Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

7 сокини Ҳамадонӣ дар Сурия (2 ВИДЕО)


Назирбек Мадхолов, яке аз сокинони ноҳияи Ҳамадонӣ, ки дар ҷангҳои Ироқ кушта шудааст

Назирбек Мадхолов, яке аз сокинони ноҳияи Ҳамадонӣ, ки дар ҷангҳои Ироқ кушта шудааст

Мақомоти ноҳияи Ҳамадонӣ дар вилояти Хатлон мегӯянд, ки ҳафт сокини ин ноҳия барои иштирок дар ҷангҳои Сурияву Ироқ рафта, то ҳоло хабари марги се нафари онҳо расидааст.

Мақомоти ноҳияи Ҳамадонӣ мегӯянд, ҳафт сокини ин ноҳия дар ҷангҳои Сурияву Ироқ ширкат карда, се тани онҳо кушта шудаанд. Ҳарсе кушташудагон сокинони деҳаи ба номи Саидқул Тӯрдиев буда, чор нафари дигар, ки ҳоло дар Ироқу Сурия қарор доранд, аз деҳаҳои гуногуни ноҳия мебошанд.

Шерхон Мадхолов, сокини деҳаи ба номи Саидқул Тӯрдиев, ки писари 26-солааш Назирбек дар Ироқ кушта шудааст, мегӯяд, як писари дигари ӯ бо келин ва се наберааш ҳоло дар Ироқ мебошанд ва қасди бозгашт ба Тоҷикистонро надоранд. Ин сокини ноҳияи Ҳамадонӣ, ки дар манзили зисташ бо Радиои Озодӣ сӯҳбат мекард, гуфт, писараш Назирбек моҳи марти соли ҷорӣ ба Ироқ рафта, писари калонаш Муродбек Мадхолов ҳамроҳ бо келину набераҳояш солҳои 2012 ва 2013 сараввал ба Миср ва баъдан баъдан ба Ироқ мераванд.

Ба қавли Шерхон Мадхолов, писари кушташудааш Назирбек моҳи декабри соли 2014 пас аз оиладор шуданаш бо ҳамсараш ба Русия мераванд, вале баъди се моҳ ҳамсарашро ба Тоҷикистон равон карда, худаш роҳи Ироқро пеш мегирад. Хабари ба Ироқ рафтани Назирбекро модарарӯсаш ба бобои Шерхон хабар дода, кушта шуданашро бародараш Муродбек, дар рӯзи сеюми Иди Фитр, 19-уми июли соли ҷорӣ ба ӯ мерасонад.

Шерхон Мадхолов мегӯяд, писари калонаш бо ҳадафи тиҷорат аз Русия ба Миср ва аз онҷо ба Ироқ рафта буд. Муродбек дар Русия қаблан дар "автосервис" кор карда, баъдаш ба тиҷорат машғул мешавад. Вай маротибаи охирин зану фарзандонашро бо мақсади тамошо ба Миср мебарад ва дигар барнамегарданд. Тавре аз нақли Шерхон Мадхолов маълум гардид, келинаш набераи сеюмашро, ки духтар аст, дар Миср таваллуд кардааст.

"Он солҳо гапи Сурияву ҷангу ҷанҷол дар Ироқ набуд. Миср ҳам тинҷ буд ва бештар аз як сол он ҷо зиндагӣ карданд. Баъд аз сар шудани нооромиҳо дар Сурияву Ироқ чанд бор гуфтам, ки биёед, наомаданд," –мегӯяд бобои Шерхон.

Акси якҷояи Назирбек Мадхолов бо модараш

Акси якҷояи Назирбек Мадхолов бо модараш

Бобои Шерхон мегӯяд, ҳамсари қаблияш соли 1998 вафот карда, аз ӯ 10 фарзанд дорад. Ба назари ин сокини ноҳияи Ҳамадонӣ, сабаби ба Ироқ рафтани писаронаш мактаб нахондани онҳост. Зеро баъди марги ҳамсару модараш зиндагии сангин дошта, натавонистааст барои писаронаш ақаллан пойафзол бихарад ва онҳо мактаб бираванд. Бобои Шерхон мегӯяд, он солҳо аз ҷониби маъмурияти мактаби деҳа дастгирӣ наёфта, писаронаш аз синф ба синф гузаронида нашуданд: "Фарзандони калонам мактаб нахондаанд. Фикр мекунам, сабаби ба Ироқ рафтани фарзандонам таҳсил накарданашон аст."

Шерхон Мадхолов мегӯяд, ҳанӯз ҳам гоҳе бо писару келинаш гап мезананд. Келинаш мегӯяд, хоҳиши ба Тоҷикистон омаданро дорад, аммо намедонад, чаро шавҳараш барои омадан розӣ намешавад. Ба қавли писару келини бобои Шерхон, онҳо дар як макони амн ба сар бурда, дар ҷанг иштирок намекардаанд.

Онҳое, ки аз ин деҳа дар ҷангҳои Сурия ё Ироқ кушта шудаанд, ҳама аз тариқи Русия ба Ховари Миёна рафтаанд. Одинаҳмад Шарипов, раиси ҷамоати ба номи Саидқул Тӯрдиеви ноҳияи Ҳамадонӣ мегӯяд, сокинони дигари деҳа, ки дар Сурия кушта шудаанд, Саидбек Юнусови 31-сола ва Меҳрубон Муродови 26-сола мебошанд. Ба қавли раиси ҷамоати Тӯрдиев, Саидбек ва Меҳрубон аз оилаҳои фаъоли деҳа буда, соҳиби маълумоти олӣ будаанд. Бо ин далел, мегӯяд ӯ, ба эҳтимоли зиёд онҳоро бо роҳи фиреб ва ваъдаи корӣ беҳтар ба Сурия бурдаанд.

Сокинони дигари ин ноҳия, ки гуфта мешавад, ҳоло дар Сурия қарор доранд, Комрон Хоҷаев ва Сафаралӣ Қурбонови 23-сола мебошанд. Бар пояи иттилои мақомоти ин ноҳия, падари Комрон Хоҷаев ҳоло барои ҷустуҷӯи писараш дар Русия қарор дорад. Модари Комрон бошад, ҳанӯз хабар надорад, ки писараш ба Сурия рафтааст.

Волидони Сафаралӣ Қурбонов, сокини деҳаи Даштигулони ноҳия, ки ба қавли мақомоти умури дохила, дар Сурия аст, мегӯянд, ҳанӯз дақиқ намедонанд писарашон дар куҷост.

Одинамоҳ Қурбонова

Одинамоҳ Қурбонова

Одинамоҳ Қурбонова, модари Сафаралӣ Қурбонов, дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, аз рафтани писарашон ба Сурия онҳоро намояндагони Вазорати корҳои дохила огоҳ кардаанд. Ба нақли модари Сафаралӣ, онҳо маротибаи охир 5-уми апрели соли ҷорӣ бо писарашон сӯҳбат карда, дигар иттилоъ надоранд, ки ӯ дар куҷост. Одинамоҳ Қурбонова мегӯяд, писараш пас аз хатми синфи 9 дигар таҳсилро идома надода, ба муҳоҷирати меҳнатӣ рафтааст. Ӯ ҳудуди 7 сол дар як корхонаи қаннодӣ дар Маскав кор карда, боре ба Тоҷикистон наомада буд.

Бино ба иттилои расмӣ, ҳудуди 40 тан аз шаҳрвандони тоҷик бо эҳсоси пушаймонӣ аз “Давлати исломӣ” аз Сурияву Ироқ ба Ватан баргаштанд ва даҳҳо нафари дигар ҳангоми қасди сафар ба ҷиҳод дар хоки Тоҷикистону Туркия боздошт шуданд. Бар асоси оморҳои расмӣ, теъдоди шаҳрвандони Тоҷикистон, ки дар сафи гурӯҳи ба ном “Давлати исломӣ” дар ҳудуди Ироқ ва Сурия меҷанганд, беш аз 500 нафар буда, мақомот мегӯянд, то имрӯз беш аз 150 нафари онҳо кушта шудаанд.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG