Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Шоҳҷоизаи «Дидор» ба Афғонистон рафт


Филми «Чанд метри мукааб ишқ»-и коргардони афғон Ҷамшед Маҳмудӣ барандаи Шоҳҷоизаи кинофестивали байналмилалии «Дидор» шуд. Ин филм дар бораи паноҳандаҳои афғон дар Эрон қисса мекунад, ки дар як корхонаи коркарди партовҳо зиндагӣ мекунанд. Ин ҷашнвора шоми 20 октябр дар Душанбе натиҷагирӣ шуд. Дар озмуни имсола, ки аз 16 то 20 октябр ҷараён гирифт, 80 филм намоиш дода шуд. Давоми 5 рӯз дар толорҳои хурд ва бузурги кинотеатри «Зебуниссо» беш аз 7 ҳазор тамошобин аз филмҳои кинофестивали «Дидор» баҳра бурданд, менависад «Ховар».

Ҷоизаи «Мунаққидони кинои тоҷик» ба филми «Қарзи падар» аз Қирғизистон (муаллифони филм Дастан Жапарн-улу ва Бақит Муқул), ҷоизаи «Ҷавонӣ - талош ба сӯи ташаккулёбӣ» ба филми Қасида Гулмаконӣ (Эрон) бо номи «Муроқибат аз ҷунос» дода шуд.
Ҷоизаи «Беҳтарин филми тоҷикӣ» ба филми «Мушкилкушо»-и Умедшо Мирзоширинов тақдим гардид. Ҷоизаи байналмилалии кинофестивали «Дидор» ба филми «Ҷашни бузург»-и коргардони шинохтаи Арманистон Рубен Геворгянс лоиқ дониста шуд. Филми мазкур аз тақдири ду писарбачаи дар майдони ҷанг танҳомонда - яке арманӣ ва дигаре озарбойҷонӣ нақл мекунад. Шоҳҷоизаи беҳтарин филми кӯтоҳмуддат ба филми коргардон Николай Котяш (Русия) бо номи «Ҳар яке» тақдим карда шуд.

XS
SM
MD
LG