Пайвандҳои дастрасӣ

Даъвати 2 сенатор аз Обама барои кӯмаки ҳарбӣ ба Киев


Ду сенатори маъруфи Амрико аз президенти ин кишвар Барак Обама даъват карданд, ки бинобар таҷовузи ошкори Русия ба хоки Украина, ба Киев кӯмаки ҳарбӣ расонад.

Рӯзи якшанбе хабаре дар матбуот нашр шуд, ки НАТО мехоҳад дар панҷ кишвари Аврпуои Шарқӣ ҳузури доимӣ низомӣ пайдо кунад. Бинобар навиштаи Frankfurter Allgemeine Zeitung, бар пояи ин барнома пойгоҳҳои низомии НАТО дар Лаҳистон, Руминия, Литва, Латвия ва Эстония таъсис меёбанд, ки дар ҳар яки онҳо аз 300 то 600 нафар ҷойгир хоҳад шуд. Нашрия менависад, ки инҳо на нерӯи ҷангӣ балки низомиёне хоҳанд буд, ки таъминоти фаннӣ ва масъулиятҳои ситодиву истиборотиро дар душ хоҳан дошт.

Паймони Атлантики Шимолӣ ҳамчунин дар фурсатҳои наздик аз таъсиси бахшҳои зудамал хабар хоҳад дод, ки низомиёнаш дар рӯзҳои башумор ба марзҳои шарқии ин паймон интиқол мемеёбанд. Дар бораи теъдоди гурӯҳҳои зудамал ду маълумот мавҷуд аст, ки яке теъдодро 4 000 ва дигаре 10 000 мегӯяд. Эҳтимол меравад, ки теъдоди ниҳоии нерӯҳо дар ҷараёни саммити Паймони Атлантики Шимолӣ дар Уелс мушаххас шавад. Паймон Русияро ба таври мустақим манбаи хатар хонда тасмимҳои ахирро талоши ҳимоят аз Маскав номбар кардааст.

Ҳам Барак Обама ва ҳам нахуствазири Олмон Ангела Меркел дар сафарҳои ахири худ ба Лаҳистон ва Рига садоқати аъзои ғарбии паймони НАТО-ро ба ҳамкорони шаркии он таъкид карданд. Аммо худи давлатҳои Аврупои Шарқӣ интизор надорад, ки паймон чизе бештар аз кӯмакҳои хурди низомиро дар ихтиёри онҳо гузорад ва Брюссел ба ҷуз нияти хайр ҳамчунин битавонад неруи пурқудратеро барои ҳимояии онҳо аз таҷовузи эҳтимолӣ ба кор андозад.

Бетаваҷҷуҳӣ ба кишварҳои Аврпуои Шарқӣ реша дар созиши соли 1997-и Русия ва НАТО дорад, ки бар пояи он шарикони ғарбии Русия набояд дар қаламрави кишварҳое, ки баъди соли 1999 узви НАТО шудаанд, нерӯи назарраси низомӣ мустақар кунанд. Аммо маҷаллаи Der Spiegel- и Олмон менависад, Лаҳистон, кишварҳои Балтик ва Канада гуфтаанд, ки амалкардаҳои Маскав дар робита ба Украина машруияти ин созишро аз байн бурдааст ва он бояд бекор шавад.

Ин далел, ки Брюссел тааҳудаш бо Русияро болотар аз ниёзи шарикони шарқиаш мегузорад, танқидҳоеро ба бор овардааст. Ахиран ду сенатори амрикоӣ Роберт Менендес аз Ҳизби демократ ва Ҷон Маккейн аз Ҳизби ҷумҳурихоҳон аз мавқеи Ғарб, махсусан маъмурияти Обама интиқод карданд. Менандес, дар ҷараёни сафараш ба Киев ба шабакаи телевизионии CNN гуфт, фурсате фаро расидааст, ки Украина барои ҳимояти худ мусаллаҳ шавад ва Маскав барои таҷовуз ба хоки ин кишвар посухи сазовор бигирад.

“Президент Обама мехоҳад масъалаи таҳримот алайҳи Русияро дар нишасти НАТО дар Уелс баррасӣ кунад, шумо бо ин розӣ ҳастед?” суол гузошт Ҷон Маккейн дар шабакаи телевизионии CBS. “Биёед бубинем, ки Путин кист?”- идома дод ӯ- “Путин полковники мустаъфии КГБ аст, ки қасд дорад Империяи Русияро эҳё кунад. Ӯ ба самтгирии Украина ба самти Ғарб бо ишғоли Қрим посух дод. Дар чунин ҳолат чӣ кор бояд кард? Киевро бояд мусаллаҳ кард ва истихбороти низомиро бо он дар миён гузошт. Ман бовар дорам,ки украиниҳо тавони ҷангро доранд ва омодаанд биҷанганд. Барои ин танҳо ба васоили зарурӣ ниёз доранд”- гуфт сенатор Маккейн.

Ин сиёсатмадори амрикоӣ вуруди нерӯҳои Русия ба Украинаро, ки Маскав онро ҳеҷ гоҳ эътироф накардааст, таҷовузи Русия ба хоки ин кишвар номид ва гуфт, агар пеши роҳи Путин гирифта нашавад, Молдова ва кишварҳои Балтик қурбонии навбатӣ хоҳан буд.

Ақидаи мусаллаҳ кардани Украинаро коршиносон низ пуштибонӣ мекунанд. Яке аз онҳо Бен Ҷуда аст, ки дар саҳифаи нашрияи "Нью-Йорк Таймс" навиштааст, «ё ба Украина силоҳ бидиҳед, ё аз рӯи инсондӯстӣ онро ба таслимшавӣ водор кунед, варианти сеюм вуҷуд надорад.» Ӯ мегӯяд, сиёсати нимаи Ғарб танҳо ба хунрезӣ вусъат мебахшад ва суқути ногузири артиши Украинаро каме ба ақиб мекашад.

Ҷуда мегӯяд, «Мо бояд воқеъбин бошем ва рӯи рост ба худ бигӯем, ки ҷанги Русия бо Украина ин қимматест, ки кишвар барои густариши НАТО ва Иттиҳоди Аврпуо мепардозад. Мантиқи вазъият мусаллаҳ кардани Киевро тақозо мекунад, мантиқи вазъият фиристодани мушовирони ғарбӣ ба ин кишварро ва дар ихтиёри он гузоштани истихбороти низомӣ, бо шумули маълумоти моҳвораиро талаб мекунад. Агар мо ин ҳамаро намехоҳем, пас бояд Украинаро ба таслимшавӣ ва эътирофи манотиқи шарқӣ ин кишвар ҳамчун давлатҳои мустақил маҷбур кунем. Дар ин ҳолат Русия назми ҷаҳониро, ки баъди суқути Шӯравӣ ва поёни ҷанги сард усутувор шуда буд баҳам мезанад, сохтори ботавозуни геополитикӣ мешиканад ва рақибони мо аз Эрон то Чин дар харабозори низоми шикастаи ҷаҳон нуфузи худро барқарор мекунанд».- навиштааст Бен Ҷуда дар саҳифаи нашрияи "Нью-Йорк Таймс".

XS
SM
MD
LG