Пайвандҳои дастрасӣ

Барак Обама, раиси ҷумҳури Амрико бо ибрози нигаронӣ дар мавриди набардҳо дар шаҳри Кубонӣ дар шимоли Сурия ва минтақаҳои ғарбии Ироқ гуфтааст, ки дар ин роҳ "корзори тӯлонӣ" дар интизори онҳост.

Дар дидоре, ки рӯзи 14 октябр дар пойгоҳи ҳавоии "Андревз" (Andrews Air Force Base" дар атрофи Вошингтон анҷом шудааст, раиси ҷумҳури Амрико бо намояндагони банландпояи низомии беш аз 20 кишвари муттаҳид дар мубориза бо гурӯҳи Давлати исломӣ сухан гуфтааст. Ин дидор пас аз он анҷом мешавад, ки нерӯҳои эътилоф ба ҳамлаҳои худ алайҳи Давлати исломӣ шиддат бахшидаанд ва тайи рӯзҳои душанбе ва сешанбе 21 бор онҳоро ҳадаф қарор додаанд.

Раиси ҷумҳури Амрико ба фармондеҳони баландпояи низомии кишварҳои эътилоф гуфтааст, "роҳе фаврӣ барои дуруст кардани авзоъ вуҷуд надорад, мо ҳанӯз дар марҳилаҳои аввалия ҳастем". Ба гузориши хабаргузории Фаронса, ӯ тавзеҳ додааст, ки талошҳо барои шикасти муҳосираи Кубонӣ ва пешгирӣ аз пешравии гурӯҳи Давлати исломӣ дар ғарби Ироқ равона будааст.

Ба гузориши Ройтерз, нерӯҳои Амрико сахт ҷангиданд то вилояти Анбори Ироқро аз хатари суқут ва афтодан ба дасти нерӯҳои Ал-Қоида дар замони ҷанги Ироқ наҷот диҳанд, аммо акнун хатари контроли комили он ба дасти нерӯҳои Давлати исломӣ вуҷуд дорад. Хабаргузории Франс-пресс мегӯяд, нерӯҳои Давлати исломӣ дар ҳоли ҳозир тақрибан тамоми вилояти умдатан суннинишини Анборро дар даст доранд ва ба минтақаҳои ғарбии Бағдод наздик мешаванд. Дар ҳар ҳол, Обама таъкид кардааст, ки фарозу нишеб, пеши идомаи онро нахоҳад гирифт, "Монанди ҳар амалиёти дигар, рӯзҳои пешрафт ва пасрафт дар интизори мост, вале эътилофи мо дар ин кӯшиши тӯлонӣ муттаҳид мемонад."

Дидор бо фармондеҳони низомии 22 кишвари эътилоф бо ҳузури намояндагоне аз ҷумла Туркия ва Арабистони Саудӣ баргузор шуд. Мартин Демпсӣ, фармондеҳи ситоди муштараки артиши Амрико ин нишастро ба ӯҳда дошт. Як мақоми низомии Амрико ба хабаргузории Ройтерз гуфт, ки тарафҳои эътилоф таъкид доранд, ки бо вуҷуди ҳамлаҳои ҳавоӣ, нерӯҳои Давлати исломӣ тавонистаанд ба бархе пешравиҳо даст ёбанд, аммо ин эҳсос дар миёни аъзои эътилоф вуҷуд дошт, ки бо ҳамкории якдигар, дар ниҳоят онҳо ҳастанд, ки пирӯз хоҳанд шуд. Ин мақоми низомӣ, ки номаш фош нашудааст, мегӯяд, дар кӯтоҳмуддат чизҳое ҳаст, ки онҳо (Давлати исломӣ) ба даст меоваранд, аммо дар дарозмуддат вазъ баръакс хоҳад шуд.

XS
SM
MD
LG