Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Маскав ба шимоли Қазоқистон ҳам чашм дӯхтааст? (Инфографика)


Раисиҷумҳури Қазоқистон аз чолишҳои нави манфии марбут ба бӯҳрони Украина ва ҷанги таҳримҳо байни Русияву Ғарб барои кишвараш ҳушдор додааст.

Раисиҷумҳури Қазоқистон Нурсултон Назарбоев рӯзи 2 сентябр дар иҷлосияи муштараки ҳарду маҷлиси порлумони кишвар гуфт, бӯҳрони Украина чолишҳои наверо пеш овардааст ва бояд “паёмадҳои манфии эҳтимолӣ ба иқтисод, некӯаҳволии мардум ва амнияти Қазоқистон пешгирӣ шаванд.”

Назарбоев гуфт, “таҳаввулоти ғайричашмдошт дар иқтисодӣ ҷаҳонӣ боқӣ монда, рискҳои геополитикӣ, аз ҷумла дар робита ба бад шудани муносибатҳои байналмилалӣ ба маҳзи ҳаводи Украина амиқтар мешаванд. Таҳримоти мутақобилаи кишварҳое, ки дар маҷмӯъ 60 дарсади маҷмӯи маҳсулоти дохилии ҷаҳонро тавлид мекунанд, ин ҳама мунҷар ба ислоҳу тағйироти ҷиддие дар муносибатҳо ва тартиботи ҷаҳонии мавҷуда хоҳанд шуд.”

Назарбоев гуфт, давлати ӯ барномаи мушаххаси таъмини амнияти иқтисодии Қазоқистонро дорад, вале “таҳримоти алайҳи Русия ва таҳримоти Русия алайҳи Ғарб ва масоили дигар таъсир дорад, чунки дар паҳнои гумрукӣ ва Иттиҳоди воҳиди иқтисодие, ки мо хоҳем дошт, мо ин фишорро эҳсос хоҳем кард, чунки онҳо шарикони асосии тиҷории моянд.” Ӯ ба ин далел ба зарурати таҳияи барномаҳои қавитари иқтисодӣ барои кишвараш таъкид кард ва ба ин манзур хост, то вакилони порлумон замони таътили худро кӯтоҳтар карда, зудтар ба кор баргарданд.

Ин суханронии Нурсултон Назарбоев дар бораи рискҳои геополитикӣ ва асароти манфии ҷанги таҳримҳо байни Русияву Ғарб ба кишварҳои дигар, аз ҷумла ба Қазоқистон, дар ҳолест ки як сӯҳбати ҳафтаи гузаштаи ӯ тавассути телевизиони давлатии “Хабар” мавҷи интиқодҳои тундеро дар Русия ба бор оварда буд. Назарбоев рӯзи 28 август дар сӯҳбат бо “Хабар” гуфт, “Остона ҳеҷ гоҳ шомили созмоне нахоҳад шуд, ки манбаи таҳдид ба истиқлоли Қазоқистон бошад.” Назарбоев зоҳиран Иттиҳоди иқтисодии АвроОсиё ва Иттиҳодияи гумрукиро дар назар дошт, ки Русия ва Беларусу Қазоқистонро дар бар мегиранд.

Ба дунбол, сиёсатмадорони қазоқ талош карданд, то бо тафсирҳои нармтаре интиқодҳои эҳтимолӣ аз сӯи сиёсатмадорони русро пешгирӣ кунанд. Мавлон Ашимбоев, раиси кумитаи равобити байналмилалӣ, амният ва дифои маҷлиси поёнии порлумони Қазоқистон аз ҷумла гуфт, манзури Назарбоев аслан хуруҷ аз Иттиҳодияи гумрукӣ ё Иттиҳоди иқтисодии АвроОсиё ба далели ҳаводиси Украина нест: “Сухан танҳо дар бораи ин буд, ки Қазоқистон ҳамеша имкони хуруҷ аз қарордодҳо бо созмонҳои байналмилалиеро, ки мо имзо мекунем, дорад.”

Аммо сӯҳбатҳои Назарбоев бо ин вуҷуд сели интиқодҳо аз Маскавро дар пай дошт. Раисиҷумҳури Русия Владимир Путин, вақте дар урдугоҳи Селигер сӯҳбат мекард, ҳатто бо як оҳанги маломатомез гуфт, ки ибтикори таъсиси Иттиҳодияи гумрукӣ ва Иттиҳодияи АвроОсиё дар асл моли Назарбоев буд, на аз Маскав, ки ҳоло ӯ худро пас бикашад. Путин дар идома боз ҳам фаротар рафт ва гуфт, Қазоқистон дар сарзамине сохта шудааст, ки ҳеҷ гоҳ давлат набуд.

Раиси ҷанҷолбарангези ҳизби либерал-демократи Русия Владимир Жириновский низ бо ишора ба вилоятҳои умдатан русзабони шимоли Қазоқистон кард ва гуфт, Маскав ба Қазоқистон танҳо то замони анҷоми бӯҳрони Украина даъвои қаламрав намекунад.

Бисёри коршиносон мегӯянд, таҳаввулоти Украина ва бахусус дахолатҳои Русия дар ин бӯҳрон ва тасурруфи виляоти аксаран русзабони Қрим кишварҳои дигари пасошӯравӣ, бахусус кишварҳоеро, ки шумораи аҳолии русзабонаш зиёд аст, хеле нигарон кардааст. Ин давлатҳо тарс доранд, ки Маскав ба монанди Украина метавонад ягон рӯз аҳолии русзабон дар гӯшаҳои дигари пасошӯравиро низ ба ҷудоиталабӣ ва пайвастан ба Русия таҳрик диҳад.

Аз ин зовия бахусус Қазоқистон дар як вазъи хеле осебпазир қарор дорад. Жириновский аз ҷумла чандин бор рӯирост гуфтааст, ки вилоятҳои шимоли Қазоқистон ба Русия тааллуқ доранд.

Бино ба гузориши сомонаи Нюсру, сиёсатшиноси рус Тарас Березоветс гуфтааст, тасарруфи Қрим бештар аз ҳама Беларусу Қазоқистонро нигарон кардааст: “Вилоятҳое, ки Русия метавонад ба онҳо даъво кунад, дар шимоли Қазоқистон, дар марз бо Русия ҷойгир шудаанд. Пеш аз ҳама, вилояти Қазоқистони шимолӣ (49,94 фоизи аҳолиаш русҳоянд). Қустанай (42,12 фоиз), Қазоқиистони шарқӣ (37,97 фоиз), Қарағанда (37,44 фоиз) ва Оқмола (34,5 фоизи аҳолиаш русҳоянд) мебошанд.”

Таҳлилгарони қазоқ мегӯянд, баёнияҳои сиёсатмадорони ҷанҷолбарангезе чун Жириновскийро намешавад комилан нодида гирифт, чунки зиёд шудааст, ки марказҳои қабули қарор дар Маскав тавассути чунин сиёсатмадорони гӯё бемасъулият назари ҷомиа ва давлатҳои ҳамсояро ба ин ё он масъалаи ҳассос имтиҳон мекунанд. Аз ҷумла таъкид мешавад, ки баъди баҳсҳои ахир дар масъалаи сарнавишти вилоятҳои русзабони Қазоқистон дар шабакаҳои иҷтимоӣ ҳатто гурӯҳҳои алоҳида ташкил шудаанд, ки аз Қазоқистон кашида гирифтану ба Русия ҳамроҳ кардани ин сарзаминҳоро талаб мекунанд. Талаби аз Қазоқистон пас гирифтани шимоли аксаран русзабони ин кишварро соли 1990, вақте ҳанӯз Шӯравӣ побарҷо буд, адиби маъруфи рус Александр Солженитсин низ матраҳ карда, дар асари пурҷанҷолаш бо номи “Мо Русияро бояд чигуна тартиб диҳем?” навишта буд, “набояд ҳар сарзаминеро ки пои аспи қазоқ расидааст, моли он халқ номид.” Солженитсин зимнан дар он асар аз Украина пас гирифтани Қримро ҳам талаб карда буд ва ҳоло назарҳое ҳам ҳаст, ки Владимир Путин бо сиёсати кунуниаш дар қиболи Украина дар асли ҳамон фармудаҳои Солженитсинро амалӣ мекунад. Аз ин зовия нигаронии Назарбоев аз ояндаи кишвараш қобили арзёбии боз ҳам бештар аст.

Шореҳи рус Аркадий Дубнов, тавре ки ББС аз ӯ иқтибос кардааст, мегӯяд сӯҳбатҳои ахири Путин ва Жириновский дар бораи Қазоқистон “паём ба Назарбоев ва элитаҳои Қазоқистон аст, ки амният дар кишвари онҳо танҳо дар сурате ҳифз хоҳад шуд, ки шароит тавре ки имрӯз, дар аҳди Назарбоев ҳаст, боқӣ бимонад.”

Қазоқистон як кишвари пур аз захираҳои маъдану нафту газ дар минтақа ба шумор меравад. Дар Қазоқистон, тибқи омори расмии соли равон, 17 284 850 нафар ба сар мебаранд. 11 244 000 нафар, ё беш аз 60 дарсади аҳолии ин кишвари Осиёи Марказиро қазоқҳо ва 3685, ё 22 дарсадашро русҳо ташкил медиҳанд. Аммо аксари қазоқҳои бахусус шаҳрнишин низ дар Қазоқистон асосан ба русӣ сӯҳбат мекунанд.

Машваратдодашуда

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG