Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Душанбе - Сталинобод - Душанбе: 90-солагии пойтахти Тоҷикистон (ВИДЕО ва 12 АКС)


Дар шаҳри Душанбе маъракаҳои таҷлил аз солгарди 90-уми интихоби ин шаҳр ба ҳайси пойтахти Тоҷикистон оғоз ёфтанд.

Аз 11 октябр дар шаҳри Душанбе маъракаи таҷлил аз солгарди 90-уми интихоби он ба ҳайси пойтахти Тоҷикистон расман оғоз ёфт. Шаҳрдории Душанбе мегӯяд, таҷлил аз солгарди 90-уми пойтахти Тоҷикистон дар маҷмӯъ 9 рӯз давом хоҳад кард.

Ин маъракаҳо рӯзи 11 октябр дар маҳаллаҳову биноҳо баландошёнаи истиқоматӣ ва кӯчаву гулгаштҳову боғҳои шаҳр бо роҳандозии як маъракаи ободонии дастаҷамъона, ё ба истилоҳи маъруф дар замони Шӯравӣ, бо як шанбегӣ таҳти шиори “Мо метавонем!” оғоз ёфт. Шаҳрдори Душанбе Муҳаммадсаид Убайдуллоев чанд соли охир тақрибан ҳамаи маъракаҳои худро таҳти ҳамин шиор, ки нишори корзори нахустини интихоботии Барак Обама дар интихоботи раёсатҷумҳурии Амрико ва ҳам шиори нашрияи “СССР”-и чопи Душанбест, доир мекунад.

Рӯзи 12 октябр ҷашни 90-солагии Душанбе бо баргузории ҷашнвораҳо дар гӯшаҳои гуногуни пойтахт идома ёфт. Дар ҳамин рӯз дар «Маҷмааи савдо Пойтахт-90», ки дар қаламрави як корхонаи собиқи хишт бино шуда, дар оғози моҳи сентябр мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифт, ярмаркаи фурӯши маҳсулот ва як намоишномаи ҳунариву фароғатӣ доир шуд.

Ин аксҳо аз маҷмаи "Пойтахт-90" гирифта шудаанд:

Ба дунбол, рӯзи 13 октябр, бино ба гузориши дафтари матбуоти шаҳрдории Душанбе, дар Боғи Рӯдакӣ барои сокинони ноҳияи Исмоили Сомонӣ, рӯзи 14-ми октябр - дар майдони 800-солагии Москва(дар назди театри опера ва балет) - барои сокинони ноҳияи Шоҳмансур, рӯзи 15-уми октябр дар боғи Дӯстии халқҳо (назди кинотеатри “Тоҷикистон”) - барои сокинони ноҳияи Фирдавсӣ ва рӯзи 16-уми октябр - дар боғи Кӯли ҷавонон барои сокинони ноҳияи Сино тантанаҳои ҷашнӣ доир карда мешаванд. Ин тантанаҳо ҳар шом аз соати 17-30 оғоз ёфта, ба гуфтаи дафтари матбуоти шаҳдорӣ, дар ҳамаи онҳо раиси пойтахт Муҳаммадсаид Убайдуллоев шахсан ширкат хоҳад варзид.

Аммо нуқтаи авҷи таҷлили 90-солагии интихоби Душанбе ба ҳайси пойтахти Тоҷикистон соати даҳи субҳи 18-уми октябр бо як ҷаласаи тантанавӣ ва консерти идона дар толори Театри давлатии академии опера ва балети ба номи Садриддин Айнӣ хоҳад шуд. Ҷашни 90-солагии пойтахти Тоҷикистонро як карнавали идонаи сокинони шаҳр, ки соати даҳи субҳи 19 октябр дар Боғи Наврӯзгоҳ хоҳад гузашт, ҳусни анҷом хоҳад бахшид. Чунин карнавал дар шаҳри Душанбе барои бори аввал баргузор мешавад.

Ҳамчунин шаҳрдории Душанбе қарор кардааст, то дар рӯзҳои ҷашн ҳамаи сокинони 90-солаи пойтахтро бо 900 сомонӣ ҷоиза қадоркунӣ кунад. Шумори онҳое ки синнашон ба 90 расидааст, дар шаҳри Душанбе 63 нафар баршумурда шудааст.

Таърихи Душанбе (маълумот аз Википедия)

М.Убайдуллоев - шаҳрдори Душанбе аз соли 1996 ба ин сӯ

М.Убайдуллоев - шаҳрдори Душанбе аз соли 1996 ба ин сӯ

Душанбе дар моҳи октябри соли 1924, вақте Ҷумҳурии Шӯравии мардумии Бухоро барҳам хӯрда, Ҷумҳурии ҳанӯз мухтори Тоҷикистон дар ҳайати Узбакистон таъсис ёфт, ба ҳайси пойтахти Тоҷикистони навбунёд пазируфта шуд. Шумораи аҳолии Душанбе то 1 апрели соли 2014 расман 778 500 нафар ва бо шумули деҳоту шаҳракҳои атрофаш 1 миллиону 51 ҳазор нафар баровард мешавад. Раҳбарии шаҳри Душанберо аз соли 1996 ба ин тараф Муҳаммадсаид Убайдуллоев бар ӯҳда дорад.

Таърихи Душанберо бо он ки 90-солагии интихобаш ба ҳайси пойтахти Тоҷикистонро ҷашн мегирад, аз асрҳои миёна ба ин сӯ ҳисоб мекунанд. Бозёфтҳои археологӣ дар ҳудуди Душанбе ҳокист, ки нахустин шаҳраки бостонӣ дар ин қаламрав ҳанӯз дар асри 3 ё 4 то милод, яъне дар аҳди Кӯшониён арзи ҳастаӣ кардааст. Нахустин бор исми рустои Душанбе дар маъхазҳои катбии таърихӣ дар соли 1676 зикр шудааст.

Дар он маъхаз гуфта мешуд, ки Душанбе дар як чорроҳаи бузурги корвонгузар бино шуда, ҳар рӯзи душанбе дар қаламраваш бозор баргузор мешуд ва ба ҳамин далел ин номро гирифтааст. Душанбе дар он аҳд рустое иборат аз 500 ҳавлӣ ва тақирбан 8000 аҳолӣ будааст. Дар як маъхази соли 1826 исми ин минтақа ҳамчун Душанбе-Қӯрғон зикр шудааст. Бори аввал исми Душанбе дар харита соли 1875 роҳ ёфтааст. Дар он давр ин шаҳр қалъае дар болои соҳили рӯди Душанбе бо 10 000 аҳолӣ тасвир мешуд. Маҳаллаҳои шаҳр бар асоси касбу қавми сокинонаш тақсим мешуд. Маркази ҳаёти иҷтимоии Душанбе корвонсарйо буд. Дар 14 масҷиди шаҳр мактабҳо амал мекарданд. Душанбе ду мадраса ҳам дошт.

Амир Олимхон

Амир Олимхон

Душанбе он замон ба аморати Бухоро тааллуқ мегирфтв а соли 1920, вақте амири охирини Бухоро Олимхони Манғит ба ҳаминҷо паноҳ овард, вале таҳти фишори ҳамлаи Артиши сурх фиор кард. Моҳи феврали соли 1922 Душанберо нирӯҳои муҷоҳидин (ё”босмачиҳо”, тибқи истилоҳи роиҷ дар таърихшиносии шӯравӣ) ба раҳбари генерали турк Анвар-пошо тасарруф карданд, вале 14 июли ҳамон сол коммунистҳо дубора парчами Шӯравиро бар фарози шаҳр барафрохтанд.

Душанбе 16 октябри соли 1924 пойтахти Ҷумҳурии мухтори Шӯравии сотсиалистии Тоҷикистон дар ҳайати Узбакистон ва соли 1929, баъди мустақил шуданаш аз Тошканд, пойтахти Ҷумҳурии Шӯравии Сотсиалистии Тоҷикистон эълон шуд. 16 октябри соли 1929, баробар бо эълони Ҷумҳурии Шӯравии Сотсиалистии Тоҷикистон ба Душанбе номи раҳбари вақти Шӯравӣ Иосиф Сталинро доданд ва он то соли 1961 Сталинобод ном дошт.

Машваратдодашуда

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG