Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

4 АКС ва ВИДЕО: Қурбон Чоловро дар "Қишлоқи тилоӣ" ба хок супурданд


Қурбон Чолов
Қурбон Чолов

Ҷанозаи фармондеҳи собиқи Фронти халқӣ Қурбон Чоловро баъд аз зӯҳри 5 ноябр дар оромгоҳи маҳаллаи "Қишлоқи тилоӣ"-и шаҳри Кӯлоб ба хок супурданд. Қурбон Чолов субҳи 5 ноябр дар синни 54 аз дунё гузашт.

Ҷанозаи фармондеҳи маъруфи минтақаи Кӯлоб дар солҳои ҷанги шаҳрвандии Тоҷикистон Қурбон Чолов баъд аз зӯҳри 5 ноябр дар оромгоҳи маҳаллаи "Қишлоқи тилоӣ"-и шаҳри Кӯлоб ба хок супурда шуд. Хабарнигори маҳаллӣ Маҳмудҷон Раҳматов аз шаҳри Кӯлоб хабар дод, ки дар маросими дафни ин фармондеҳи собиқ ҳудуди 2000 нафар ширкат кардаанд.

Маҳмудҷон Раҳматов мегӯяд, дар байни мардуми азодор шумори зиёди афсарони баландпояи нирӯҳои интизомии Тоҷикистон ва ҳамсангарони собиқаш аз Фронти халқӣ, аз ҷумла фармондеҳони дар солҳои ҷанги шаҳрвандӣ шинохта Саидшоҳ Шамолов ва Иброҳим Исмоилов, ва ҳамин тавр, шумори бузурге аз ҳунарпешаҳои маъруфи тоҷикро, ки ба гуфтаи худашон, "нону намаки Қурбон Чоловро бисёр хӯрдаанд," мушоҳида кардааст.

Бино бар ин манбаъ, ҳавлии бузурги хонаводаи Чоловҳо дар "Қишлоқи тилоӣ" низ дар тӯли тамоми рӯз пур аз одам буд ва аксар бо дуои хайр дар ҳаққи ин фармондеҳи фақид аз корномаҳои ӯ ва бахусус аз дасти кушоду доштани саховатмандиаш қисса мекарданд.

Ҳавлиии Чоловҳо дар Кӯлоб. 5 ноябр. Акс аз Маҳмудҷон Раҳматов
Ҳавлиии Чоловҳо дар Кӯлоб. 5 ноябр. Акс аз Маҳмудҷон Раҳматов

Қурбон (Қурбоналӣ) Чолов, фармондеҳи маъруфи Фронти халқӣ дар солҳои ҷанги шаҳрвандии Тоҷикистон субҳи 5 ноябр дар синни 54 аз олам чашм пӯшид. Гуфта мешавад, фармондеҳи шинохтаи минтақаи Кӯлоб бар асари фишори баланд ва бемори иқалб даргузаштааст.

Яке аз бародарзодаҳои ин фармондеҳ рӯзи 5 ноябр ба Радиои Озодӣ гуфт, ҷанозаи Қурбон Чолов имрӯз дар зодгоҳаш – Қишлоқи тилоии шаҳри Кӯлоб ба хок супурда хоҳад шуд.

Қурбон Чолов дар моҳҳҳои охир, ба гуфтаи наздиконаш, сахт бемор буд ва аз ҷумла дар моҳи майи соли равон дар Чин қалбашро ҷарроҳӣ карда буд. Дар рӯзҳое ки ӯ барои табобат дар Чин қарор дошт, ҳатто овоза шуда буд, ки ин фармондеҳи машҳур гӯё даргузаштааст. Вале он вақт наздиконаш ба Озодӣ гуфтанд, ки ин хабар сиҳат надорад.

Акс аз барномаи номзадии Қурбон Чолов дар интихоботи соли 1995
Акс аз барномаи номзадии Қурбон Чолов дар интихоботи соли 1995

"Ҳарчанд, ҳарфҳояш нофаҳмо аст ва дуруст сӯҳбат карда натавонад ҳам, аммо ҳолаш нисбат ба чанд рӯзи пеш хубтар шудааст. Ҳоло пас аз ҷарроҳӣ дар Чин дигар ҳеҷ хатареба саломатиаш таҳдид намекунад," -гуфта буд яке аз наздикони Чолов рӯзи 26 май ба Радиои Озодӣ.

Қурбон Чолов намояндаи хонаводаи дар замони ҷанги шаҳрвандии солҳои 90-уми Тоҷикистон пурнуфузи Чоловҳо буд. Ин хонавода, ки дар шаҳри Кӯлоб ба сар мебурд, ба тарафдорӣ аз Фронти халқӣ силоҳ гирифта, дар амри ба қудрат расондани ҳукумати Эмомалӣ Раҳмон дар соли 1992 саҳми умда доштанд.

Баъди пирӯзии Фронти халқӣ Қурбон Чолов фармондеҳи яке аз қисмҳои низомиро бар ӯҳда гирифт. Дар соли 1995 ду нафар аз Чоловҳо – Қурбон ва бародараш Султон Чолов – вакили порлумони Тоҷикистон ҳам интихоб шуданд. Он ҳайати порлумон, ки то соли 2000 амал кард, дар ёдҳо ҳамчун “порлумони боевикҳо” мондааст.

Акс аз барномаи номзадии Султон Чолов дар интихоботи соли 1995
Акс аз барномаи номзадии Султон Чолов дар интихоботи соли 1995

Аммо дар авоили солҳои 2000-ум нуфузи “боевик”-ҳо ва аз ҷумла нуфузи хонаводаи Чоловҳо коҳиш ёфт. Ӯву бародаронашро батадриҷ аз артиш берун карданд ва онҳо асосан ба тиҷорат машғул шуданд. Гуфта мешавад, ки бозори "Панҷшер" дар ҷануби Душанбе, бозори дигаре ва меҳмонхонаи сеқабатаи "Доро" дар шаҳри Кӯлоб ва як силсила фурӯшгоҳҳову тарабхонаҳо дар Кӯлобу Душанбе ба ҳамин хонавода тааллуқ доштанд.

Султон Чолов бар асари беморӣ барвақттар аз олам чашм пӯшид ва 3 бародари дигари онҳо – Фирдавс, Сулаймон, Ҷавҳаршоҳ – дар маҳбас ба сар мебаранд ва Давлат Чолов – бародари дигари онҳо – моҳи феврал бо иттиҳоми ҷалби ҷавонон ба ҷанги Сурия боздошт шуд.

Дар ин навори видеоии Радиои Озодӣ дар бораи фармондеҳони собиқи ду тарафи ҷанги Тоҷикистон пораҳое дар бораи Чоловҳоро низ метавонед тамошо кунед:

Рӯзҳое, ки силоҳ ҳокими кишвар буд...
лутфан мунтазир бошед
Embed

Феълан кор намекунад

0:00 0:04:32 0:00
Линки мустақим

XS
SM
MD
LG