Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Амрико алайҳи Русия таҳримоти нав ҷорӣ кард


Иёлоти Муттаҳидаи Амрико бастаи нави таҳримот алайҳи Русияро эълон кард. Ин таҳримҳо арсаҳои низомӣ, энержӣ ва бонкии Русияро ҳадаф гирифтаанд. Вазорати молияи Амрико аз ҷумла Сбербанк, як бонки хусусии Русияро рӯзи 12-уми август ба феҳрасти бонкҳои давлатии таҳти таҳримт Русия, ки муомилоти молии Амрико бо онҳо маҳдуд мешавад, шомил кард. Ҳамин гуна содироти таҷҳизоту фанновариҳо аз Амрико барои 5 ширкати нафткашии Русия мамнӯъ шудааст. Ҳисобҳои 5 ширкати тавлидкунандаи фанновариҳои низомии Русияро ҳам дар Амрико масдуд кардаанд. Пештар аз ин эълон, таҳримоти Иттиҳодияи Аврупо алайҳи Русия ҳукми иҷро гирифт ва теъдоди дигаре аз афроди Русия аз ҷумла Владимир Жириновский, вакили миллатгарои Думаи давлатиро аз ҳаққи сафар ба Иттиҳодияи Аврупо маҳрум карданд. Муомила ва сармоягузории кишварҳои аврупоӣ бо ширкатҳои давлатии Русия маҳдуд шуд. Владимир Путин, раиси ҷумҳури Русия гуфт, ки таҳримоти нави кишварҳои ғарбӣ бо ҳадафи баҳам задани талошҳо барои истиқрори сулҳ дар шарқи Украина аст ва Маскав низ ба таҳримот аксуламали муносиб нишон медиҳад.

XS
SM
MD
LG