Пайвандҳои дастрасӣ

Харҷи беш аз 3 млн еврои Душанбе барои харидани 40 автобуси Туркия. ВИДЕО, САДО


Мақомоти шаҳрдории Душанбе гуфтанд, ки чиҳил автобуси нави тамғаи “ИСУЗУ”-ро бо харҷи 3,4 миллион евро аз Туркия ворид кардаанд ва ин мусофиркашонҳо 15 апрели имсол, яъне дар Рӯзи пойтахт, мавриди истифода қарор хоҳанд гирифт.

Гузориши видеоӣ дар инҷост:

Қурбон Саидзода, муовини шаҳрдори Душанбе, дар як нишасти хабарӣ гуфт, ки ин автобусҳо дар рӯзи аввали корашон ба мардум бепул хидмат мекунанд.

Ахиран шаҳрдории Душанбе қарор кардааст, ки ронандаҳои тасодуфиро низ аз рондани мусофирбарҳо дар пойтахт маҳрум кунад.

Саидзода гуфт, харҷи ин автобусҳо аз буҷаи шаҳрдорӣ пардохт шуда, нархашон дар муқоиса ба автобусҳои сохти Русия нисбатан арзонтар будааст. "Нархи ҳар автобуси овардаи мо ба беш аз 85 ҳазор евро баробар мешавад. Қаблан ҳукумати пойтахт асосан аз Русия автобус мехарид, ки нархашон 128 ҳазор евро буд", - таъкид кард ӯ.

Қурбон Саидзода

Қурбон Саидзода

Муовини шаҳрдори Душанбе гуфт, ки ҳоло корвони аввали автобусҳои нав аз Туркияро қабул кардаанд ва тобистони имсол бахши дувуми мусофиркашонҳо вориди пойтахт хоҳанд шуд. Қурбон Саидзода гуфт, "қарор аст, дар навбати дувум 24 автобуси дигар ворид карда шавад. Хубии мусофиркашонҳои нав дар он аст, ки дар ҳар кадомашон дурбинҳои назоратӣ сабт шуда ва барои таъмини амнияти мардум хидмат мекунанд. Инчунин, то се моҳи дигар қоидаҳои нави пардохт низ ҷорӣ мешавад. Мо ба низоми пардохти электронӣ мегузарем."

Чиҳил автобуси нав аз Туркия то Душанбе дар муддати 12 расидаанд. Мақомот мегӯянд, ба далели ҷашни Наврӯз ин автобусҳо чанд рӯз дар марзи Эрон дармондаанд. Қаблан Хуршед Кабиров, масъули соҳаи нақлиёти пойтахт дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ гуфта буд, ки дар низоми нақлиёти шаҳр як бебандуборӣ ҷой дошт ва онҳо тасмим гирифтаанд, барои кашондани мусофирон аз Туркия автобусҳои нав ворид кунанд.

Нақлиёти шаҳрӣ аз камтарин бахшҳои кори ҳукумати Душанбе аст, ки ҳама вақт зери интиқод буд. Шаҳрдори собиқи Душанбе Маҳмадсаид Убайдуллоев низ доим аз кори нақлиёти шаҳрӣ интиқод мекард ва сари чанд моҳ масъулини ин бахшро огоҳӣ медод ва ё аз кор озод менамуд. Ба қавли коршиносон, яке аз мушкили аслии нақлиёти шаҳрӣ дар Душанбе ин роҳ ёфтани шахсони тасодуфӣ ба соҳа мебошад.

Рустами Эмомалӣ, шаҳрдори нави Душанбе ва писари калонии раиси ҷумҳури Тоҷикистон, ки моҳи январи имсол ба ин мақом расид, низ корашро аз танзими нақлиёт оғоз кард. Сокинон мегӯянд, дар аввал ҳаракати мусофирбарҳои хурд дар хиёбони Неъмат Қаробоеви шаҳри Душанбе манъ шуда, барои ҳаракати таксиҳои маъруф ба “се сомонӣ” низ мониа эҷод шудааст. Аммо сокинон гуфтанд, ҳанӯз мушкили нақлиёт дар пойтахти Тоҷикистон побарҷост ва пеш аз ҳама барои рафъи он ҷадвали собити ҳаракати нақлиёт зарур аст. Чизе, ки дар шаҳри Душанбе дида намешавад ва сокинон таваккалӣ дар истгоҳҳо мунтазири омадани нақлиёти ҷамъиятӣ мешаванд.

Ахиран шаҳрдории Душанбе қарор кардааст, ки ронандаҳои тасодуфиро низ аз рондани мусофирбарҳо дар пойтахт маҳрум кунад. Тибқи талабот, ҳоло шахсоне ҳамчун ронанда дар нақлиёти ҷамъиятӣ ба кор қабул карда мешаванд, ки таҷрибаи 3 соли ронандагӣ дошта, синнашон аз 21 кам набошад ва дорои ҳуҷҷати ронандагии категорияи “Д” бошанд.

Андешаи Шумо

Намоиши шарҳҳо

Машваратдодашуда

XS
SM
MD
LG