Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Арзиши роҳкиро дар Тоҷикистон боло меравад?


Арзиши роҳкиро дар нақлиёти мусофирбари шаҳри Душанбе имкон дорад 25 дарсад боло равад.

Хадамоти зидди инҳисории Тоҷикистон аз пешниҳоди "Душанбенақлиётхадамотрасон" дар мавриди боло бурдани арзиши роҳкиро дар нақлиёти мусофирбари шаҳри Душанбе пуштибонӣ карда ва имкон дорад роҳкиро 25 дарсад афзоиш ёбад.

Бо назардошти бӯҳрони молӣ, пешниҳоди ин ниҳод дар бораи боло бурдани арзиши роҳкироро Маҳмадсаид Убайдуллоев, раиси шаҳри Душанбе барои омӯзиш пас гардондааст. Сокинон умед доранд, ки мақомот вазъи мушкили молии онҳоро ба назар гирифта, пешниҳоди муассисаи мусофирбариро дастгирӣ намекунад.

Умар Ниёзов 6 фарзанд дорад. Ӯ дар сохтмон кор мекунад ва моҳона 750 сомонӣ музд мегирад. Аз ин миқдор ҳудуди 250 сомонӣ харҷи роҳаш мешавад. Манзили Умар Ниёзов дар маҳаллаи 33-и пойтахт аст ва коргоҳаш дар минтақаи Водонасоси Душанбе мебошад. Барои расидан ба маҳалли кор ӯ аз ду ва ё се нақлиёт истифода мекунад.

Умар Ниёзов мегӯяд: “Беҳтар аст, ки пеш аз боло бардоштани роҳкиро маоши коргаронро боло бардоранд. Агар маоши моро боло набардошта роҳкиро гарон шавад, ҳоламон бад мегардад. Маҷбур мешавем аз хона дигар берун набароем.”

Дар Душанбе роҳкирои мусофирбар аз як қароргоҳ то дигар ба ду ҳисса тақсим шуда, нархгузорӣ мешавад. Бар асоси қарори шаҳрдорӣ, таксиҳои хатсайрӣ ё машруткаҳо аз ҳар мусофир то нисфи роҳ 80 дирам ва то охири он 1 сомониву 60 дирам бояд ситонанд. Ҳолатҳое ҳаст, ки ронандаҳо хилофи тартиботи мавҷуд аз 20 то 40 дирам қиматтар мегиранд. Тибқи қарори нав, ки дар ҳоли баррасӣ аст, ин шеваи кор тағйир хӯрда, нархи ягона муқарар мешавад.

Ҷумъахон Давлатов, муовини раиси муассисаи "Душанбенақлиётхадамотрасон" гуфт: "Агар нархи роҳкиро ба таври мутлақ 1 сомонӣ ё 2 сомони муайян мешуд, беҳтар буд. Масалан, дар автобуси рақами 3 ҳақи роҳкиро 60 дирам аст. Дар автобуси рақами 8 як сомониву 20 дирам. Агар ҳақи роҳкиро дар автобусҳо як сомонӣ шаваду дар микроавтобусҳо ду сомонӣ, фикр мекунам, дигар арзу шикояти шаҳрвандон низ камтар мегардад. Зеро ҳоли ҳозир нархи таксии хатсайрӣ 1 сомониву 60 дирам аст, мардум гоҳҳо 2 сомон медиҳанд, гоҳе 1 сомонӣ. Ё баръакс ронанда 40 дирам бақия намедиҳанд, ки миёни ронанда ва мусофирон даъво мехезад.”

Арзиши нақлиёти мусофирбар баланд шавад ё...
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:04:20 0:00

Файзалӣ Зарифов ба ҳайси ронанда дар хатсайри рақами 25 кор мекунад. Ӯ мегӯяд, буҳрони молӣ ба фаъолияти онҳо низ асар доштааст. Ӯ бо афзоиши харҷи нигаҳдории нақлиёт ислоҳотро дар ин бахш зарур меҳисобад.

“Танҳо равған иваз кардан 150 сомонӣ мешавад. Маблағи таъмир аз 200 сомонӣ боло аст. Ин роҳкирое, ки ҳаст хароҷоти моро рупӯш намекунад. Ин 1 сомониву 60 дирам дар ягон ҷо дуруст намегирад. Як ҳамин "рулевой колонка" мегӯянд 150 сомонӣ буд, ҳоло 250 сомонӣ шудааст. Сӯзишворӣ низ то ҳудуди 2 сомонӣ қимат шуд. Газ дар давоми 15 рӯз 1 сомонӣ қимат шуд. Андоз ҳам боло рафт.”

Бо назардошти ҳамаи ин омилҳо, акнун қарори ниҳоӣ дар дасти ҳукумати шаҳри Душанбест, ки қимати роҳкироро бетағйир мемонад ва ё ночор онро боло мебарад, чизе ки мусофирони умдатан камбизоат намехоҳанд.

XS
SM
MD
LG