Пайвандҳои дастрасӣ

Бонки аврупоии бозсохт ва рушд мегӯяд, таҳримҳои Иттиҳодияи Аврупо ва Амрико алайҳи Русия ба иқтисоди Тоҷикистону Қирғизистон аз ҳоло таъсир гузоштааст.

Бонки аврупоии бозсохт ва рушди Аврупо (ЕББР) аз осебпазирии иқтисоди Тоҷикистону Қирғизистон дар пайи таҳримҳои эълонкардаи Аврупову Амрико алайҳи Русия ҳушдор додааст. Ин бонк бо нашри гузориши тозаи худ гуфтааст, мизони маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ (ВВП) дар кишварҳои Осиёи Марказӣ дар семоҳаи аввали соли равон поин рафта, далели он буҳрони Русия арзёбӣ шудааст, ки бар асари ҳаводиси охири Украина ба миён омадааст.

Ба гуфтаи коршиносони Бонки аврупоии бозсохт ва рушд, заиф шудани иқтисоди Русия, пеш аз ҳама, ба иқтисоди Тоҷикистону Қирғизистон зарба хоҳад зад. Чун, ба таъкиди онҳо, интиқоли маблағи муҳоҷирони қирғизу тоҷик 29 ва 49 дарсади маҷмӯи маҳсулоти дохилии кишварашонро ташкил медиҳад.

Ба иттилои Хадамоти федеролии муҳоҷирати Русия ҳоло дар қаламрави ин кишвар 1 миллиону 63 ҳазор шаҳрванди Тоҷикистон ва каме бештар аз 550 ҳазор табаии Қирғизистон расман ба сар мебаранд. Аммо манобеи ғайрирасмӣ теъдоди муҳоҷирони тоҷик дар Русияро 2 миллион нафар мегӯянд, ки соли гузашта ба ватан 4 миллиарду 154,3 миллион доллар интиқол додаанд ва ин маблағ бештар аз буҷаи солонаи Тоҷикистон аст.

Аммо Бонки марказии Русия мегӯяд, интиқоли маблағи муҳоҷирон аз ин кишвар ба Тоҷикистон дар давоми моҳи январ ва июн 4,9% нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта поин рафта, 1 миллиарду 404 миллион долларро ташкил додааст, ки баробар ба 38% маҷмӯи маҳсулоти дохилии кишвар мебошад.

Дар пайи ҳаводиси Украина, Иттиҳодияи Аврупо алайҳи Русия таҳрим ҷорӣ кард, ки ширкатҳои бузурги давлатӣ, ба мисли “Роснефт”, “Транснефт” ва “Газпромнефт”-ро ҳадаф гирифтаанд. Бар тибқи таҳримот, ширкатҳои мазкур аз ҳаққи қарз гирифтан аз муассисаҳои молии Иттиҳодияи Аврупо маҳрум шуданд ва муомила бо ширкатҳои низомии Русия ҳам маҳдуд мешавад. Таҳримот рӯзи 12 сентябр дар нашрияи расмии Иттиҳодияи Аврупо нашр шуд ва ҳукми иҷро гирифт. Иттиҳодияи Аврупо барои амалкардҳои Русия дар Украина ин таҳримотро ҷорӣ кард. Кишварҳои ғарбӣ мегӯянд, Русия ба ҷудоиталабон дар шарқи Украина кумак мекунад, аммо Маскав ин иддаоро рад кардааст.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG