Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Бордюжа: СПАД Тоҷикистонро аз ҳамлаи ҷангҷӯён дифоъ хоҳад кард


Дабири кулли Созмони Паймони Амнияти Дастаҷамъӣ (СПАД) Николай Бордюжа гуфт, нерӯҳои ин ниҳод омодаанд, Тоҷикистон ва Қирғизистонро аз ҳамлаи ҷанҷгҷӯён ва рахнаи марзи Афғонистон дифоъ кунанд.

Дабири кулли Созмони Паймони Амнияти Дастаҷамъӣ (СПАД) Николай Бордюжа гуфт, нерӯҳои ин ниҳод омодаанд, Тоҷикистон ва Қирғизистонро аз ҳамлаи ҷанҷгҷӯён бо рахна аз марзи Афғонистон дифоъ кунанд. Дар гуфтугӯ бо хабарнигорон рӯзи 10 июн Бордюжа изҳор дошт, ки омодагии нерӯҳои муштараки вокуниши фаврӣ дар сатҳи баланд аст ва "ба ҷуз аз омода будан мо интихоби дигаре надорем."

Дар паёми худ Дабири кулли СПАД ба размоишҳои ногаҳонии моҳи май дар қаламрави Тоҷикистон баҳои баланд дод ва гуфт, дар онҳо айнан ҳолати ҳуҷуми ногаҳонии ситезаҷӯён аз Афғонистон ба Тоҷикистон тамрин карда шуд. "Гап сари он аст, ки ин як таҳдиде ба ҳамаи мост," -- гуфт Бордюжа ва афзуд, дар як саф бо гурӯҳи "Давлати исломӣ" дастаҳои дигари мусаллаҳе мавҷуданд, ки дар ҳайати онҳо зодагони кишварҳои СПАД низ ҳастанд.

Николай Бордюжа гуфт, рахнаи ҷангҷӯён ба "минтақаи масъулияти СПАД метавонад ба нооромиҳо дар ҳамаи Осиёи Марказӣ ва Русия сабаб гардад ва дар ин робита ба пешгирӣ аз равандҳои манфӣ талош карда мешавад. "Мо аз Тоҷикистон ва Қирғизистон дифоъ мекунем, то ҷараён бештар паҳн нашавад," -- гуфт Бордюжа.

Ин бори аввал нест, ки ҳарбиёни баландпояи Русия аз зарурат ва омодагии ҳифзи Тоҷикистон ҳарф мезананд. Дар се моҳи охир панҷ ҷаласаи масъулони СПАД дар Тоҷикистон ва минтақа баргузор шуданд. Размоиши нерӯҳои вокуниши сареи Созмони Паймони Амнияти Дастаҷамъӣ рӯзи 19 май дар машқгоҳи “Ҳарбмайдон”-и ноҳияи Қубодиён, воқеъ дар ҷанубу ғарбии Тоҷикистон ҷараён гирифт. Дар он нерӯҳои вокуниши сареи Созмони Паймони Амнияти Дастаҷамъӣ бо ширкати беш аз 2500 низомӣ аз кишварҳои узви ин паймон ширкат карданд.

Худи Николай Бордюжа, дар ин муддат се дафъа ба Тоҷикистон сафар кард. Агар аз як сӯ ин сафарҳо ба раёсати даврии Тоҷикистон дар СПАД сар аз моҳи декабри соли гузашта, бастагӣ дошта бошад, аз сӯи дигар масъалаи таъмини амнияти Тоҷикистон дар пасманзари муташанниҷ шудани вазъ дар шиомли Афғонистон чунин талошҳоро мантиқӣ ба назар мерасанд.

Аммо Тоҷикистон, ки мегӯяд, тавони ҳифзи марз бо Афғонистонро дорад, аз СПАД ва Русия иҷрои ваъдаҳои кӯмаки фаннӣ ва молии таҳкими марзро интизор аст. То ҳоло дар ин бора хабар ё арқому адади мушаххасе расонаӣ нашудааст.

Тоҷикистон дар як саф бо Русия, Белорус, Қазоқистон, Қирғизистон ва Арманистон аз кишварҳои узви СПАД мебошанд, ки дар соли 1992 таъсис ёфтааст.

XS
SM
MD
LG