Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Коршинос: Маскав аз воҳимаи ДОИШ суистифода мекунад


Мақомоти ҳарбии Русия ба размоишҳои ахири ҷузвутомҳои худ дар размоишҳои Тоҷикистон баҳои баланд доданд ва раҳбари СПАД гуфт, ки ин нерӯҳо аз Тоҷикистону Қирғизистон дифоъ хоҳанд кард.

Баъд аз онки ки президенти Русия, Владимир Путин, дар моҳи декабри соли 2014 ҳушдор дод, ки гурӯҳи «Давлати исломӣ» мехоҳад, фаъолияти худро дар Осиёи Марказӣ густариш диҳад, зангӯлаи ин хатар дар ҳар маврид аз ҷониби сиёсатмадорони Русия ба садо меояд.

Моҳи апрел вазири умури хориҷии Русия, Сергей Лавров, гуфт, “Ба Тоҷикистон хатари афзояндае аз ҷануб таҳдид мекунад, зеро вазъ дар Афғонистон бадтар мешавад ва он ҷо ҷанговарони «Давлати исломӣ» ба мушоҳида расидаанд. Айни чунин огоҳӣ аз тарафи Дабири кулли Созмони Паймони Амнияти Дастаҷамъӣ (СПАД) Николай Бордюжа дар ним соли охир борҳо садо дод.

Эҳтимоли “ҳамла аз ҷануб”-ро дар чандин ҳамоиш сарони давлатҳо, вазирони дифоъ, раҳбарони ниҳодҳои амниятӣ ва умури дохилӣ баррасӣ мекунанд. Дар ин сарусадоҳо ҳатто касе таваҷҷӯҳ накард, ки “сухангӯи ғайрирасмии Кремл” Владимир Жириновский ҳам гуфт, «Давлати исломӣ» то Урал меояд ва Тошкандро пойтахти худ мекунад.

Ҳар дафъа чунин эъломияҳо қисмати дувум низ доранд, ки ин кӯмак дар таҳкими марзи байни Тоҷикистон ва Афғонистон аст. Аз давраи аввалин баёнияи Путин Русия ваъда кардааст, ки барои модернизатсияи нерӯҳои мусаллаҳи Тоҷикистон 1 миллиарду 200 миллион доллар медиҳад, вале дар Душанбе мегӯянд, ҳанӯз намедонанд, ин имдод аз чиҳо иборат хоҳад буд.

Бино бар гузориши Гурӯҳи Байнулмилалии Бӯҳроншиносӣ, аз 2000 то 4000 сокини Осиёи Марказӣ ба ҷангҳои Ироқ ва Сурия пайвастаанд, ки зиёда аз 400 тани онҳо аз Тоҷикистонанд. Аммо таҳлилгарони мустақил хабарҳои дар Афғонистон ҷойи пой пайдо кардани «Давлати исломи»-ро зери суол мебаранд. Ба ақидаи онҳо, эъломияҳои “байъат” бештар хосияти таблиғотӣ доранд, то эътибори «Давлати исломи»-ро боло бароанд.

Аммо ин Русияро аз талоши нишон додани нерӯи худ дар Тоҷикистон бознадоштааст.Дар моҳи май таҳти сарварии Маскав дар Тоҷикистон размоиши густардае бо ширкати 2500 сарбоз баргузор гашт, ки дар он вокуниш ба “ҳамлаи 700 ҷангҷӯ аз Афғонистон ба Тоҷикистон” тамрин шуд. Албатта, тамринҳо дар марз ба тақвияти зарфиятҳои ҳарбии Тоҷикистон ва кишварҳои СПАД кӯмак мекунад, аммо ин ба маънои сохтани дидбонгоҳҳо ва хатҳои дифоӣ ва додани техникаи пешрафтаи ҳарбӣ ва аслиҳа ба нерӯҳои тоҷик баробар нест. Зоҳиран, паёми Николай Бордюжа, ки нерӯҳои СПАД метавонанд дар се соат худро ба Тоҷикистон расонанд дар пасманзари ин машқи ногаҳонӣ ба он равона шудааст, ки Русия ва кишварҳои СПАД ширкати бевоситаи худро дар дифоъ аз марзи Тоҷикистон аз модернизатсияи нерӯҳои ин кишвар дида бартар медонанд.

Рейд Стендиш, таҳлилгари маҷаллаи Foreign Policy, менависад, барои Русия «Давлати исломӣ» ба навъе як имконият аст, то кишварҳои дигарро дар атрофи худ муттаҳид намояд. “Таҳдид воқеан вуҷуд дорад, аммо Русия талош дорад онро аз будаш зиёдтар нишон диҳад ва давлатҳои Осиёи Марказиро мутақоид созад, ки бо он ҳамкории наздиктар дошта бошанд,” – мегӯяд Ҷон Ҳербст, коршиноси Шӯрои Атлатникии Авруосиё ва сафири пешини ИМА дар Узбакистон.

Аммо мутахассиси терроризм ва тундгароии исломӣ Аҳмад Рашид бовар дорад, ки Тоҷикистон ҷабҳаи ояндаи «Давлати исломи»-ист ва худи ҳузури нерӯҳои Русия дар ин кишвар як ангезаи низои оянда буда метавонад. Вай бо такия ба манобеи худ дар ниҳодҳои интизомии Тоҷикистон мегӯяд, дар шимоли Афғонистон 5000 ҷангҷӯи марбут ба «Давлати исломӣ», Ҳаракати исломии Узбакистон, Ҷундуллоҳ, Ансоруллоҳ ва гурӯҳҳи дигар ҷамъ омадаанд ва ҳадафи онҳо ноором кардани Осиёи Марказӣ, таҳдид ба манофеи Русия ва Чин аст. Ҳамзамон худи Аҳмад Рашид менависад, нерӯҳои давлати Афғонистон тавонистанд, ҳамлаи густардаи ин гурӯҳҳолро дар Кундуз шикаст диҳанд ва онҳоро ақиб ронанд. Ва инро ҳам зикр мекунад, ки ин гурӯҳҳо аз охири солҳои 1990 дар Покистон паноҳ бурда, дар ҷангҳои Афғонистон ширкат доштанд.

Зоҳиран, воҳимаи «Давлати исломӣ» дар зуҳури ҳушдорҳои ахир нақши меҳварӣ дорад. Аммо Кристиан Блюэр, пажӯҳишгари Донишгоҳи Миллии Австралия, мегӯяд, таҳдиди онро дар Осиёи Марказӣ бештар Русия ба шиор табдил медиҳад. «Давлати исломӣ» дар Афғонистон ҳаст, аммо ҳастии он ба шиддат муболиға мешавад,” – мегӯяд Блюэр.

Бисёре аз коршиносон ва давлатмардони Русия, ҳатто раҳбарони Осиёи Марказиро таҷрибаи гузашта низ нороҳат мекунад. Аз ҷумла ҷанги шаҳрвандии солҳои 1992-97 дар Тоҷикистон, ки ҳарчанд бештар низои дохилӣ бо шиорҳои сиёсӣ буд, рабт додани бомбгузориҳои соли 1999 дар Тошканд ба Ҳаракати Исломии Узбакистон ва ҳамлаи аъзои ин гурӯҳ ба Қирғизистон намунаҳои тундгароии исломӣ шумурда мешаванд.

Моҷарои ахири ба гурӯҳи «Давлати исломӣ» пайвастани сардори ОМОН-и Тоҷикистон Гулмурод Ҳалимов, ки худ солҳо бо исломгароёни тоҷик меҷангид, ба ин ҳушдорҳо оҳанги қавитар медиҳад. Махсусан таҳдиди ӯ, ки гуфтааст, бо “ҷиҳод” ба Тоҷикистон хоҳад баргашт ва “заминҳои хилофат”-ро хоҳад гирифт.

Бо вуҷуди ҳамаи ин, ҳузури «Давлати исломӣ» дар Осиёи Марказӣ бисёр маҳдуд аст ва ба гуфтаи пажӯҳишгар Эдвард Лемон, “аз ҳар 20 000 мусулмони тоҷик танҳо 1 нафар дар Ироқ ё Сурия аст, ҳол он ки 1 тан аз ҳар 1500 мусулмони Белгия ба он ҷо рафтаанд ва меҷанганд.” Илова ба ин аксари зодагони Осиёи Марказӣ, ки ба гурӯҳи «Давлати исломӣ» пайвастаанд, гумон аст, ки ба минтақа баргарданд ё барои ҷанг ба шимоли Афғонистон раванд. “Билети онҳо яктарафа аст,” -- мегӯяд Лемон, -- “онҳо дар Сурия ва Ироқ даста-даста кушта мешаванд.”

Аммо Маскав ҳамоно дар пайи таҳкими ҳузури ҳарбии худ дар назди марзи Афғонистон аст ва ҳамсояҳои собиқи шӯравии худро ба худ “ҷафстар” мекунад. “Баҳона амнияти марз аст,” – мегӯяд Лемон,-- аммо асли гап сиёсати ҷуғрофиёист”.

Дар ин байн Аҳмад Рашид аз Ғарб интиқод мекунад, ки бояд ба хотири амнияти Осиёи Марказӣ ва то ба фарҷоми нек расондани кораш дар Афғонистон бо Русия ҳамкорӣ кунад. Дар акси ҳол зери шубҳаи ҳимоят аз «Давлати исломӣ» хоҳад монд.

XS
SM
MD
LG