Пайвандҳои дастрасӣ

Мақомоти Тоҷикистон мегӯянд, раванди ба ҷангҳои Ховари Миёна рафтани шаҳрвандони тоҷик коҳиш ёфта, ҳоло дар Сурияву Ироқ тақрибан 300 тан аз атбои Тоҷикистон боқӣ мондаанд.

Мақомоти интизомии Тоҷикистон мегӯянд, раванди ба Сурияву Ироқ рафтани хоҳишмандони ба номи «ҷиҳод» аз ин кишвар кунд шуда, бозгашти ҷавонони тоҷик аз ҷангҳои ин ду кишвари Ховари Миёна баръакс афзоиш меёбад. Як манбаъ аз мақомоти интизомӣ ба Радиои Озодӣ гуфт, то имрӯз наздик ба сад тан аз шаҳрвандони тоҷик аз Сурия ва марзҳои Туркия бо эҳсоси пушаймонӣ ба Ватан баргаштаанд ва даҳҳо нафари дигаре, ки низ азми бозгашт ба Тоҷикистон доранд, бо наздикони худ ваё бо мақомот тамос гирифтаанд.

Ин манбаъ мегӯяд, «ҳар як нафари баргашта саргузаштҳои худро дорад. Ба сурати умум, ҳама пушаймонанд ва мисле, ки аз хоб бедор шудаанд ва ҳайронанд, ки чаро ба ин гурӯҳи терористӣ пайвастаанд?»

Ба бовари манобеи Озодӣ, коҳиши шумори ҷангиёни тоҷик дар ҷангҳои Ховари Миёна, аз ҷумла дар сафи созмонҳои тундраве, чун "Давлати исломӣ" натиҷаи маъракаҳои таблиғотиест, ки ҳукумат ҷиҳати гирифтани пеши роҳи идомаи сафари шаҳрвандони тоҷик ба Сурияву Ироқ ва баргардондани атбои худ аз он кишварҳо рӯи даст гирифтааст.

Дар нишасти ҳафтаи гузаштаи Маркази минтақавии зиддитеррори Созмони ҳамкориҳои Шанхай дар Тошканд низ намояндаи Русия гуфт, дар маҷмӯъ аз Русия ва кишварҳои Осиёи Марказӣ беш аз 5000 нафар, аз ҷумла 2600 нафар аз Осиёи Марказӣ, дар Сурияву Ироқ ва асосан дар сафи гурӯҳи тундрави «Давлати исломӣ» меҷанганд.

Ба дунбол, бархе расонаҳо, аз ҷумла хабаргузории русии РИА “Новости” дар бораи ширкати то 700 нафар аз Тоҷикистон дар ҷангҳои Сурияву Ироқ гузориш доданд.

Аммо манбаъҳои Радиои Озодӣ дар мақомоти интизомии Тоҷикистон мегӯянд, баръакс аз 500 нафаре, ки аз Тоҷикистон дар ин ҷангҳо ширкат доштанд, наздик ба 200 тани онҳо кушта шуда ва ҳоло на бештар аз 300 нафари дигар дар Сурияву Ироқ боқӣ мондаанд.

Чанде пеш мақомоти тоҷик бо пахши як гузориши вижаи телевизионӣ аз бозгашти беш аз 30 шаҳрванди Тоҷикистон аз Сурия ва Ироқ хабар дода буданд.

То ин дам шумораи ширкатдорон дар ҷангҳои Сурия ва Ироқ аз ҳисоби шаҳрвандони Тоҷикистон беш аз 500 нафар ва теъдоди кушташудаҳо наздик ба 150 нафар гуфта мешуд.

«Давлати исломӣ» як гурӯҳи тундравест, ки дар соли 2014 қисматҳои бузурге аз қаламрави Сурия ва Ироқро тасарруф карда, дар ин сарзаминҳо аз таъсиси «хилофати исломӣ» хабар дод. Ин гурӯҳ бо қатлҳои бераҳмонаи асирон ва мухолифонаш, аз ҷумла бо зинда ба зинда гӯрондану сӯзондан ва қатлҳои дастаҷамъии онҳо ном баровардааст.

Мақомоти Тоҷикистон баъди нашри паёмҳои видеоии пайдарпайи ҷангиёни тоҷике, ки ба иддаои худашон, дар Сурияву Ироқ дар сафи «Давлати исломӣ» меҷанганд, бо изҳори нигаронӣ аз таҳдиди афзоиши чунин афрод ба амният ва суботи кишвар, тадбирҳоеро ҷиҳати баргардондани атбои худ аз ин ҷангҳои бегона рӯи даст гирифт. Аз ҷумла дар Кодекси ҷиноии Тоҷикистон муҷозот барои ширкат дар чунин ҷангҳо ва зархаридиро шадидтар карда, барои он ҳамчун ҷазо аз 12 то 20 соли зиндонро пешбинӣ кардаанд. Ҳамзамон, вазорати умури дохила эълон кард, ки шаҳрвандони тоҷике, ки аз Сурияву Ироқ ихтиёран ба Ватан бармегарданд, мавриди афв қарор хоҳанд гирифт.

Дар Душанбе бар ин боваранд, ки аксари шаҳрвандони тоҷик ҳангоми муҳоҷирати корӣ дар Русия ба доми гурӯҳҳои ифротӣ афтида, озими Сурияву Ироқ мешаванд. Нозирони умур низ муҳоҷирони беҳуқуқ дар Русияро як тӯъмаи осон барои шабакаҳое мешуморанд, ки машғули ҷалби «гӯшти тоза» барои гурӯҳҳои тундрави фаъол дар Ховари Миёна ва Афғонистону Покистон мебошанд.

XS
SM
MD
LG