Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Дирам-дирам ҷамъ шавад... Ба пули миллӣ гузаштани ширкатҳои мобил


Tatarstan -- Mobile phones, generic photo, Kazan, 27Jan2011

Tatarstan -- Mobile phones, generic photo, Kazan, 27Jan2011

Ширкатҳои мухобиротии Тоҷикистон мегӯянд, бо пули миллӣ анҷом додани амалиёти молӣ ба қимати хадамоти телефонӣ дар кишвар таъсир нахоҳад кард.

Аммо нархномаҳои наве, ки дар сомонаҳои ширкатҳо оварда шудааст, аз болоравии андаки нархҳо дарак медиҳанд. Ҳамчунин интизор меравад, бархе аз анвоъи хадамоти ин ширкатҳо муваққатан қатъ гардад.

Шаҳнози Комилзода, сухангӯи ширкати “Мегафон-Тоҷикистон” мегӯяд, шеваи нави ҳисобу китоб дар маҷмӯъ нархномаҳои ин ширкатро тағйир надодааст, ба истиснои чанд дирам, ки он ҳам ба хотири давра кардани рақамҳост. Вай афзуд, «масалан агар арзиши як хидматрасонӣ 15 сомониву 45 дирам бошад, мо онро расо 16 сомонӣ намудем. Аммо ин чандон назрарас нест ва наметавонад боиси ташвиши муштариён бошад. Ва тайи ду рӯзи дигар ба тамоми кормандони ширкат, ки бо муҳосибот сару кор доранд, рӯзи корӣ эълон шудааст ва хидматрасонии ҳудуди 2 миллион муштарии моро пурра ба сомонӣ табдил медиҳанд. Бино бар ин, аз соати 24-00 и шаби 31-ум то соати 10-00 -и 1-уми июн ширкати мо ба хотири гузаштан аз як низом ба низоми дигар корашро қатъ мекунад. Баъд аз ин, фикр мекунам, муштариёни мо зимни истифода аз хадамот ягон тағйирот ва мушкилотро ҳис нахоҳанд кард.»


Шаҳноз Комилзода

Шаҳноз Комилзода

Ширкатҳои мобилӣ дар ҳоле эҳтимоли афзоиши харҷи муштариёнро рад мекунанд, ки таруфаҳо то 10 ё 15 дарсад афзоиши нархҳоро нишон медиҳад .Масалан, дар нархномаҳои баъзе ин ширкатҳо агар қаблан нархи гуфтугӯ дар дохили шабака як сент буд, ҳоло он аз 6 то 8 дирам шумурда мешавад. Ҳоло он ки 1 доллар тибқи қурби муайянкардаи Бонки Миллӣ 4 сомониву 76 дирам аст ва 1 сент ҳамагӣ бояд зери 5 дирам бошад.

Гузашта аз ин, Табаралӣ Ғаниев, иқтисодшиноси тоҷик мегӯяд, ширкатҳои мобилӣ нархномаҳоро тарзе таъйин мекунанд, ки зарбааш ба ҷайби муштарӣ мерасад. Вай мегӯяд, «агар ин ширкатҳо дар асоси ҳисоби худ долларро дошта бошанд ва бо эквиваленти бонкӣ сомонӣ бигиранд, хоҳу нохоҳ фарқи байни пастшавӣ ва болоравии нарх гирифта мешавад. Яъне дар ин ҷо боз ҳам истеъмолкунанда зарар мебинад.»


Гузариш ба низоми нав беш аз ҳама муштариёни ширкатҳои мобилиро нигарон кардааст. Онҳо бар ин боваранд, ки чунин иқдом ҳатман нархи хадамоти телефониро боло бурда, бебандубориҳоро дар фаъолияти ин ширкатҳо афзоиш хоҳад дод. Муслиҳиддин, як мусоҳиби мо дар ин замина мегӯяд, «ман муштарии ширкати Tcell-ам ва ин чанд вақти ахир аз хидматрасонии бади ин ширкат натанҳо ман, балки нафарони зиёд шикоят мекунанд. Ё алоқааш хуб нест, ё маблағ сари вақт намегузарад. Хулоса аз он метарсам, ки бо баҳонаи гузариш ба низоми нав мушкилоти фанни ин ширкат боз ҳам бештар нашавад ва дарди сари мо аз он зиёдтар нагардад.»

Дар ҳамин ҳол, Холиқназар Ҷумъаев, сухангӯи ширкати “Вавилон мобайл” нигарониҳои шаҳрвандонро ҷиҳати баланд шудани қимати хадамоти телефонӣ беасос медонад. Ӯ мегӯяд, ин иқдом баръакс ба муштариён сабукӣ хоҳад овард,зеро ҳамакнун ҳисоб ва назорати харҷи телефон барояшон осонтар мешавад. Ҷаноби Ҷумъаев гуфт, «овозаҳо дар бораи он, ки нархҳо тағйир меёбанд ва болову пойин мераванд ягон асос надоранд, зеро қурбм асъор аз рӯи қурби расмии Бонки Миллӣ ҳисоб карда мешавад.»

Вале Холиқназар Ҷумаъев низ имконияти мувақаттан маҳдуд шудани баъзе аз хадамоти ин ширкатро зимни гузариш ба низоми нав баъид намедонад ва аз ин хотир, ин ширкат ду рӯз пеш муштариёнро тариқи паёмак аз эҳтимоли пеш омадани мушкилоти фаннӣ огаҳ кардааст.

Абдуғаффор Қурбонов, сухангӯи Бонки миллии Тоҷикистон дар сӯҳбат бо радиои Озодӣ гуфт,шурӯъ аз 1 июни соли ҷорӣ, ширкатҳои мобилӣ пардохтҳои худ, яъне нархномаҳо ва тарофаҳоро бо пули «сомонӣ» анҷом хоҳанд дод.
Ҷаноби Қурбонов мегӯяд, ҳанӯз аз соли 2000-ум бояд тамоми доду гирифт ва хариду фурӯш дар қаламрави кишвар бо асъори миллӣ анҷом мешуд.Чун дар як муддат ин қарори ҳукумати кишвар ба таври зарурӣ амалӣ намегардид, Бонки Миллӣ маҷбур шуд, ки бо ширкатҳои мобилӣ дар ин самт кор барад. Ҷаноби Қурбонов дар идомаи сӯҳбат гуфт, «ҳамкории мо дар ин ҳама муддат бо ин ширкатҳо идома дошт ва мо тавонистем ба ин натиҷаи дилхоҳ расем.Ва акнун барои ин ширкатҳо дар қаламрави кишвар нишон додани нархномаҳо, тарифҳо ва воҳидҳо бо асъори хориҷӣ қатъин манъ аст. Барои муштариён бо пулли миллӣ ифода ёфтани тарифҳо таъсири тағйирёбии қурби асъорро аз байн бурда,ба соддатар шудани муҳосиботи ширкатҳо мусоидат менамояд.»

Бино ба ҳисобҳо, дар Тоҷикистон 10 миллион корбари телефони ҳамроҳ аз хадамоти панҷ ширкати мобилӣ истифода мекунад. Ҳаҷми муомилоти ин ширкатҳо солона то ним миллиард доллар баровард мешавад.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG