Пайвандҳои дастрасӣ

Телефони мобил дар Тоҷикистон ҷои телефонҳои оддиро батадриҷ мегирад ва рақобати шадид телефонро ба чизе бештар аз танҳо василаи гуфтугӯ табдил хоҳад дод.

Ба гуфтаи Сӯҳроб Ғоибов, раҳбари бахши ширкати «Тоҷиктелеком» дар Хуҷанд, «рақобати шадид ва солим» онҳоро водор мекунад дар ҷустуҷӯи пешниҳоди хадамоти наве ба сокинон тавассути телефонҳои хонагӣ бошанд ва истифодабарандагони худро аз даст надиҳанд.




Вай дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, намояндагии ширкаташ барномаеро рӯйи даст доранд, ки тавассути сими телефон барои сокинон дастрасиҳои наве, аз ҷумла ба тамошои намоишҳои телевизионҳои рақамӣ, ба истилоҳ, IP – телевизионро пешниҳод хоҳад кард. «Истифодабарандони мо тавассути сими телефон дар хонаҳои худ ба ду чор навъ алоқаи нав, ду видеоӣ ва ду садоӣ дастрасӣ пайдо хоҳанд кард. Мо барои ин кор хат, дастгоҳу лавозимоти муосир ва мутахасисонро дорем,» - афзуд вай.

Раҳбари бахши ширкати «Тоҷиктелеком» дар Хуҷанд ба далели ин ки хидматрасониҳои нави ширкаташ ҳанӯз ба шакли лоиҳавию сирри корӣ аст, аз бозгӯи ҷузъиёти онҳо худдорӣ кард. Аммо ба таъкиди вай, ин хидматҳои нави телефонии арзон, масалан аз телевизиони кабелӣ ба хотири афзудани сафи истифодабарандагони телефонҳои оддии ба истилоҳ «хонагӣ» дар шароити сахттар шудани рақобат дар бозори расонидани хадамоти алоқа рӯи даст гирифта шудаст.

Биноба омори расмӣ, дар асри 21 сокинони Тоҷикистон ба ҳайси василаи гуфтугӯ умдатан аз телефони ҳамроҳ истифода мекунанд ва танҳо дар вилояти Суғд ширкатҳои мобилӣ ҳудуди 2 миллион муштарӣ доранд. Ҳамчунин дар ин минтақа шумораи истифодабарандагони интернет ба 1 миллион расидааст. Сокинон тавассути шабакаи ҷаҳонӣ бо пайвандону дӯстони дури худ низ садоиву видеоӣ тамос мегиранд.


Ин дар ҳолест ки дар остонаи ҳазораи 3 дар вилояти Суғд танҳо 4500 кас телефони ҳамроҳ доштанд ва он вақт мобил барои соҳибонаш мояи ифтихор ва ҳатто як аломати давлатмандӣ ҳисоб меёфт. Аммо дар тӯли 12 сол ба мобил ҳама дастрасӣ пайдо карданд ва он ба як василаи оддии робита табдил ёфт.

Ба гуфтаи сокинони оддӣ, як сабаби бештар рӯ овардани онҳо ба телефони ҳамроҳ арзонии он назар ба телефонии хонагӣ аст. «Мо ҳама аъзои оилаамон, 4 нафар аз як тарофаи як ширкати мобилӣ истифода мебарем ва гуфтугӯямон бо ҳам бепул меафтад. Ба ин роҳ буҳаи оилавиамонро каме бошад ҳам, сарфа мекунем,» - гуфт як хонуми хуҷандӣ, ки худро Ҷамила муаррифӣ кард.

Аммо Тошмамад Ашӯров, сармутахассиси шуъбаи нақлиёт ва коммуникатсияи ҳукумати Суғд мегӯяд, ин ба маъное нест, ки пешрафтҳои бесобиқаи фанновариҳои муосир телефони хонагиро ба як чизи нодаркор табдил медиҳанд. Вай дар сӯҳбат бо Озодӣ гуфт, дар соли 2000 шумораи соҳибони рақами телефони симӣ дар вилояти Суғд беш аз 58 ҳазор буд, ҳоло ба ҳудуди 80 ҳазор расидааст. Ба гуфтаи оқои Ашӯров, гузаштан ба тарзи алоқаи рақамӣ сифати хидматрасонӣ беҳтар ва зарфияти онро зиёд кардааст.

Сӯҳроб Ғоибов, раҳбари бахши ширкати «Тоҷиктелеком» дар Хуҷанд мегӯяд, агарчи дар рӯзҳои мо телефонии хонагиро бештар афроди нафақахӯр ва хонашин кор мебаранд ва ширкаташ аз гуфтугӯи сокинон маблағи назар солҳои пешин камтар ҷамъ меорад, аммо афзудани шумораи воридшавандагон ба Интернет тавассути хати телефон рӯ ба афзоиш дорад ва камбуди воридшавии маблағ аз гуфтугуҳоро ба навъе ҷуброн мекунад.

Ба диди бархе коршиносон ва сокинони оддӣ, алоқаи телефонӣ дар Тоҷикистон аз камшумор бахшҳоест, ки дар тӯли беш аз 10 соли охир ба пешрафтҳои чашмрасе даст ёфтааст. Имрӯз аз дурдасттарин деҳаҳои Тоҷикистон метавон ба осонӣ ва бо нархи дастрас бо Маскаву Вашингтон ва дигар гӯшаву канорҳои ҷаҳон тамос гирифт. Чизе ки як ё ду даҳа пеш тасаввурнопазир буд.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG