Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Таҳримот алайҳи Русия ба иҷро медарояд


Ҳерман Ван Ромпуи, раиси Шӯрои Аврупо, гуфт, ки таҳримоти нав алайҳи Русия аз рӯзи 12-уми сентябр ба иҷро медарояд, аммо афзуд, мумкин аст, ин таҳримҳо камтар ва ё беэътибор шаванд. Иттиҳодияи Аврупо чанде пеш бинобар амалкардҳои Русия дар Украина алайҳи Маскав таҳримоти нав ҷорӣ кард. Ба гуфтаи Ҳерман Ван Ромпуи бознигарии таҳримҳо бо назардошти рафтори Русия сурат мегирад. Бар асоси ин таҳримот, Иттиҳодияи Аврупо хариду фурӯши аслиҳа бо Русияро маҳдуд мекунад ва ширкатҳои давлатие ба мисли Роснефт, Транснефт ва Газпром нефт наметавонанд, аз муассисаҳои молии Аврупо қарз бигиранд. Вазорати умури хориҷии Русия, рӯзи 11-уми сентябр эъмоли таҳримотро “амали ғайридӯстона” номид ва гуфт, аксуламали Русия низ муносиб хоҳад буд.

XS
SM
MD
LG