Пайвандҳои дастрасӣ

Путин ба ҷудоихоҳони Украина «шабнома» фиристод


Раҳпаймоии эътирозӣ дар Маируполи Украина.

Раҳпаймоии эътирозӣ дар Маируполи Украина.

Президенти Русия Владимир Путин аз ҷудоихоҳони шарқи Украина хост, ба муносибати «комёбиҳои ҷиддӣ»-и ҳарбияшон ба сарбозони асирафтодаи Киев раҳм кунанд.

Дар паёме ба «пайкорҷӯёни Новороссия» раисиҷумҳури Русия, Владимир Путин аз онҳо хост, бо асирони ҳарбӣ бархӯрди башардӯстона дошта бошанд ва онҳоро ба шарти бозгашташон ба назди назу фарзанд раҳо кунанд.

Дар ин паём, ки шаби 28 ва 29-уми август дар торнамои Кремл нашр шуд, омадааст, ки «пайкорҷӯён ба муваффақиятҳои ҷиддӣ ноил шуданд ва тавонистанд, амалиёти ҳарбии Киевро, ки барои аҳолии Донбасс хатари марговар дошт ва аллакай ба талафоти бузурге дар миёни аҳолии осоишта сабаб гашт, қатъ намоянд».

Путин мегӯяд, дар натиҷаи амалиёти пайкорҷӯён шумораи бузурги низомиёни украин ба муҳосира афтод. Ба ақидаи раисиҷумҳури Русия, ин низомиён ғайри иродаи худ дар амалиёт ширкат доранд ва бояд барои онҳо «коридори башарӣ» боз шавад, то талафоти ҷонии бештар иттифоқ наафтад ва онҳо тавонанд ба назди хонаводаҳои худ баргарданд. Раҳбари Русия ҳамчунин аз пайкорҷӯён хостааст, ки ба ин «асирон» кӯмаки тиббӣ расонида шавад.

Ин дувумин паёми президенти Русия Владимир Путин ба ҷудоихоҳони шарқи Украина аст ва интизор мерафт, ки дар он иттиҳомоти ворид шудани нерӯҳои ҳарбии Русия ба қаламрави Украина шарҳ дода хоҳад шуд. Аммо дар паём дар ин бора чизе гуфта нашудааст.

Паёми пешинаи Путин ба суқути ҳавопаймои мусофирбари малайзӣ рабт дошт, ки як моҳ пеш дар фазои Донетск ҳадафи мушак қарор гирифт ва ҳамаи сарнишинони он кушта шуданд. Он вақт Путин навишта буд, ки агар амалиёти ҳарбӣ дар шарқи Украина аз сар гирифта намешуд, ҳавопаймо низ ҳадаф қарор намегирифт.

"Шабнома"-и Путин дар ҳоле нашр мешавад, ки мақомоти Украина мегӯянд, шаҳри Новоазовск дар вилояти ошӯбзадаи Донетскро нирӯҳои Русия ишғол кардаанд. Раисиҷумҳури Украина ба ин далел сафараш ба Туркияро лағв кардааст. Хабаргузориҳои ғарбӣ аз қавли як афсари паймони низомии НАТО мегӯянд, ки ба бовари ин паймон, "беш аз 1000 сарбози Русия" дар дохили қаламрави Украина амал мекунанд. Ин мақоми НАТО ба шарти набурдани номаш ба хабарнигорон дар Мунси Белгия гуфтааст, "онҳо ба ҷудоиталабон кумак мерасонанд (ва) ҳамроҳи онҳо меҷанганд." Ин мақом афзуд, шояд ҳадафи Русия тавассути шаҳри Мариупол бо марзҳояш пайвастани нимҷазираи Қрим бошад, ки дар моҳи март аз сӯи Русия тасарруф шудааст.

Дар ин навор пайомади даргириҳо дар Донетск дида мешаванд. Огоҳ мекунем, ки манзараҳои ногувор дорад, аз ҷумла ҷасадҳо дар кӯчаҳо)

Рӯзи 28 август раисиҷумҳури Украина Петро Порошенко низ дар пайи айбдор кардани Русия ба ирсоли нирӯҳояш ба дохили Украина ҷаласаи изтирории Шӯрои амнияти миллӣ ва дифои кишварашро даъват кардааст. Порошенко рӯзи 28 август сафараш ба Туркияро лағв кард ва гуфт, бо мақомоти аршад "шадидан вахим шудан"-и вазъ дар вилояти ошӯбзадаи Донетск, бахусус дар шаҳри Новоазовскро баррасӣ хоҳад кард.

Вазъ дар ҷабҳаҳои Украина то 28 август

Вазъ дар ҷабҳаҳои Украина то 28 август

Мақомоти Украина мегӯянд, Новоазовск таҳти назорати нирӯҳои Русия гузаштааст. Порошенко ба ин далел гуфт, "ҷои президент имрӯз Киев аст." Ӯ афзуд, ки ҳамчунин хостори даъвати ҷаласаи изтирории Шӯрои Амнияти СММ ва Шӯрои Аврупо ба хотири баррасии бӯҳрони Украина шудааст.

САҲА низ рӯзи 28 август ба хотири баҳси бӯҳрони Украина иҷлосияи изтирориеро даъват кардааст. Сафири Украина дар САҲА Иҳор Прокопчук Русияро ба "таҷовузи рӯирост" айбдор кард. Андрей Келин, сафири Русия дар САҲА аммо "аз ҳар нуқтае" гузаштани нирӯҳои Русия ба хоки Украинаро рад кард.

Майя Кочиянчич, сухангӯи раҳбари идораи сиёсати хориҷии ИА Кетрин Эштон рӯзи 28 август гуфт, ИА "аз таҳаввулоти охир, аз ҷумла аз гузорришҳо дар бораи ончӣ ки дар он минтақа рух медиҳад, шадидан изҳори нигаронӣ мекунад."

Шӯрои амнияти миллӣ ва дифои Украина рӯзи 28 август тавассути Твиттер хабар дод, ки нирӯҳои Русия назорати шаҳри Новоазовск, воқеъ дар соҳили баҳри Азов ва 10-километрии марзи Русия бо Украина, ва чандин макони дигар дар ноҳияҳои Новоазовск, Старобешевский ва Амвросиевскийро ба даст овардаанд. Киев Маскавро ба кушодани ҷабҳаи дувуми ҷанг дар минтақа айбдор мекунад.

Нигарониҳо аз "дахолати рӯирост"-и Русия дар Украина

Мақомоти ғарбӣ бар ин боваранд, ки ҳузури нирӯҳои Русия дар ҷангҳои Украина рӯзторӯз яқин, рӯирост ва бештар мешавад. Маскав инро ҳамчунон башиддат рад мекунад. Ғарб фишораш ба Маскавро бо талаби шарҳи ҳузури нирӯҳояш дар шарқи Украинаро, ки мақомоти амрикоӣ ҳатто мудохилаи низомии рӯирост унвонаш мекунанд, меафзояд.

Генерали чечен исо Мунаев дар Украина

Генерали чечен исо Мунаев дар Украина

Сафири Амрико дар Украина Ҷеффри Пятт рӯзи 28 август дар саҳифааш дар шабакаи Твиттер (@geoffpyatt) навишт, "шумори афзояндаи нирӯҳои Русия мустақиман вориди даргириҳо дар қаламрави Украина мешаванд." Пятт вале афзудааст, ки таъмини ҷудоиталабон бо тонкҳову мошинҳои зиреҳпӯш, тӯпхонаҳо ва мушакандозҳо аз сӯи Русия "дар амри шикаст додани нирӯҳои мусаллаҳи Украина муассир науфтод." Ӯ ҳамчунин навишт, ки Русия "шабакаҳои муосиртарини дифои зиддиҳамоияш, бо шумули SA-22-ро ба шарқи Украина мефиристад ва ҳоло мустақиман дахили задухӯрдҳо шудааст."

Раисиҷумҳури Фаронса Франсуа Ҳолланд рӯзи 28 август гуфт, агар нирӯҳои Русия дар қаламрави Украина дастбакор шуда бошанд, ин "ғайри қобили таҳаммул ва ғайри қобили қабул" аст. Ҳолланд, ки дар Порис дар баробари сафирони Фаронса сӯҳбат мекард, гуфт, "Русия набояд умедвор бошад, ки абарқудрати асри 21 бошаду қонунҳоро эҳтиром накунад."

Олмон низ аз Маскав пиромуни гузоришҳо дар бораи ҳузури нирӯҳои Русия дар шарқи Украина шарҳ талаб кардааст. Садри аъзами Олмон Ангела Меркел рӯзи 27 август дар як гуфтугӯи телефонӣ бо раисиҷумҳури Русия Владимир Путин гуфтааст, ки ин гузоришҳо “бояд шарҳ дода шаванд.” Дар ин бора сухангӯи Меркел хабар додааст. Ангела Меркел ҳамчунин ба “масъулияти бузурги Русия дар амри оддӣ сохтани вазъ ва назорат бар марзҳояш” таъкид кардааст.

Дар ҳамин ҳол, Амрико гуфт, гузоришҳо аз шарқ ва ҷанубушарқи Украина ҳокист, ки зоҳиран “амалиёти ҷавобии таҳти раҳбарии Русия” алайҳи нирӯҳои давлатии Украина дар вилоятҳои ошӯбзадаи умдатан русзабони Донетску Луҳанск ба роҳ уфтодааст.

Сухангӯи вазорати хориҷаи Амрико Ҷен Псаки дар Вошингтон ба хабарнигорон гуфт, гузоришҳои расида тасвири “корвонҳои тонкҳову шабакаҳои мушакандозӣ ва мошинҳои зиреҳпӯши Русияро дар бар мегирад, ки роҳии минтақаҳои ҷанубушарқи Украина шудаанд.” Псаки ҳамчунин таъкид кард, ки бо вуҷуди кашфи сарбозонаш дар дохили қаламрави Украина “Русия барои гуфтани ҳақиқат майле нишон намедиҳад.”

Сарвазири Лаҳистон (Полша) Доналд Туск дар Варшава ба порлумони кишвараш гуфт, касе иддаоҳои Русия дар бораи инро ки Маскав гӯёҷудоиталабон дар Украинаро пуштибонӣ намекунад, ҷиддӣ намегирад. Як дипломати аршади НАТО ҳам дар Брюссел ба шарти набурдани номаш ба хабарнигорон гуфт, пуштибонии Русия аз ҷудоиталабони Украина “ҳарчӣ бештару бештар яқин, ошкор ва рӯирост намудор мешавад.”

Новоазовск

Новоазовск

Қаблан сухангӯи низомиҳои Украина Андрий Лисенко эълон кард, ки ба шаҳри Новоазовск, бандаре дар соҳили баҳри Азов, ки дар ҳамагӣ 10-километрии марзи Русия ҷойгир шудааст, нирӯҳои изофӣ фиристодаанд. Шаҳрдори Новоазовск хабар дода буд, ки ба ин шаҳр таҳти ҳимояти даҳҳо зиреҳпӯш ҷангиёни тарафдори Русия ворид шудаанд.

Ин таҳаввулот ду рӯз баъд аз иддаои Киев дар бораи вуруди тонкҳову нирӯҳои Русия ба ҷанубшарқи Украина дар либоси ҷангиёни ҷудоиталаби рӯ ба Маскав аст. Андрий Лисенко гуфт, тӯпхонаҳои Русия ҳамчунин бо тӯпборони қаламрави Украина аз дохили Русия аз ҷангиёни ҷудоиталаб ҳимоят мекунанд. Ӯ ҳамчунин гуфт, “як баталйони тактикӣ”-и Русия дар рустои украинии Победа дар наздикии Новоазовск сангар гирифтааст.

Маскав гузоришҳо дар бораи ирсоли нирӯҳояш ба дохили Украинаро рад мекунад. Ба иддаои низомиҳои Русия, сарбозони нирӯҳои десантиаш, ки дар рӯзҳои охир дар қаламрави Украина асир уфтоданд, “нодониста” аз марз гузаштаанд.

Ин ҳама дар ҳолест, ки раисиҷумҳури Украина Петро Порошенко дар пайи нахустин музокироти мустақимаш бо раисиҷумҳури Русия Владимир Путин, ки рӯзи 26 август дар шаҳри Минск доир шуд, як роҳкори сулҳ барои ҳалли бӯҳрони шарқи Украинаро ваъда додааст. Путин ҳам гуфт, дар сурати оғози раванди сулҳ, тамоми кори мумкинро барои ҳимоят аз ин раванд хоҳад кард. Вале ӯ таъкид кард, ки қатъи даргириҳо масъалаест, ки ба худи Украина бастагӣ дорад, на ба Маскав, ки ба таъбири Путин, дар ин низоъ тараф нест.

Вазири хори.аи Русия Сергей Лавров рҳзи 27 август гуфт, Русия бо вуҷуди эҳтиром ба азми ҷудоиталабони шарқи Украина ба мустақилият хоҳони фурӯпошии Украина нест.

Дар ҳамин ҳол, Дмитрий Песков, сухангӯи Кремл гуфт, иддаоҳо дар бораи афзоиши фаъолиятҳои низомии Русия дар марз бо Украина “рабте бо воқеият надоранд.” Песков афзуд, Русия омода ҳаст, корвони дуюми кумакҳои башариаш ба шарқи Украинаро “алакай фардо” бифиристад. Корвони якуми ёриҳои Русия ҳафтаи гузашта бидуни иҷозати расмии Киев вориди қаламрави Украина шуда, боиси афзоиши танишҳо байни Ғарбу Маскав шуд.

Украина дар пайи барканории раисиҷумҳури рӯ ба Маскаваш Виктор Янукович дар моҳи феврал ба гирдоби ҷиддитарин бӯҳрони сиёсӣ дар тӯли 23 соли истиқлолаш фурӯ рафт. Дар моҳи март Русия бо истифода аз фурсат нирӯҳояшро ба вилояти аксаран русзабони Қрими Украина ворид кард ва бо баргузории як райъпурсӣ ин нимҷазираро ба қаламрави худ ҳамроҳ кард.

Вазъ дар ҷабҳаҳои Украина то 27 август

Вазъ дар ҷабҳаҳои Украина то 27 август

Ба дунболи Қрим, аз авоили моҳи апрел ҷудоиталабони тарафдори Русия дар ду вилояти низ умдатан русзабони Донетску Луҳанск дар шарқи Украина ошӯб бардоштанд ва бо таъсиси “Ҷумҳурии мардумии Донетск” ва “Ҷумҳурии мардумии Луҳанск” аз азми худ барои пайвастан ба Русия дарак доданд. Дар ин ду минтақаи саноатии Украина ҳудуди 7 миллион нафар, ё тақрибан 15 дарсади аҳолии ин кишвар ба сар мебарад. Тақрибан нисфи онҳо русзабонанд.

Нирӯҳои давлатии Украина аз миёнаҳои моҳи апрел алайҳи ҷудоиталабон дар ин ду вилоят амалиёти густардаи зиддитеррорро ба роҳ андохтааст. Ин амалиёт дар миёнаҳои тобистон ба пешрафтҳое ноил шуд, вале тақрибан як моҳ боз пешрафти нирӯҳои давлатӣ дар ин ҷабҳаҳо истт карда, дар бархе манотиқ ҷудоиталабон ҳатто ба ҳамлаҳои ҷавобӣ гузаштаанд. Киев мегӯяд, ки аз ҷониби ҷудоиталабон нирӯҳои эъзомии артиши Русия дастбакор шудаанд. Маскав ин иддаоро башиддат рад мекунад.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG