Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Насби интернети бепул дар 20 нақлиёти ҷамъиятии Душанбе


Дар пойтахти Тоҷикистон як ширкати мухобиротӣ даҳҳо нақлиёти ҷамъиятиро бо интернети ройгон таъмин кардааст. Дар идомаи як барномаи муштарак бо шаҳрдории Душанбе ширкати “Билайн” имкон фароҳам кардааст, ки мусофирон дар 20 автобус ва троллейбусҳои дигар аз интернети Wi-Fi истифода баранд. Ин ширкат як соли пеш 10 автобус ва фурудгоҳи Душанберо бо интернети бепул таъмин карда буд.

Ҳоло фақат мусофирони автобусу троллейбусҳои шумораи 8, 9 ва 12 имкон доранд, ки ҳангоми ҳаракат дар Душанбе аз тариқи интернети баландсуръат почтаи электронӣ, саҳифаҳои худ дар шабакаҳои иҷтимоиро бибинанд, ё китоб бихонанд. Ҳадафи ин тарҳ ташвиқи мардум ба истифода аз нақлиёти умумӣ дар Душанбе будааст.

Константин Колесов, мудири кулли “Билайн” дар Тоҷикистон гуфт, онҳо тасмим доранд, ки ин тарҳро берун аз пойтахт низ ба роҳ монанд. “Мо нақша дорем, ки лоиҳаро берун аз ҳудуди шаҳр барем ва нақлиёти минтақаро ҳам бо интернети бепул таъмин кунем. Мо ин корро дар кишварҳое, ки дар он ҷо “Билайн” ҳузур дорад, алакай иҷро кардем ва мехоҳем, Тоҷикистон аз онҳо ақиб намонад,” – гуфт ӯ.

Интернети бепул дар троллейбусу автобусҳои Душанбе
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:03:00 0:00

Бархе аз сокинони ҷавони Душанбе пинҳон намедоранд, ки рамзи Wi-Fi онҳоро барои нишастан дар автобусу троллейсбусҳо моил мекунад. Зафар ном як сокини пойтахт, ки дар дохили мусофирбари рақами 8 буд, дар суҳбат бо гуфт, ки “танҳо барои истифодаи интернети бепул дар инҷо нишастаам.”

Ронандагони автобусҳое, ки дар онҳо Wi-Fi насб шудааст, мегӯянд, бархе аз ҷавонон ҳатто пеш аз ворид шудан ба нақлиёти умумӣ мепурсанд, ки оё интернети бепул кор мекунад, ё не. Ба қавли ронанда Сабзалӣ Раҳматшоев, баъд аз насби Wi-Fi таваҷҷуҳи мусофирон ба автобусҳои онҳо зиёдтар шудааст. Вале ин ронанда мегӯяд, “дар сурати зиёд шудани истифодабарандагони интернет дар як вақт суръати интернет паст мешавад, ки боис ба шикояти мусофирон мегардад.”

Як сол пеш ширкати “Билайн” якҷоя бо ҳукумати шаҳри Душанбе тарҳеро бо номи “Beeline Wi-Fi Free” дар бархе аз хатсайрҳои нақлиёти ҷамъиятӣ ва фурудгоҳи байналмилалии Душанбе ба роҳ монда буд. Он вақт танҳо барои мусофирони 10 автобуси хатти сайри 8 ва 18 интернети бепул дода шуд. Ҳоло, дар маҷмуъ, дар Душанбе 20 автобусу 10 троллейбус бо Wi-Fi-и бепул таъминанд.

XS
SM
MD
LG