Пайвандҳои дастрасӣ

Қурбони Чол (Қурбоналӣ Чолов), яке аз фармондеҳони собиқи Фронти халқӣ дар синни 54 аз дунё рафт. Оё ӯ чӣ шахсияте буд ва бо чӣ корномае дар ёдҳо хоҳад монд?

Бо Қурбоналӣ Чолов, маъруф ба Қурбони Чол, аз фармондеҳони собиқ Фронти Халқӣ ва намояндаи хонаводаи Чоловҳо охирин чеҳраи маъруфи ҷанги шаҳрвандӣ дар минтақаи Кӯлоб ба хок рафт. Ба гуфтаи Муҳаммадалӣ, яке аз дӯстони марҳум, Қурбон Чолови 54 – соларо ҳам захме ба гӯр бурд, ки дар замони ҷанги шаҳрвандӣ бардошта буд: “Солҳои ахир асаб азияташ медод. Аз ҳамон оҳанпорае, ки дар як набард ба сараш хӯрда буд, асабаш низ осеб пазируфт. Фишораш ҳам баланд буду қалбаш ҳам мариз буд. Дар Чину Русияву Ҳиндустон ҳам табобат кард, нашуд.”

Қурбон Чолов зодаи шаҳри Кӯлоб ва аз хонаводаи як замон пурнуфузи Чоловҳо аст, ки замони ҷанги шаҳрвандӣ худро матраҳ карда, барои ба қудрат расондани ҳукумати Эмомалӣ Раҳмон дар соли 1992 саҳми умда доштанд.

Масъулини вақти Фронти Халқӣ мегӯянд, хонаводаи Чоловҳоро дар ҷангҳо алайҳи неруҳои мухолифин шахсан падарашон – Аҳмад Чолов - роҳбарӣ мекард. Қурбон ва бародараш Султон Чолов ҳам таҳти итоати падар меҷангиданд.

Қувваталӣ Муродов, раҳбари бахши тиббии Фронти Халқӣ ба ёд меорад, ки бо Чоловҳо бори аввал зимистони соли 1993 дар Қӯрғонтеппа дучор омад ва он замон аслан ҳарфи аввалро дар ин оила падарашон мезад: Худи Қурбон як ҷавони боғайрату ҷасур ва бомаънӣ буд. Гуруҳи ӯ аз Ургутмаҳаллаи Қӯрғонтеппа гирифта, то Колхозободу Ҷиликӯл ҷангида буд. Ӯ ба Панҷ нарафт. Масъулияти Панҷ ба зиммаи бародараш Султон буд.”

Бо анҷоми ҷанги шаҳрвандӣ Аҳмад Чолов ба зиндагии мулкӣ баргашт ва Қурбон Чолов дар миёни мардум ҳамчун нафари аввали ин хонавода маъруф шуд.

Акс аз барномаи номзадии Қурбон Чолов дар интихоботи соли 1995

Акс аз барномаи номзадии Қурбон Чолов дар интихоботи соли 1995

Тулӯъу ғуруби шахсияти Қурбон Чолов намунаи дигаре аз сарнавишти фармондеҳони замони ҷанги шаҳрвандии Тоҷикистон аст, ки моҳиятан аз ҳам фарқе надоранд. Баъди пирӯзии Фронти халқӣ Қурбон Чолов фармондеҳи яке аз қисмҳои низомӣ таъин шуд. Соли 1995 ӯ ва бародараш Султон Чолов – вакили порлумони Тоҷикистон интихоб шуданд, ки бо номи “порлумони боевикҳо” ёд мешавад.

Ҳамин тавр, ибтидои солҳои 2000-ум бо коҳиши нуфузи “боевик”-ҳо дар ҷомиа нуфузи Қурбон Чолов ва дар баробари ӯ хонаводаи Чоловҳо низ коҳиш ёфт. Он замон қисми марзбонии 2931 – и Кумитаи марзбонии Тоҷикистонро аз Кӯлоб ба Саричашмаи Шӯрообод кӯчониданд ва фармондеҳии онро ба Қурбон Чолов супориданд. Ба қавли наздиконаш, ӯ аввалин дидбонгоҳи марзбонии тоҷикиро дар минтақаи Кричон эҷод кард.

Амалан ин “бадарға” шудани ӯ аз маркази асосии таҳти нуфузаш – шаҳри Кӯлоб - буд, зеро баъд аз он, тақрибан дар соли 2005 аз фармондеҳии ин қисми марзбонӣ низ сабукдӯш шуд ва рӯ ба тиҷорат овард. Бино ба иттилои ғайрирасмӣ, бозори "Панҷшер" - и Душанбе, маркази тиҷоратии "Доро" дар шаҳри Кӯлоб ва як силсила фурӯшгоҳҳову тарабхонаҳо дар Кӯлобу Душанбе ба ҳамин хонавода тааллуқ доштанд.

Коршинос Раҷаби Мирзо мегӯяд, кам касе аз “қаҳрамонон” – и ҷанги дохилӣ он замон воқеиятҳоро баҳогузорӣ карда метавонист, ки сарнавишт ва ё онҳое, ки барои онҳо сарнавишт сохтанд, бо онҳо чӣ кор хоҳад кард. Вай афзуд, ин воқеияте буд, ки ҳам ба фармондеҳони Фронти Халқӣ ва ҳам ИНОТ рабт дошт: “Онҳо худ нафаҳмиданд, ки вақте сарватманду аз лиҳози нуфузи сиёсӣ қудратманд мешаванд, ба гурӯҳҳое аз дохилу хориҷ, ки нақшаҳои дигар дар сиёсатҳои кишвар доштанд, халал мерасонанд. Ин воқеиятро ҳам ҳукумат ва ҳам мухолифин дарк мекарданд ва ҳисобашон сари фармондеҳон яксон буд. Аз ин хотир, ҳар кадомеро ба наҳве, аммо моҳиятан ба як ҳадаф аз майдон берун карданд.”

Маҳмуд Худойбердиев

Маҳмуд Худойбердиев

Ҷанги дохилии Тоҷикистон даҳҳо фармондеҳи хурду бузургро ба саҳна овард, ки тайи 15 соли ахир як-як аз саҳна берун шуданд. Сароғоз лидерони аввали Фронти халқӣ Сангак Сафаров ва Файзалӣ Саидов ҳанӯз дар моҳи марти соли 1993 дар як задухӯрди мармуз кушта шуданд. Соли 1998 Ёқуб Салимов ва Маҳмуд Худойбердиев низ баъди як исёни мусаллаҳонаи ноком рӯ ба фирор оварданд. Аввалӣ сипас боздошт шуда, ҳоло зиндонӣ аст. Дуввумӣ, бино ба иттилои ғайрирасмӣ, дар Ӯзбакистон зиндагӣ мекунад.

Ғаффор Мирзоев, фармондеҳи Горди миллӣ ва аз чеҳраҳои маъруфи ҷанги дохилӣ соли 2004 боздошт шуд ва баъдтар ҳукми абад гирифт. Сӯҳроб Қурбонов, фармондеҳи дигар, ки раҳбари бригадаи махсуси вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон буд, кайҳо канор рафтаву ҳоло, бино ба хабарҳо, низ дар бистари беморист.

Ҳамин тавр, фармондеҳи аввали Иттиҳоди нирӯҳои мухолифин (ИНОТ) Мирзо Зиёев низ соли 2009 дар пайи як амалиёти неруҳои ҳукуматӣ дар Тавилдара дар шароити мармуз кушта шуд. Муҳаммадрӯзӣ Искандаров, фармондеҳи дигари ИНОТ ва раиси ҳизби демократи Тоҷикистон ҳоло зиндонист. Дар ин миён, соли 2011 фармондеҳони мухолифини собиқ Абдулло Раҳимов ва Аловуддин Давлатов дар Рашт кушта шуданд. Ҳамтоёни онҳо Иброҳим Ёрибеков ва Намоз Қурбоналиев зиндонӣ ҳастанд.

Зимнан, дар минтақаи Кӯлоб дар баробари хонаводаи Чоловҳо оилаи Лангариевҳо низ нуфуз дошт, ки чеҳраи маъруфтаринашон Лангарӣ Лангариев ҳанӯз дар оғози ҷанги дохилӣ низ дар ҳолати мармуз кушта шуд. Дар соли 2008 бародари хурдии ӯ Сӯҳроб Лангариев пушти панҷараи зиндон рафт ва бародари дигараш, низ фармондеҳи маъруф Бахтиёр Лангариев ба хориҷи Тоҷикистон фирор кардааст.

Акс аз барномаи номзадии Султон Чолов дар интихоботи соли 1995

Акс аз барномаи номзадии Султон Чолов дар интихоботи соли 1995

Аз хонаводаи Чоловҳо ба дунболи Султон Чолов, ки бар асари беморӣ аз олам чашм пӯшид, 3 бародари дигар – Фирдавс, Сулаймон, Ҷавҳаршоҳ зиндонӣ. Давлат Чолов – бародари дигари онҳо – моҳи феврали соли равон бо иттиҳоми ҷалби ҷавонон ба ҷанги Сурия боздошт шуд.

Қурбон Чолов, намояндаи пурнуфузтарини хонаводаи Чоловҳо, рӯзи 5 ноябр дар қабристони зодгоҳаш Қишлоқи тиллоӣ ба хок супорида шуд.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG