Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Иди пойтахт ва баҳси Душанбеи наву "кӯҳна"


Душанбеи солҳои 20 ва имрӯз
Душанбеи солҳои 20 ва имрӯз

Рӯзи 16 апрел бо баргузории як нимамарафону як мусобиқаи теннис ва сайругаштҳои мардумӣ дар 4 боғу майдони шаҳри Душанбе Иди пойтахтро таҷлил мекунанд.

Дафтари матбуоти шаҳрдории Душанбе мегӯяд, рӯзи шанбе, 16 апрел Иди пойтахт таҷлил мешавад. Иди пойтахт соати нӯҳи субҳ бо як нимамарафон шурӯъ мешавад. Ин нимамарафон, ки аз соли 2010 инҷониб баргузор карда мешавад, аз Наврӯзгоҳ, воқеъ дар хиёбони Ҳофизи Шерозӣ оғоз меёбад ва хатти маррааш майдони Дӯстӣ дар маркази Душанбест.

Гуфта мешавад, дар нимамарафони Душанбе имсол ба ҷуз аз давандаҳои тоҷик варзишкорон аз тақрибан 15 кишвари дунё, бо шумули Русия, Беларус, Афғонистон, Эрон, Канада, Амрико, Фаронса ва ҳатто аз кишвари африқоии Кения ширкат хоҳанд варзид.

Барои барандаи ҷои аввал дар нимамарафон, бино ба гузориши “Азия Плюс”, 27 510 сомонӣ, муодили тақрибан 3500 доллар ҷоиза муқаррар шудааст. Дар маҷмӯъ барои 6 ҷои аввал ҳам байни занон ва ҳам байни мардон ҷоизаҳое дода мешаванд, ки камтаринаш 11 790 сомонӣ, муодили тақрибан 1500 доллар мебошад.

Соати 11 дар чорчӯби маъракаҳои бахшида ба Иди пойтахт дар Кохи тенниси Душанбе мусобиқаи теннисбозон ва соати 14 дар “Душанбе –Плаза” – баландтарин бинои пойтахти Тоҷикистон – маросими тақдими ҷоизаҳои ғолибони нимамарафон ва дигар озмунҳои шаҳрии қаблан эълоншуда доир мешавад.

Боғи Рӯдакӣ
Боғи Рӯдакӣ

Ҳамчунин дар тӯли рӯзи шанбе дар 4 гӯшаи пойтахт – Боғи Рӯдакӣ, Боғи Дӯстии халқҳо, майдони 800-солагии Маскав ва кӯли Комсомол сайругаштҳои оммавии сокинон ва меҳмонони Душанбе дар назар гирифта шудааст. Иди пойтахт бо як консерти ситораҳои ҳунари Тоҷикистон дар боғи Рӯдакӣ дар маркази Душанбе ҳусни анҷом хоҳад ёфт.

Душанбе як шаҳри дар миқёси таърих тозабунёд аст, ки дар тӯли камтар аз 100 сол аз як рустои хурди кӯлбаҳои бомҳояш гилин то як маркази умдаи сиёсиву фарҳангии тоҷикони дунё сабзидааст.

Душанбе, ки аз соли 1929 то 1961 ба Сталинобод табдили ном карда буд, соли 1924, билофосила бо таъсиси Ҷумҳурии ибтидо мухтор ва сипас мустақили Тоҷикистон пойтахти он эълон шуд.

Душанбеи кунунӣ, бино ба маълумотҳо, дар майдони 124,6 километри мураббаъ доман густурда, дар ин шаҳр, бино ба омори расмӣ, беш аз 800 ҳазор ва бино ба ҳисобҳои ғайрирасмӣ, беш аз 1 миллион нафар ба сар мебаранд.

Душанбе феълан аз лиҳози маъмурӣ ба 4 ноҳия – Шоҳмансур, Исмоили Сомонӣ, Фирдавсӣ ва Сино тақсим шудааст ва дар назар аст, ки ноҳияи бузургтаринаш – Сино – дар ояндаи наздик ба ду ноҳияи алоҳида ҷудо карда шавад. Дар Душанбе 230 корхонаи саноатӣ, 36 корхонаи нақлиётӣ, 132 ширкати сохтмонӣ, 40 бонку муассисаҳои қарздиҳӣ, 121 мактаби миёна, 14 омӯзишгоҳ, 21 донишгоҳ, 13 театр, 7 осорхона, 7 намоишгоҳ, 8 стадион, 121 толори варзишӣ ва 21 масҷид амал мекунанд.

40 дарсади иқтидори саноатии Тоҷикистон низ дар шаҳри Душанбе ҷойгир буда, маоши миёна дар пойтахт ҳудуди 1700 сомонӣ, яъне қариб ду маротиба бештар аз 862 сомонӣ маоши миёна дар Тоҷикистон аст.

Hyatt Regency
Hyatt Regency

Дар чанд соли охир авҷи сохтмон ва қомат афрохтани биноҳои нави баландошёнае, чун “Душанбе-Плаза”, “Вефа-Сентр”, “Созидание”, бинои нави вазорати хориҷа, Қасри Миллат, Китобхонаи миллӣ, Осорхонаи миллӣ, силсилаи биноҳои истиқоматӣ ва меҳмонсароҳову марказҳои фарҳангиву фароғатиии ҷадиде, чун “Hyatt Regency”, “Серена” ва “Кохи Наврӯз” симои Душанбе, бахусус кӯчаҳои марказии пойтахтро ба таври қобили мулоҳиза тағйир дод. Аз ҷумла Қасри Миллат дар майдоне қомат афрохт, ки дар гузашта қароргоҳи марказии пойгоҳи 201-уми артиши Русия буд.

Аз рамзҳои дигари Душанбеи кунунӣ яке милаи 165-метрии парчам бо Боғи Парчам дар маркази Душанбе ва ҳам Боғи Рӯдакист. Милаи парчамаш исми Душанберо ҳатто шомили Китоби рекордҳои Гиннес кард.

Дар соли 2013 Нақшаи умумии рушди Душанбе тасвиб шуд, ки тахриби даҳҳо бинои сохти замони Шӯравӣ дар маркази шаҳр, аз ҷумлаи бинои театрҳои Лоҳутиву Маяковский ва чойхонаи “Роҳат” ва бунёди иморатҳои муосир дар ҷои онҳоро пешбинӣ мекунад.

Аммо ин қарор ҷомиаро ба ду гурӯҳ ҷудо кардааст. Гурӯҳи аввал аз нақшаи рушди шаҳр ҷонибдорӣ мекунанд ва мегӯянд, зербинои Душанбе дар аҳди СССР барои як шаҳри ниммиллионӣ сохта шудааст ва бояд акнун бо дарназардошти афзоиши аҳолӣ ва рушди иқтисоди шаҳр бозбинӣ шавад. Ба ақидаи ин гурӯҳ, биноҳое, ки тахриб хоҳанд шуд, аӯ нигоҳи арзиши меъморӣ кӯҳнаву аз лиҳози имкони истифода фарсуда шудаанд ва ба нест, агар ба ҷои онҳо биноҳои хуби замонавӣ сохта шаванд.

Аммо мухолифон, бештар аз байни равшанфикрон мегӯянд, ин кор бояд бо назокат анҷом шавад ва ба таъбири якеи онҳо, “набояд ба хотири сохтани Душанбеи асри 21 Душанбеи асри 20-ро аз байн бибарем.”

Театри Лоҳутӣ
Театри Лоҳутӣ

Одили Нозир, мудири шӯъбаи фарҳанги нашрияи “Тоҷикистон” рӯзи 15 апрел дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, биноҳои бозмонда аз асри гузашта бояд ҳамчун бахше аз таърихи пойтахти Тоҷикистон ҳифз карда шаванд ва Душанбе аз ҳисоби сохтани биноҳои нав дар канораҳояш рушд бикунад: “Аз вайрон кардани ин биноҳо барои чанд сотих замин фоидае нест. Ҳамаи шаҳрҳои дунё шаҳри қадимиву шаҳри муосир доранд. Ду театр ва чойхонаи “Роҳат”, ки бояд тибқи нақша вайрон карда шаванд, хатои таърихӣ мешавад. Ин биноҳо нишон медиҳанд, ки мо 70 солу 90 сол пеш дар ин шаҳр театр доштем, намунаҳои баланди санъати меъморӣ доштем, шаҳр доштем дар ниҳоят. Майдони Душанбе хеле васеъ аст, нафарони хоҳишманд метавонанд дар гӯшаҳои дигари он маҷмаасозиву биносозӣ кунанд. Ҷои холии зиёд дорад Душанбе, канораҳое дорад, ки то ҳол ба қишлоқ мемонанд. Раванд, онҷо бисозанд. На дар ҷои театри Лоҳутӣ, ки фарҳанги театрии мо дар онҳо шакл гирифтааст, на дар ҷои театри Маяковский, ки радиои тоҷик аввалин бор аз ҳамин бино садо додааст, нахустин маҷлиси вакилони шаҳри Душанбе дар соли 1926 таҳти раёсати Чанор Имомов дар ҳамин бино ҷаласа доир кардааст. Охир ин биноҳо ҳамааш як нишони воқеъӣ аз таърихи мардуми моянд, ки бояд биистанд.”

Моҳи ноябри соли 2015 Кумитаи меъморӣ ва сохтмон дар як номаи хаттӣ ба хабаргузории TojNews гуфт, ки ҳанӯз тасмиме ҷиҳати тахриби биноҳои театрҳои Лоҳутиву Маяковский, чойхонаи “Роҳат”, бинои дастгоҳи иҷроияи президент ва биноҳои дигаре, ки мавҷи вокунишҳои манфиро ба бор овард, гирифта нашудааст.

TЧойхонаи "Роҳат"
TЧойхонаи "Роҳат"

Нуралӣ Назарзод, муовини раиси ин кумита дар номааш афзуда, ки бо қарори ҳанӯз соли 2012 имзокардаи шаҳрдори Душанбе Муҳаммадсаид Убайдуллоев дар давраҳои миёнамуҳлат ва дарозмуддат дар хиёбони марказии шаҳри Душанбе танҳо тахриби биноҳои маъмурияти мақомоти шаҳрӣ, бинои телевизиони “Сафина”, матбаи №1 (домпечат), бинои сафоратхонаи Туркия, Кохи “Ҷомӣ”, биноҳои вазорати кишоварзӣ, вазорати адлия ва Кумитаи ҷавонон, маркази “Рахш” ва қисми дуошёнаи бемористони “Ибни Сино” дар назар гирифта шудааст.

Аммо моҳи марти соли равон раҳбарияти театри Маяковский гуфт, ки дар бораи кӯчондани театр аз ин бино алакай огоҳиномаи расмӣ гирифтаанд.

Дюшамбе - Сталинобод - Душанбе
лутфан мунтазир бошед
Embed

Феълан кор намекунад

0:00 0:02:50 0:00

XS
SM
MD
LG