҷикистон)

«Ал-Файсалӣ» (Урдун) – «Нафит Ал-Васат» (Ироқ)

Даври 3-юм

15 март (сешанбе)

«Триполи» (Лубнон) – «Ал-Файсалӣ» (Урдун)

«Нафит Ал-Васат» (Ироқ) – «Истиқлол» (Тоҷикистон)

Даври 4-ум

12 апрел (сешанбе)

«Истиқлол» (Тоҷикистон) – «Нафит Ал-Васат» (Ироқ)

«Ал-Файсалӣ» (Урдун) – «Триполи» (Лубнон)

Даври 5-ум

26 апрел (сешанбе)

«Ал-Файсалӣ» (Урдун) – «Истиқлол» (Тоҷикистон)

«Триполи» (Лубнон) – «Нафит Ал-Васат» (Ироқ)

Даври 6-ум

10 май (сешанбе)

«Истиқлол» (Тоҷикистон) – «Триполи» (Лубнон)

«Нафит Ал-Васат» (Ироқ) – «Ал-Файсалӣ» (Урдун)

Машваратдодашуда

XS
SM
MD
LG