Пайвандҳои дастрасӣ

Як пурсиши сарироҳии Радиои Озодӣ нишон дод, ки пойтахти Тоҷикистон маконҳои диданӣ зиёд дорад, вале ба қавли як ҳамсӯҳбати мо, "оби дари хонаро лой мегӯянд."

Ҷавонони Душанбе дилдодаҳои худро барои мулоқот ба «Боғи Ирам» ва «Боғи Рӯдакӣ» даъват мекунанд ва дар ин ҷо ҳар рӯз садҳо ҷуфт ҷавон канори ҳам менишинанд, то рози дил кунанд.

Ҳайкали Исмоили Сомонӣ дар маркази Душанбе sfv шоҳиди гаштугузори ҷавонони ошиқест, ки дар ин ҷо танҳо лаҳзае бозмеистанд, то ҳамроҳи ин шоҳи таърихӣ акс гиранд.

Шояд ҳузури ҷавонон гулҳои рангоранг, фаввораҳо ва паноҳи ду ниёи кабир – Исмоили Сомонӣ ва Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ бисёриҳоро водор кардааст, ки ин қисмати шаҳрро беҳтарин рамзи он шуморанд.

Сокинону меҳмонони пойтахти Тоҷикистон дар сӯҳбати сарироҳӣ бо Озодӣ гуфтанд, муҷассамаи Исмоили Сомонӣ, боғи Рӯдакӣ бо муҷассамаи Одамушшуаро, боғи Ирам ва бинои Театри опера ва балети ба номи Садриддин Айниро ҳам аз ҷумлаи маконҳои дидании Душанбе медонанд.

Қарори маълум, телевизиони «Мир» бо муаррифии гӯшаҳои алоҳидаи шаҳрҳои ҷаҳон нуқтаҳои зебову дидании ин шаҳрҳоро ба намоиш гузоштааст. Барои мисол, ҳусни Порис, пойтахти Фаронса, албатта, бидуни ягон шак, манораи Эйфел асту аз Маскав - Кремлу майдони Сурх ё майдони Пушкин.

Сокинони Душанбе мегӯянд, агар пойтахти Тоҷикистон ҳам дар озмуни «Беҳтарин шаҳри ҷаҳон» иштирок кунад, бо чунин маконҳои зебо ҳатман ҷои намоёнро ишғол хоҳад кард.
Манижа Зиёева, як сокини ҷавони Душанбе мегӯяд, Душанбе ҳам мисли дигар пойтахтҳои дунёи ҷойҳои дидании зебо зиёд дорад. Вай мегӯяд: «Вақте ба боғи Рӯдакӣ ё боғи Ботаникӣ медароӣ баҳри дилат кӯшода мешавад. Манзараҳо ва гулҳои зебо дорад. Ҳамчунин фаввораҳои назди ин боғҳо низ зебоянд.»

Агар барои иддае аз сокинон боғҳои сарсабз рамзи Душанбе ба шумор раванд, барои гурӯҳе аз сокинон танҳо муҷассамаи Исмоили Сомонӣ дар маркази ин шаҳр кофист, ки барои ширкат дар озмунҳои ҷаҳонӣ пешниҳод шавад.

Диловар, сокини дигари Душанбе мегӯяд, барояш зеботарин макони пойтахт майдони Исмоили Сомонист: «Вақте Душанбе мегӯянд, аввалин шуда, ҳайкали Сомонӣ ба хотирам меояд. Зеро Исмоили Сомонӣ яке аз аввалин подшоҳони сулолаи Сомониён аст.»

Барои Диловар майдони Исмоили Сомонӣ бо пайкараи шукӯҳманди он намои Душанбе бошад, барои иддае аз ҷавонон баръакси он боғи Рӯдакӣ макони зеботар аст.
Манучеҳр, ҳамсӯҳбати дигари мо мегӯяд: «Барои ман аз ҳама макони зебо боғи Рӯдакист. Зеро манзараҳои зебо ва ҳавои форами он барои мулоқоти ошиқон хело хуб мебошад.»

Ҳамчунин ба қавли ин ҷавон боғи Ирамро низ метавон яке аз вижагиҳои Душанбе номид. Ба хусус дарахти «бахт»-и ин боғ, ки ҷавонони зиёде зери он рафта орзуи хушбахт шудани худро мекунанд.

Аммо Зулол Саидова, сокини 65 солаи пойтахт бар ин аст, ки имрӯз Душанберо метавон дар дилхоҳ озмуни «зеботарин шаҳрҳои дунё» пешниҳод кард. Ин хонум мегӯяд, солҳои ҷавонии онҳо Душанбе шаҳри кӯчаке буд, ки на бозорҳои хуб дошт ва на бинои 22-ошёна. Вай мегӯяд: «Аз Водонасос сар карда то кӯчаи Айниро метавонем ба озмуни зеботарин шаҳрҳои дунё пешниҳод кард. Зеро дар ин кӯча биноҳои таърихӣ қомат афрохтаанд. Масалан театри опера ва балет. Биноҳое ҳастанд, ки аз солҳои 1937-ум мондаанд.»
Аммо барои намояндагони ҳар насл гӯшаҳои гуногуни Душанбе рамзи ин шаҳр шумурда мешаванд. Барои онҳое, ки чойхонаи «Роҳат», кӯли «Ҷавонон» (собиқ «Комсомол) ё китобхонаи Фирдавсӣ аз ҷойҳои дӯстдошта буданд, гӯшаҳои нави шаҳр ҷозибаи ҳасратбарангез надоранд.

Мунира Шаҳидӣ, фарҳангшиноси тоҷик мегӯяд, фарқи Душанбеи имрӯз аз Душанбеи замони ҷавонии онҳо бузургтар шудани ин шаҳр аст. Аммо ба қавли ин хонум Душанбеи солҳои пешин сабзу хуррам буд. Мисли имрӯз офтоби сӯзон надошт.

Хонум Шаҳидӣ мегӯяд солҳои ҷавонии онҳо Душанбе маркази хурди як кишвар хурде буд. Ҳоло бошад он ба маркази яке аз кишварҳои олам мубаддал гаштааст.

Аммо ин хонум мегӯяд ба сурати умум чизе, ки макони худро иваз кардааст ин бинои китобхонаи миллӣ аст. Дигар ҳар макони фарҳангие, ки дар кӯчаи марказии шаҳр буд боқӣ мондааст. Вай мегӯяд: «Чун як тоҷик ман боғи Рӯдакиро бо муҷассама ва ҳама гулу булбулаш пешниҳод мекардам. Ҳайкали Исмоили Сомониро низ пешниҳод кардан мумкин аст, аммо интихоби ман боғи Рӯдакист.»

Ба озмуни «Беҳтарин шаҳрҳои ҷаҳон» пешниҳод шудани ҳайкали Исмоили Сомонӣ, боғи Рӯдакӣ бо ҳайкали он дар ҳоле садо медиҳад, ки дар озмуни телевизиони "Мир" Порис, пойтахти Фаронсаро манораи Эйфел, шаҳри Воронежи Русияро ҳайкали «Гурбача аз кӯчаи Лизюкова» ва Барселонаро муҷассамаи ҷолиби Гаудӣ муаррифӣ мекунанд.

Аммо барои шумо дар Душанбе макони беҳтарин кадом аст? Рамзи пойтахти Тоҷикистон, ба назари шумо, чӣ буда метавонад? Назари худро бинависед.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG