Пайвандҳои дастрасӣ

Мақомҳои вазорати дифои Амрико гуфтаанд, ки нерӯҳои ироқӣ дар вилояти Анбор дар ҳоли шикаст дар баробари нерӯҳои гурӯҳи Давлати исломӣ қарор доранд.

Ба гузориши хабаргузории Франс-пресс, як мақоми олирутбаи низомии Амрико, ки хост номаш фош нашавад, гуфт, "ҳолати шиканандае дар вилояти Анбор ба вуҷуд омадааст. Албатта нерӯҳои ироқӣ бо бархӯрдор будан аз кӯмакҳои лозим мавзеъҳои худро ҳифз кардаанд."

Бо вуҷуди ин, ба гуфтаи ин мақоми амрикоӣ, вазъ ниҳоят душвор мебошад. Дар ҳамин ҳол ба гузориши шабакаи телевизиони байналмилалии ББС, мақомҳои давлатӣ дар вилояти Анбор хостори дарёфти кӯмаки фаврӣ барои ҷанг бо нерӯҳои гурӯҳи Давлати исломӣ шудаанд. Ба навиштаи хабаргузории Франс-пресс, як мақоми амрикоӣ гуфт, "ҳамлаҳои ҳавоии нерӯҳои эътилоф бо раҳбарии Амрико дар ҳафтаҳои ахир дар ғарби Ироқ, аз ҷумла дар наздикии шаҳри Рамодӣ ба ақиб рондани неруҳои Давлати исломӣ ва ҳифзи амнияти Бағдод --пойтахти Ироқ кӯмак карда буд."

Дар ин миён бар хилофи гузоришҳо аз шикасти нерӯҳои гурӯҳи Давлати исломӣ дар тасарруфи нерӯгоҳи стратегии Ҳадиса, шабакаи телевизионии CNN ба нақл аз як мақоми амрикоӣ эълом кард, ки нерӯҳои ин гурӯҳ ба пешравии худ дар вилояти Анбор идома медиҳанд. Дар ин робита як мақоми амрикоӣ ба хабаргузории Франс-пресс гуфт, ки шароит дар он минтақа хуб нест. Ба гуфтаи ӯ, нерӯҳои давлатии Ироқ даст ба чанд ҳамла задаанд, ки дар яке аз онҳо танҳо як километр пешравӣ доштаанд. Ин мақоми амрикоӣ бо эъломи ин, ки нерӯҳои давлатии Ироқ ниёз ба омӯзиши бештар доранд, гуфт, ки онҳо қобили муқоиса бо башмаргаҳои курди Ироқ нестанд. Ба гуфтаи ӯ, курдҳо дар ҳоли ҳозир дар ҳоли пешравӣ ва бозпасгирии шаҳрҳо ва сарзаминҳои худ ҳастанд ва ҳамкории хубе бо нерӯҳои эътилоф доранд.

Гурӯҳи Давлати исломӣ дар ибтидои соли ҷории милодӣ шаҳри Фалуҷа дар вилояти Анборро тасарруф кард ва то кунун борҳо талош кардааст шаҳри Рамодӣ ва Ҳадисаро тасарруф кунад. Дар ҳамин ҳол ба гузориши CNN, чархболҳои ҷангии Амрико барои ақиб рондани нерӯҳои Давлати исломӣ дар 48-километрии ғарби Бағдод ба амалиёти худ шурӯъ кардаанд.

Аз ҷониби дигар, бо вуҷуди гузоришҳои нашршуда дар рӯзи ҷумъа дар бораи пешравии нерӯҳои гурӯҳи Давлатӣ исломӣ дар шаҳри Кубонӣ дар шимоли Сурия, Созмони нозирони ҳуқуқи башари Сурия эълом кард, ки чирикҳои курд бомдоди рӯзи шанбе монеи талошҳои он гурӯҳ барои пешравӣ дар дохили ин шаҳр шудаанд. Хабаргузории Олмон низ гузориш дод, ки чирикҳои курд аз рӯзи ҷумъа то субҳи рӯзи шанбе ҳафт ҳамлаи нерӯҳои гурӯҳи Давлати исломиро барои пешравӣ дар ин шаҳрро хунсо кардаанд. Шаҳри Кубонӣ аз се тараф дар муҳосираи нерӯҳои Давлати исломӣ аст.

Ба гузориши хабаргузории Франс-пресс, Кетрин Аштон, масъули сиёсати хориҷии Иттиҳодияи Аврупо рӯзи ҷумъа хостори ҳамкории бештари ҷомеаи байналмилаӣ дар ҷанг алайҳи гурӯҳи Давлати исломӣ шуда буд. Ӯ ҳамчунин аз вазъияти амниятӣ ва инсонӣ дар Кубонӣ ва дигар минтақаҳои курднишин дар Сурия нигаронӣ кардааст. Ин мавзеъи Иттиҳодияи Аврупо пас аз он эълом шуд, ки намояндаи СММ дар Сурия нисбат ба такрори куштори Серебренитса дар соли 1995 дар Босния аз сӯи сербҳо, дар Кубонӣ ҳушдор дода буд.

Дар ин миён Созмони нозири ҳуқуқи башари Сурия эълом кард ки ҳавопаймоҳои эътилоф ба раҳбарии Амрико ду бор дар рӯзи шанбе амалиётеро алайҳи ин гурӯҳ дар ҷануб ва шарқи Кубонӣ анҷом додаанд. Ин амалиёт дар ҳоле сурат мегирад, ки муовини мушовири аршади амнияти миллии Амрико рӯзи ҷумъа ба хабаргузории Ройтерз гуфта буд, дар набуди як нерӯи заминӣ, душвор аст ки танҳо бо такя ба нерӯи ҳавоӣ битавон монеи тасарруфи шаҳр аз сӯи Давлати исломӣ шуд.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG