Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Муртазо --як кӯдакаи панҷсолаи афғон, ки аз як порчаи селофанӣ барои худаш либоси бозикуни дастаи "Барселона" ва мунтахаби Аргентина Лионел Мессиро сохт, бо нашр шудани аксҳояш дар шабакаҳои иҷтимоӣ, шӯҳрати ҷаҳонӣ пайдо кард.

Дар як акс, ки ахиран аз Муртазо Аҳмадӣ, як сокини панҷсолаи вулусволии Ҷоғурии вилояти Ғазнии Афғонистон нашр шуд, дар баробари як хонаи гилин дасти Муртазоро бародаронаш маҳкам гирифтаанд ва дар ҳоле, ки бародарони вай механданд, пушти ин писараки хурдсол ба тарафи тасвирбардор аст ва рӯи як порчаи селофанӣ навишта шудаааст, ки "Месси".

Ин акси Муртазоро акнун Лионел Месси ҳам дар сафҳаи Твиттери худ нашр кардааст. Вақте ба Муртазо гуфта шуд, ки акси ӯро шахси Месси бо дигарон дар интернет шарик сохтааст, ӯ ба Радиои Озодӣ гуфт, ки мухлиси Месси аст ва хоҳиш мекунад, ки ӯро пеши Месси баранд.

Ба назар мерасад, ки дар саросари дунё миллионҳо кӯдак мухлиси Лионел Месси мебошанд ва либос ва ё пероҳани ӯро пӯшида бошанд. Аммо Муртазои афғон касе аст, ки пероҳани Мессиро надорад то бипӯшад ва аз фақру нодорӣ бо пӯшидани порчаи селофанӣ, алоқамандишаро бо ин футболбози машҳури ҷаҳон иброз кардааст.

Дар ҳоле, ки даромади Леонил Месси дар соли 2014 65 миллион доллар будааст ва гаронарзиштарин футболбози ҷаҳон ба шумор меравад, аммо Муртазои панҷсола ҳатто тӯби футбол ҳам надорад, ки бозӣ кунад.

Лионел Месси - ҳамлагари дастаи "Барселона"-и Испания ва тими мунтахаби Аргентина мебошад ва панҷ бор беҳтарин футболбози ҷаҳон эътироф шудааст.

Лионел Мессӣ дар соли 2007 як муассисаи хайрия барои кӯдакон таъсис кард ва дар соли 2010 ба ҳайси сафири ЮНИСЕФ интихоб шуд. Ориф, падари Муртазо аз Лионел Месси -- ин бозикуни сарватманди ҷаҳон мехоҳад, ки дар вулусволии Ҷоғурии вилояти Ғазнӣ, як майдони футбол бисозад.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG