Пайвандҳои дастрасӣ

"Симои муҳоҷир" - телевизиони муҳоҷирбачаҳои тоҷик


"Симои Муҳоҷир" дар Интернет

"Симои Муҳоҷир" дар Интернет

Муассиси телевизионии интернетии “Симои муҳоҷир” мегӯяд, ҳадафи онҳо на тиҷорат, балки муаррифии фарҳанг ва симои мусбати мардуми тоҷик дар майдони иттилоотии Русия аст.

Дар bestdomen.com – яке аз пойгоҳҳои бузурги Интернет- шабакаи нави телевизионие бо номи “Садои муҳоҷир” ба пахши озмоишии барномаҳояш шурӯъ кардааст. Ин шабака, тавре аз номаш бармеояд, асосан барои муҳоҷирони тоҷик дар Русия барнома пахш мекунад ва ин суханонро шиори худ интихоб кардааст: “Мо як муқаддасоти олие дорем барои худ: Ватан, Модар ва Миллат! Дигаронро намедонам, аз чӣ ифтихор доранд ва барои чӣ пайкор мекунанд!”

Ин телевизионро метавон дар ин нишонӣ пайдо ва тамошо кард:

http://bestdomen.com/en/simoimuhojir.html

Дар ин пойгоҳи интернетӣ дар канори телевизиони “Симои муҳоҷир” ҳамчунин метавон барномаҳои радиои “Муҳоҷир” ва радиои то ҳол ношиноси “Шайданское радио Диёр”-ро гӯш кард. Чун дар аксари сомонаҳои тафреҳӣ барои ҷалби бинандагон дар ин пойгоҳ шуморе аз сериалҳои маъруфи туркӣ ва ҳам филмҳои тоҷикиро барои тамошо гузоштаанд.

Дар ҳоли ҳозир “Симои муҳоҷир” дар тӯли 24 соат ба бинандагон дар қатори барномаҳои вижае, чун “Сӯҳбатҳо бо тоҷикони дунё”, ки аз тариқи Скайп сабт мешаванд, видеоклипҳои овозхонони асосан тоҷик, аз ҷумла Далери Хайриддин, Фирӯза Ҳафизова, Меҳринигори Рустам, Нигина Амонқулова, Мино ва Ҷӯрабек Муродовро бо таманниёти бархе аз ин ситораҳо ба муҳоҷирони тоҷик пешниҳод мекунад.

Раҳим Қаландаров, яке аз асосгузорони телевизиони “Симои муҳоҷир” рӯзи 8 июн ба Озодӣ гуфт, вақте дар моҳи августи соли 2013 ӯву Тоҳир Ҳамдамов ҳарду маҳсули нахустинашон – радиои “Муҳоҷир”-ро ба медиа-ҳолдинги “Tajinfo” – яке аз пойгоҳҳои хабарии тоҷикони Русия - фурӯхтанд, билофосила аз пайи сохтани телевизион шуданд. Оқои Қаландаров афзуд, ин шабака пахши барномаҳояшро ду моҳ пеш, аз пахши консерти ахири Баҳроми Ғафурӣ дар Рок Ҳаузи Маскав оғоз кардааст. Ӯ мегӯяд, “мақсади мо аз ин тарҳ пулкоркунӣ нест. Мо пеш аз ҳама мехоҳем фарҳанги мардуми тоҷикро муаррифӣ кунем. Аз тарафи дигар, мардуми мо мақоле дорад, ки шунидан кай бувад монанди дидан. Момехоҳем дар муқобили барномаҳои телевизионҳои Русия, ки тоҷиконро аксаран бо рангҳои манфӣ тасвир мекунанд, барномаҳое ташкил кунем, ки дар бораи зиндагии хонаводаҳои тоҷикон дар Русия қисса кунад.“

Барномаҳои ин шабакаро Раҳим Қаландаров аз Маскав ва барномасози “Симои муҳоҷир” Тоҳир Ҳамдамов аз Тюмен таҳия мекунанд. Раҳим Қаландаров 38 сол дошта, баъди хатми техникуми молиявӣ ба Донишгоҳи миллии Тоҷикистон дохил мешавад, вале ба далели мушкилоти зиндагӣ таҳсилро нима гузошта, ба Русия меояд: “Ман аз касе пинҳон намекунам, ки корамро аз кӯчарӯбӣ сар кардам. Ҳоло муҳосибам ва корам хеле хуб аст.”

Ӯ афзуд, онҳо талош хоҳанд кард, то “Симои муҳоҷир” ҳарчӣ бештар ба як телевизиони касбӣ табдил ёбад: “Мо мехоҳем шумораи барномаҳои худиро зиёдтар кунем. Аз муҳоҷирони тоҷик ҳам хостаем, то саҳнаҳое аз зиндагиашон дар Русия ва ҳамин тавр, лаҳзаҳои ҷолиберо, ки шоҳидаш мешаванд, ба навор гиранд ва аз тариқи телефон ба мо бифиристанд. Мо ҳатто қасд доштем, ки якбора барномаҳоямонро тариқи моҳвора нашр кунем. Азбаски тамоми харҷ аз ҳисоби ману Тоҳир аст ва барои ин ҳама тақрибан 200 000 доллар лозим буд, аз нигоҳи молӣ зӯрамон дар ҳоли ҳозир ба пахши моҳвораӣ намерасад. Вале оҳиста-оҳиста ин корро ҳам мекунем.”

Дар ин пойгоҳи интернетӣ дар канори телевизиони “Симои муҳоҷир” ҳамчунин метавон барномаҳои радиои “Муҳоҷир” ва радиои то ҳол ношиноси “Шайданское радио Диёр”-ро гӯш кард. Чун дар аксари сомонаҳои тафреҳӣ барои ҷалби бинандагон дар ин пойгоҳ шуморе аз сериалҳои маъруфи туркӣ ва ҳам филмҳои тоҷикиро барои тамошо гузоштаанд.

Радиои "Муҳоҷир" чӣ ҳол дорад?

Ғуфрон Ваҳҳобов - раиси медиа-ҳолдинги “Tajinfo” – рӯзи 8 июн ба Радиои Озодӣ гуфт, шабакаи “Симои муҳоҷир” тарҳи Раҳим Қаландаров ва Тоҳир Ҳамдамов аст, ки дар соли 2012 радиои “Муҳоҷир”- нахустин шабакаи радиои интернетӣ барои муҳоҷирони тоҷик дар Русияро таъсис дода буданд. Ин радио аз августи соли 2013 зери чатри “Tajinfo” қарор гирифт.

Раҳим Қаландаров (аз чап) ва Ғуфрон Ваҳобов

Раҳим Қаландаров (аз чап) ва Ғуфрон Ваҳобов

Ғуфрон Ваҳҳобов мегӯяд, дар ҳоли ҳозир радиои “Муҳоҷир” дар рӯз то 5000 шунаванда дошта, бархе барномаҳояш шунавандаҳои аз ин ҳам бештарро гирд меоранд. Ин шабакаи радиоӣ, ки низ корашро аз пахши таронаҳо шурӯъ карда буд, ҳоло як силсила барномаҳои тавлидотӣ ҳам дорад. Ғуфрон Ваҳҳобов ба Озодӣ гуфт, бештар барномаҳои “Сӯҳбати мустақим”, “Дар ёди Ватан”, “Садои муҳоҷир” ва “Уроки толерантности”, ки шоири русзабони зодаи Тоҷикистон Алексей Афғонов таҳия мекунад, байни шунавандагони радиои “Муҳоҷир” тарафдори зиёд доштаанд.

Ин ҳамсӯҳбати мо изҳори умед кард, ки шабакаи “Симои муҳоҷир” ҳам дар ин марҳалаи аввалияи пахши фақат видеоклипҳо дар нахоҳад монд: “Ман боварӣ дорам, ки онҳо батадриҷ як шабакаи касбӣ хоҳанд сохт. Медиа-ҳолдинги “Tajinfo” низ 5-6 сол боз дар фикри сохтани телевизион барои муҳоҷирон ҳаст, вале ин кор сармоягузории бузург мехоҳад. Аммо инки зарурати таъсиси чунин телевизион барои муҳоҷирони тоҷики Русия пеш омадааст, ҷои баҳс надорад.”

ТВ тоҷикӣ барои 1 миллион тоҷики Русия

Чунин заруратро ҷамъиятҳои тоҷикони Русия низ эътироф мекунанд. Онҳо мегӯянд, беш аз 1 миллион тоҷике ки ҳар сол дар талаби ризқу рӯзӣ худро ба Русия мезанад, ба расонаҳое ниёз дорад, ки ба онҳо ахбори Тоҷикистонро расонда тавонад ва ҳам пуле бошад, ки иртиботи фарҳангӣ байни мардуми аз Ватан дурафтодаро бо Тоҷикистон ҳифз бикунад.
Муҳаммади Эгамзод

Муҳаммади Эгамзод

Муҳаммади Эгамзод, сухангӯи сафорати Тоҷикистон дар Маскав ҳам дар сӯҳбат бо Озодӣ гуфт, таъсиси пойгоҳҳои бақуввати иттилоотӣ, аз ҷумла нашрияҳову хабаргузориҳо ва радиову телевизионҳо барои муҳоҷирони тоҷик дигар нафақат амри лозим, балки як амри ногузир аст. Оқои Эгамзод дар ин маврид аз таҷрибаи муҳоҷирони эронӣ дар Амрико мисол овард, ки даҳҳо телевизион таъсис додаанд ваё ҳатто муҳоҷирони рус, ки қариб дар ҳар кишвари Аврупо барои худ ба забони русӣ нашрияву радиову телевизион доранд.

Муҳаммади Эгамзод мегӯяд: “Мо аз таъсиси чунин расонаҳо фақат истиқбол мекунем. Муҳоҷирони моро бояд як фазои фарҳангиву иттилоотии тоҷикона дошта бошанд. Вале ин кор бояд дар сатҳи баланд, дар сатҳи ҷавобгӯ ба манфиатҳои милливу давлатии Тоҷикистон анҷом шавад. Ва расонаҳои тоҷикӣ битавонанд дар муқобили сели гузоришҳои манфие, ки матбуоти Русия дар бораи муҳоҷирони тоҷик нашр мекунанд, ақалан дар мавриди сохтани як симои накӯе аз тоҷикону аз Тоҷикистон дар ин сарзамин мусоидат кунанд, ақалан халал нарасонанд. Ин корест ки аз сӯи ҳама ба сурати дастаҷамъӣ ва аз як гиребон сар баровард, бояд анҷом шавад. Сафири навтаъини Тоҷикистон дар Русия Имомуддин Сатторов, ки аз таҷрибаи муҳоҷирони рус дар Олмон хуб огоҳ аст, низ ҳамин фикрро дорад.”

На "Сафо" монду на "ТМТ" омад

“Симои муҳоҷир” талоши нахустин барои таъсиси телевизиони тоҷикӣ дар Русия нест. Аммо то кунун дар Русия бештар талоши сохтани шабакаҳои телевизионии мухолиф ваё ҳадди ақал мустақил аз давлати Тоҷикистон мушоҳида мешуд.
ТВ Сафо

ТВ Сафо

Аз ҷумла моҳи августи соли 2013 дар Маскав шабакаи телевизионие бо номи “Сафо” ба пахши барномаҳояш тавассути моҳвораи Hotbird оғоз кард. Ин телевизион, ки асосан рӯи масоили сиёсӣ ва иҷтимоии Тоҷикистон тамаркуз мекард ва ҳатто гумон мерафт, ки аз сӯи раиси ҳизби наҳзати исломӣ Муҳиддин Кабирӣ (ҳарчанд ӯ худаш инро рад мекунад) ташкил шудааст, ҳамагӣ баъди 3 моҳ , дар моҳи ноябр ва дуруст дар пешорӯи интихоботи президентии Тоҷикистон аз моҳвора ғайб зад. Дастандаркоронаш мегуфтанд, ки иллати қатъи фаъолияти ТВ “Сафо” мушкилоти молист, ки ба зудӣ рафъ хоҳад шуд. Аммо бо гузашти инак 7 моҳ ин шабака дигар зоҳир нашуд ва бино ба хабарҳои дарёфтӣ, ҳайати кормандонаш низ кайҳо парешон шудааст.

Дар моҳи марти соли равон Иззат Амон, раиси созмони ҷавонони тоҷики Русия эълон кард, ки бо ҷамъе аз ҳамфикронаш шабакаи наве бо номи “Телевизиони мардумии Тоҷикистон”-ро таъсис додаанд ва ҳоло дар марҳалаи анҷоми корҳои фаннии лозим барои оғози кори ин телевизионанд. Иззат Амон аз ҷумла ба хабаргузории “Озодагон” гуфта буд, ҳадафи онҳо таъсиси расонаи мустақилест, ки битавонад ба мардум ахбори дурусту воқеиро бирасонад ва “як шабакаи воқеан мардумӣ бошад. На мисли телевизионҳои Тоҷикистон, ки танҳо ва танҳо аз таърифу тавсифи як нафар ва ё хонаводаи як нафар иборат аст.”

Чанд барномаи озмоишии “Телевизиони мардумии Тоҷикистон” тавассути сомонаи Youtube низ нашр шуд.

Аммо бо гузашти 3 моҳ “Телевизиони мардумии Тоҷикистон” то ҳол ба фаъолият шурӯъ накардааст.

Коршиносони масоили телевизион мегӯянд, сохтани як телевизион нисбат ба як нашрия ва ҳатто як радио харҷи бамаротиб бештарро тақозо мекунад, чунки ба васоили зиёди фанние – сар карда аз видеокамераҳо то студияҳои телевизиониву васоили пахши барномаҳо тавассути Интернет ё моҳвора – ниёз дорад. Як нафари огоҳ гуфт, барои сохтани як телевизиони “миёнаҳол” аз 200 000 то 1 миллион доллар сармоя лозим аст. Ба гуфтаи ӯ, муҳоҷирони тоҷик бо вуҷуди беш аз 20 соли ҳузур дар бозори кори Русия то ҳол сарватмандоне ба чунин тавоноиро ба миён наовардаанд, ки барои чунин як амри хайр аз ҷайбаш 1 миллион доллар бароварда битавонад. Ва далели асосии то ҳол як телевизони комил надоштани як миллион тоҷик дар Русия низ, ба бовари ӯ, ҳамин аст.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG